{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Таърихчаи Кувид-19 дар Бемористони Ибни Сино  қисмати панҷум

Ҳаводиси ғариб

Хотира Фарзӣ

Дар рӯзҳои аввали моҳи май, дар паи бӯҳрони Кувид-19 аз мақомоти қудратӣ паиҳам ба бемористон номаҳои дархостӣ ворид шуд, ки дар бораи шаҳрванди Эрон - хонум Хотира Фарзӣ маълумот бидиҳем. Ин хонум тобистони соли 2018 бо роҳхати Донишгоҳи омӯзгорӣ дар бемористон муддате таҷрибаомӯзӣ карда буд. Риштаи таҳсилаш равоншиносӣ буд.

Вақте мақомоти шаҳриву ҷумҳуриявии додситонӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва кумитаи амният паси ҳам дар бораи ӯ иттилоъ хостанд, барои ман ҷолиб шуд, ки бо ӯ чи иттифоқе уфтода ва чаро аз бемористоне ки ӯ ду сол пеш ҳамагӣ моҳе давраи таҷрибаомӯзӣ гузаштааст, иттилоъ мехоҳанд?

Рақами телефони ӯро пайдо кардам ва занг задам. Ӯ дар бемористони сироятӣ дар Зарафшон бистарӣ буд. Мегуфт ба маризии Кувид-19 гирифтор шудааст ва онҷо табобат мегирад. Маризиро аз наздикони он додситон, ки фавти аввалини расмии ин беморӣ дар пойтахт буд, гирифтааст, зеро бо онҳо робита ва равуо доштааст. Вале мақомот ӯро сарчашмаи вуруди вирус ба кишвар тахмин мекардаанд, чи он замон вирус дар Эрон бедод мекард ва мақомот дар рӯзҳои аввали бӯҳрон мехостанд маризи «сифр»-ро пайдо кунанд. Хонум Фарзӣ мегуфт, ки аз августи соли 2019 аз Тоҷикистон берун сафар накардааст ва мӯҳрҳои марзбонии гузарномааш шоҳиди ин иддаъояш ҳастанд. Мисли ин ки дуруст мегуфт, вагарна сарчашмаи вирус ва фиристодаи «кишвари мусулмонии ба тоҷикон маълум» таъйин шуданаш яқин буд.

Ман аз ӯ пурсидам, ки чаро дар бораи ӯ ҳама аз бемористон маълумот мехоҳанд, накунад худашро корманди мо муаррифӣ карда бошад? Ӯ бо қасам рад мекард, вале қавлаш қобили эътимод набуд, зеро дар сафҳаи фейсбукияш худро корманди мо навишта буд.

Чун хонуми ғарибе буд ва дар ҳоли маризӣ, сахт нагирифтам, танҳо тавсия додам, ки он навиштаро аз сафҳааш ҳазф кунад.

Барояш шифои комил хостам.

Ҷӯрабек Назрӣ

Рӯзе аз рӯзҳои аввали бӯҳрони куруно аз сафорати Эрон занг зада хоҳиш карданд, ки устод Ҷӯрабек Назриро аз бемористони Истиқлол ба Бемористони Ибни Сино интиқол диҳем. Ман аз масъули бистарии беморони куруно др. Малика Юсуфова хоҳиш кардам, ки бо он бемористон тамос гиранд ва имкони интиқолро баррасӣ намоянд. Пас аз чанде доктор гузориш доданд, ки мариз вазнин аст, ғайр аз сатҳи пасти оксижени хун, ихтилоли мағзӣ ва узвҳои дигар низ пайдо кардааст ва интиқол тавсия намешавад. Бемористони Истиқлол бахши эҳё ва мутахассисони лозимаро дорад ва бояд мариз дар он бемористон ба бахши эҳё гузаронда шавад. Аз сабаби он ки дар он марҳала пизишки асаби бемористони мо дар рухсатӣ буд, ман бо тавсияи ӯ мувофиқат кардам.

Дар рӯзҳои баъдӣ чандин нафари дигар занг зада васотат мекарданд, ки маризро бипазирем. Ман ба онҳо ҳамон тавсияро арз мекардам.

Рӯзе Шаҳриёр - писари мариз занг зад. Ӯ худро муаррифӣ кард ва низ хоҳиш кард, ки падарашро ба бемористони Ибни Сино интиқол диҳем. Ман пурсидам, ки мариз дар чи ҳол аст ва оё аз бахши эҳё баромадааст?

Ӯ гуфт, падараш дар бахши эҳё нест ва ҳамроҳи ӯ дар утоқи бистарии бахши маъмулист.

Аҷабам омад ва пурсидам, ки оё имкон дорад бо пизишк сӯҳбат кунам? Ӯ гӯширо ба пизишк дод. Ман худамро муаррифӣ кардам ва вазъи маризро пурсидам. Пизишк гуфт, шаби гузашта сатҳи оксижени бемор то 38 дарсад поён омада буд, ва ҳоло дар ҳадди 70-80 дарсад номуназзам аст.

-Пас чаро мариз дар бахши бистарист? Чаро ба бахши эҳё мунтақил намекунед? -бо таҳайюр пурсидам ман.

-Ӯ намехоҳад ва ба ҳарфи мо гӯш намедиҳад- ҷавоб дод пизишк.

Барои он ки ба хатогӣ роҳ дода нашавад ва дар ҳини интиқол иттифоқи ногуворе науфтад, бори дигар аз др Малика хоҳиш кардам, ки бо он пизишк сӯҳбат карда вазъро рӯшан кунанд. Пас аз сӯҳбат иттилоъ доданд, ки ғайр аз норасоии шушӣ дар мариз норасоии гурда ва мағзӣ низ шиддат пайдо кардааст, зеро аломатҳо ва натиҷаи озмоишҳояш хуб нестанд. Дар бахши умумӣ мондани бемор хатарнок аст, тавсия мешавад, ки мариз ҳарчи зудтар ба наздиктарин бахши эҳё мунтақил шавад.

Ман бозпас ба писари мариз сӯҳбат карда хоҳиш кардам, ки бо пизишкон ҳамкорӣ кунанд ва бечунучаро беморро ба бахши эҳёи ҳамон бемористон, ки дар табақаи дигар ҷойгир будааст, интиқол диҳанд. Арз кардам, ки агар дору, васила, таҷҳизот ё ҳар машварате лозим аст, бо ман тамос бигирад.

Пас аз ду рӯз хабари фавти он мариз расид. Худо аз арши барин ҷойгоҳаш диҳод!

Идома дорад...

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст