{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Тактикаи табобат ва арзёбии ҳолати занони ҳомила бо патологияи ғадуди сипаршакл

Ғадуди сипаршакл яке аз узвҳои муҳимтарини инсон ба ҳисоб меравад ва маҳз аз вазъи функсионалии он имкони бордоршавӣ, раванди ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдаки солим вобастагии муҳим дорад. Ҳормонҳои ғадуди сипаршакл барои ташаккули мағзи сар ва дили кӯдак заруранд. Барои синтези ин ҳормонҳо микроэлементи йод зарур аст ва норасогии он боиси инкишофи ҳолатҳои камбуди йод дар ҳама синну сол - дар ҷанин, кӯдакон ва калонсолон мегардад.

Барои занони ҳомила ва занони ширдеҳ, вояи шабонарӯзии йод аз 250 мкг, ки барои одамони маъмулӣ пешбинӣ шудааст, бояд зиёд бошад.  Аз ин рў  ин тоифа дар сурати пеш омадани  камбуди йод бештар зарар мебинанд. Камбуди йод дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳсос мешавад, аз ин хотир он минтақаҳое ки возеҳтар камбуди йод доранд, бештар мавриди баҳс бояд қарор гиранд. Норасоии табии йод ва баъзе микроэлементҳои дигар (селен, руҳ ва ғайра), витаминҳо (гурӯҳҳои В, D), бад будани вазъи экологӣ, сарукор бо маводoҳои шимиёвӣ ба пайдоиши патологияи ғадуди сипаршакл ва дигар ихтилолҳое, ки ба ҳомилагии муқаррарӣ ва таваллуди насли солим халал мерасонанд, мусоидат мекунанд.

Пайдоиши ғадуди сипаршакл аз ҳафтаи чорум ва панҷуми  инкишофи дохилибатнии ҷанин  шурӯъ шуда дар ҳафтаи 16 - ум пурра ташаккул меёбад ва  ба фаъолият шурӯъ менамояд. Аз ин рӯ ҷанин моҳҳои аввали ҳомилагӣ танҳо аз ҳисоби ҳормонҳои ғадуди сипаршакли модараш фаъолият мекунад. Ин ҳолат то чи андоза муҳим будани вазъи ғадуди сипаршакли модарро дар ташаккули кӯдак муайян месозад. Донистани тағйироти амиқи физиологии ҳормонҳои ғадуди сипаршакл дар давоми ҳомилагӣ бениҳоят муҳим аст.

Дар давраи ҳомилагӣ фаъолияти мӯътадили ғадуди сипаршакл ба тағйироти ҷиддӣ дучор мегардад - консентратсияи глобулини ба тироксин пайваст 2 - 3 маротиба зиёд мешавад, ки боиси аз 30 то 100 дар сад  зиёд шудани T4 ва T3 (ҳормонҳои асосии ғадуди сипаршакл дар хун) мегардад. Консентратсияи ҳормони тиреотропӣ (ТТГ) дар хуноба низ аз сабаби консентратсияи хеле баланди ХГЧ (ҳормоне, ки аз пласента ҷудо мешавад) коҳиш меёбад. Дар сурати доштани маълумоти сатҳӣ, роҷеъ ба ин тағйироти физиологии ҳормонҳои сипаршакл, метавон тахмин кард, ки ҳамаи занони ҳомила мубталои гипертиреоз (афзоиши фаъолияти ғадуди сипаршакл) шудаанд ва бояд бо доруҳои зиддитиреоид табобат гиранд. Ин ақида хатои даҳшатноки тиббӣ мебошад, ки метавонад ҳам ба модар ва ҳам ба кӯдак зарар расонад.

Аз ин рӯ ҳар як натиҷаи ғайримуқаррари ҳормонҳои ғадуди сипаршакл бояд аз ҷониби гинекологи ботаҷриба ва эндокринологи коршинос тафсир карда шавад.

Тактикаи табобат ва арзёбии ҳолати занони ҳомила бо патологияи ғадуди сипаршакл.

  Коҳиши фаъолияти ғадуди сипаршакли модар метавонад барои ҷанин оқибатҳои бебозгашт дошта бошад. Гипотиреоз (коҳиши фаъолияти ғадуди сипаршакл) дар давраи ҳомиладорӣ метавонад ба исқоти ҳамли ғайримунтазира, нобудшавии ҷанин, таваллуди кӯдаки дорои нуқсонҳо, ақибмонии равонӣ, ихтилоли психомоторӣ оварда расонад.

Бино бар иттилооти ҷойдошта кӯдакони аз модарони гирифтори гипотериоз, дар давраи ҳомилагӣ таваллуд,  шуда  дорои IQ – и паст ва ихтилоли инкишофи равонию ҳаракатӣ мебошанд. Агар мавҷудияти гипотериоз модар дар аввали ҳомилагӣ муайян ва табобат карда шавад, таъсири зараровари он ба ҷанин аз байн меравад.

Занҳое, ки  пеш аз бордоршавӣ ҳормонҳои ғадуди сипаршаклро қабул мекарданд, бояд дар давоми ҳомилагӣ фуксияи ғадуди сипаршаклро мунтазам бисанҷанд, зеро эҳтимол дорад, ки ниёз ба баланд кардани вояи он ҳормонҳо пеш ояд. Мониторинги гипотиреози муқарраршуда, вобаста аз нишонаҳои клиникӣ, бояд на бештар аз як маротиба дар 2 ҳафта ва на камтар аз 1 маротиба дар 1-2 моҳ, ва аз ҳама хуб - ҳар моҳ тӯли давраи ҳомилагӣ ва моҳҳои аввали баъди валодат гузаронида шавад.

Танзими вояи L-тироксин дар занони ҳомила ҳар 2 ҳафта ё ҳар моҳ мувофиқи сатҳи ҳормони тиреотропӣ анҷом дода мешавад. Муоинаи тиббӣ дар сурати танзим шудани сатҳи ҳормони тиреотропӣ метавонад камтар сурат гирад.

 Гипертиреоз (афзоиши фаъолияти ғадуди сипаршакл) мисли гипотиреоз  густариш наёфтааст, аммо он низ метавонад ба оқибатҳои зиёде орад. Афзоиши беназорати фаъолияти ғадуди сипаршакл метавонад боиси таваллуди бармаҳал (то 37 ҳафтаи ҳомилагӣ) ва вазни ками навзод гардад. Баъзе тадқиқотҳо нишон доданд, ки гирифторӣ ба преэклампсия, фишорбаландии ҳомилагӣ дар занони гирифтори гипертиреоз зиёд ба чашм мерасанд.

 Барои беморони гирифтори тиреоидити музмини лимфоситарӣ (CLT), ки онро тиреоидити Ҳашимото низ меноманд, баъзе далелҳои зиёд шудани хатари сиқти ҷанин мавҷуданд. Тиреодити Ҳашимото як ҳолатест, ки дар он системи масуният ба ғадуди сипаршакл ҳамла намуда ба ихтилол ва коҳиши функсияи ғадуд меоварад.

Баъзе тадқиқотҳо мизони бештари фавти навзод ва ситқро дар занони ҳомилаи гирифтори бемории Ҳашимото ошкор карданд.

Дар паҳлӯи мавзӯи муҳими дар боло зикршуда аҳамияти муоинаи мутахассис, банақшагирии ҳомилагӣ, аз ҷумла арзёбии ҳолати ҳормонҳои ғадуди сипаршакл пеш аз ҳомилагӣ бояд қайд гардад. Барои  ҳар як зан, новобаста аз он ки ӯ фарзанддор шуданӣ ҳаст ё не, ҳомила аст ё не, ташхиси бемории ҷоғар дорад ё надорад,    нақшаи бордоркунии экстракорпоралӣ дорад, бачапартоӣ дорад ё не, сатҳи ҳормонҳои ғадуди сипаршакл ва ҳормони тиреотропӣ ҳатман бояд санҷида шавад.

Саривақт ошкор намудани вайроншавии ҳолати функсионалии ғадуди сипаршакл дар занони ҳомила эҳтимоли пеш омадани мушкилоти мухталифро барои  модар ва навзод бартараф мекунад. Ва баръакс, арзёбии дурусти тағйироти физиологӣ (яъне оне, ки ниёз ба табобат надорад) дар ғадуди сипаршакл дар давоми ҳомилагӣ ба дахолати беасос оварда намерасонад ва ҳолати равонии бароҳати модари ояндаро нигоҳ медорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст