{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Таърихчаи Кувид-19 дар Бемористони Ибни Сино қисмати дуввум

Қисми дуввум

Бани одам аъзои якдигаранд...

Расми ҷавонмардӣ тақозо мекунад, ки ин сафҳа дар ин таърихча навишта бишавад.

Дар рӯзҳои аввали вуруди вируси куруно ба кишвар камбуди шадиди дору пеш омад. Одамон аз сомонаҳои интернетӣ, ё аз пизишкони шиносашон номгӯи доруҳои барои дармони Кувид-19 лозимаро дарёфта ба доруфурӯшиҳо рехтанд ва тамоми он доруҳоро рӯфтанд. Аз дорухонаи Бемористони Ибни Сино низ теъдоди зиёди ин доруҳоро дархост мекарданд, касоне ҳам буданд, ки мехостанд ҳарчи ҳаст, ҳамаро бихаранд. Аз сабаби он ки мо интизор доштем, моҳҳо ба дармони ин маризӣ банд бошем ва ҳамчунин ба кормандони Бемористони Ибни Сино дар ҳоли мубтало шудан, дармони ройгон ваъда карда будем ва хавфи он вуҷуд дошт, ки доруҳои лозима тамом шаванд, мо маҷбур шудем дар фурӯши доруҳои мазкур маҳдудият ҷорӣ кунем. Вале ҳатто бо вуҷуди маҳдудият, анбори дору зуд холӣ мешуд.

Бемористони Ибни Сино асосан доруро аз Эрон ворид мекунад, вале он кишвар аз сабаби бедоди маризии Кувид-19 содироти доруро манъ карда буд. Ман тибқи мақоли "аз карнайчӣ як пуф" ба сафири Эрон нома навишта дархост кардам, ки дар хариди дору аз он кишвар ба мо мусоидат намояд. Вақте нома ирсол шуд, намояндаи сафорат дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки аз сабаби камбуди дору дар худи он кишвар дар ҳалли қазия хушбин нест, вале ҳатман номаи моро бо рӯйнавис ба Вазорати беҳдошташон мефиристанд. Ман бо пешбинии ӯ мувофиқ будам ва умеди зиёд надоштам, зеро медонистам, ки фурӯши доруҳои дархостии мо дар худи он кишвар мамнӯъ шуда ва танҳо бо таъйиди бемории Кувид ба одамон дода мешуд. Ғайр аз ин аз бозе ки Амрико аз муоҳидаи Барҷом хориҷ шуда, таҳримҳои нав бар Эрон бор карда буд, давлати он кишвар содироти доруро шадидан манъ карда буд ва қаблан ҳам мо ба душворӣ иҷозаи хариди дору дарёфт мекардем.

Вале баъд аз ду - се рӯз вақте ҷавоби Вазорати беҳдошти Эронро шунидам, тааҷҷубамро ҳадду канор намонд! Вазорат дастур дода буд, ки ба Бемористони Ибни Синои Тоҷикистон ҳар қадар ки мехоҳад доруҳои мавриди ниёзро бидиҳанд!

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Дар ин фурсат месазад аз Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва масъулини Вазорати беҳдошти он кишвар барои дастгирияшон сипосгузорӣ намоям!

Чизи ҷолиби дигар ин буд, ки доктор Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор - устоди Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадон, раиси анҷумани эндоурологҳои Эрон, ки аз ҷараёни мукотибот бохабар буд, бо вуҷуди серкорӣ, изҳори омодагӣ карда буд, ки шахсан ба Теҳрон ояд ва хариду ирсоли доруро анҷом диҳад. Доктор Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор дар тӯли фаъолияти Бемористони Ибни Сино хидмати шоёне барои мардуми Тоҷикистон кардааст. Ғайр аз он ки беморони зиёде аз дастони шифобахши ӯ табобат ёфтаанд, ҳамчунин аз Вазорати беҳдошти Эрон имтиёзи қобили таваҷҷӯҳе барои табибони тоҷик ситондааст. Дар асоси саъйу пойфишориҳояш Вазорати беҳдошти он кишвар барномаҳои ройгони давраӣ барои довталабони тоҷикистонӣ пешбинӣ кардааст, ки табибони зиёд ба даврабинӣ ва баланд бурдани сатҳи дониши худ фаро гирифта шуданд.

Дар ин ҷо бояд номи доктор Алӣ Саломат зикр гардад, ки бо маблағгузории сангин чунин имконияти бесобиқаро барои ташхису дармони замонавӣ дар кишвари мо фароҳам кардааст. Доктор Саломат аз рӯзҳои аввали вогирӣ дар кишвар доим саъй мекард, ки саҳмашро барои дармони маризии Кувид ироа намояд. Мутахассиси варзидаи сироятшинос - доктор Вусуқиро барои омадан ба Тоҷикистон омода карда буд, ки дар асари баста будани марз оварда натавонистем, вале худи ҳамин нияти нек бозгӯи муҳаббати ин марди дарёдил ба мардуми шарифи Тоҷикистон аст!

Аз рӯзҳои аввали саршавии вогирии вируси куруно дар Тоҷикистон

докторон Сомӣ Алдубунӣ ва Аббос Таваккулиён низ пайваста бо мутахассисони бемористон дар тамос буданд ва саъй мекарданд ҳар ёрие ки аз дасташон ояд бикунанд. Доктор Сомӣ ва доктор Таваккулиён ғайр аз машваратҳои онлайнӣ, ҳаррӯза иттилоъи илми дастрас дар бораи Кувид-19-ро дар дастраси мутахассисони бемористон қарор медоданд.

Доктор Ораш Алоӣ, ки саодати ошноӣ бо эшонро надорам, пайваста бо мутахассисини ҳамаи бемористонҳои кишвар дар алоқа буд ва ба онҳо бо назардошти иттилоъи навини ҳамарӯза машварату ёрӣ мерасонд.

Ростӣ дар он лаҳзаҳои ҳассос чунин эҳсос мекардам, ки ин дӯстон ғами моро ғами худашон ҳисобида, ҳамчун ба шаҳрвандони кишвари худашон дилсӯзона муносибат мекарданд.

Ман ба сафорати Эрон нома навишта миннатдории худро арз кардам. Бо дӯстон низ дар сӯҳбатҳои телефонӣ аз иштирок ва дилсӯзияшон сипосгузорӣ баён намудам. Бо ин ёддошт хостам, ки шаҳрвандони кишвари азизи Тоҷикистонро низ аз амали ҷавонмардонаи ин дӯстон мутталеъ созам.

Бо истифода аз фурсат бори дигар миннатдории худам ва кормандони Бемористони Ибни Синоро ба ин устодон ва дӯстон баён менамоям! Ман дасти якояки ин дӯстонро маҷозан мефишорам ва дар назди ин амали ҷавонмардонаашон, ки фишурдаи "пиндор, гуфтор ва рафтори нек" аст сари таъзим фуруд меорам!

Бо эҳтиром Абдухалил Холиқзода

Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино

Идома дорад

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст