{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Табобати санги талха

Ҷарроҳии умумӣ - бахше аз тиб мебошад, ки бештар бо узвҳои дохилӣ (меъда, рӯдаи борик, рӯдаи ғафс, ҷигар, ғадуди зеъри меъда, талхадон ва ғадуди сипаршакл) сару кор дорад.

Ҷарроҳии умумӣ инчунин бемориҳои пӯст, сина, варами бофтҳои мулоим, ки ниёз ба ҷарроҳӣ доранд, табобат мекунад.

Амали ҷарроҳӣ се давраи асосиро дар бар мегирад:

- дастрасӣ ба узви дардманд бо роҳи бурриш;

- ҷарроҳии узв;

 - барқарор намудани бофтҳои буридашуда.

Имрӯзҳо яке аз бемории узвҳои ҳозима, ки бо роҳи ҷарроҳии умумӣ дармон мешавад, бемории холелитиаз ё санги талхадон мебошад. Сабаби пайдо шудани санг дар талхадон дар бештари маворид фарбеҳии зиёд, бемории ҷигар, халалдор гардидани мубодилаи чарбӣ ва ҳормонҳо, бемориҳои талхадон, ҷигар ва ғайра ба шумор мераванд. Дар тибби имрӯза усулҳои аввалияи табобати ин беморӣ парҳез ва истеъмоли доруҳо дониста шудааст. Дар мавриди бенатиҷа будани табобати аввалия зарурати бо роҳи ҷарроҳӣ табобат кардани он пеш меояд.

Ҷарроҳии санги талхадон бо ду роҳ анҷом мешавад: яке ба таври боз ва дигаре бо равиши лапороскопӣ. Дар шароити имрӯз усули аз ҳама паҳнгардида бо роҳи лапароскопӣ буридани талхадон аст, ки дар илми тиб онро "холесистэктомияи лапараскопӣ" меноманд. Бартарии ин усул дар он аст, ки бурриш ба маротиб кам гардида, захм зудтар барқарор шуда, бемор ба зудӣ мураххас мешавад. Давраи баъд аз ҷарроҳӣ шаш соатро дар бар мегирад ва мариз фаъол мегардад. Барои муайян намудани шеваи ҷарроҳӣ мариз бояд саривақт ташхис бишавад, ки ин ташхис муоинаи клиникӣ, озмоишгоҳӣ, сонографии дохили шикам ва дар ҳолати зарурӣ гурдаҳову роҳҳои пешобро дар бар мегирад.

Бартарии асосии холесистэктомияи лапараскопӣ, давраи сабуки баъдиҷарроҳӣ мебошад. Дар давраи баъд аз ҷарроҳӣ дар муддати ду-се рӯз саломатии мариз пурра барқарор мешавад ва аз бемористон мураххас мешавад.

Бахши ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино, яке аз бахшҳои фаъол дар бемористон ба шумор меравад. Бахши ҷарроҳии умумӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ки ба мутахассисон имкон медиҳад, бештари амалҳои ҷарроҳӣ, аз ҷумла ҷарроҳиҳои лапараскопиро, дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Бинобар ин, муроҷиати саривақтии мариз ба мутахассис метавонад саломатӣ ва некӯаҳволии ӯро ҳифз намояд. 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст