{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Табобати резиши мӯй бо василаи физиотеропӣ

Физиотерапӣ – ҳангоми рехтани мӯй. Давомнокии ҳаёти мӯйи инсон бисёр кӯтоҳ буда, танҳо 3 солро ташкил медиҳад. Ҳар рӯз мо тақрибан 50-150 мӯи кӯҳнашударо гум мекунем ва ин як раванди физиологии муқаррарӣ аст.

Аммо баъзан, зери таъсири омилҳои беруна ё дохилӣ, рехтани мӯи сар шиддат меёбад. Дар истилоҳи тиббӣ, резиши патологии мӯйро алопеция меноманд. Ин иллат бештар дар мардон дида мешавад, аммо дар асл, занон ҳам аз он азият мекашанд. Ҳоло агар касе резиши зиёди мӯй дошта бошад чӣ бояд бикунад? Оё рехтани мӯйро пешгирӣ кардан мумкин аст? Аввалан бояд донист, ки мӯй ҳеҷ гоҳ бе сабаб намерезад. Ба рехтани мӯй як қатор омилҳо аз қабили:

- номутавозунии ҳормонӣ;

- тағйирёбии сатҳи ҳормонҳои ҷинсии мард;

- (алопецияи андрогенӣ) ё халалдоршавии ғадуди сипаршакл;

- норасоии витаминҳо ва минералҳо;

- сирояти токсикӣ дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз баъзе моддаҳо; бемориҳои ҷиддии сироятӣ;

- бемориҳои узвҳои дарунӣ - пеш аз ҳама ҷигар ва дигар узвҳои ҳозима;

- бемориҳои пӯст, масалан, себорея ва псориоз;

- бемориҳои замбуруғӣ; ҷароҳати пӯст ҳангоми саддама ё сӯхтан;

- истресс ва афсурдагии шадид;

- ихтилоли ҳормонӣ ва норасоии витаминҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва ширдиҳӣ сабаб мегарданд.

Аз ин рӯ, табобати рехтани мӯй бояд аз машварати табиб (одатан трихолог, эндокринолог, дерматовенеролог) ва санҷишҳо оғоз шавад. Ин санҷишҳо вазъи ҳормонӣ, сатҳи витаминҳо, минералҳо ва мавҷудияти сироятҳоро ошкор месозад. Агар шумо сари вақт ба табобати ин иллат оғоз кунед,  пешгирии он хеле осон ба даст меояд. Асосан иллати рехтани мӯйро бо усули дорӯӣ ва бо физиотерапевтӣ анҷом медиҳанд.

- Усули дорӯӣ ё фармакотеропӣ. Доруҳои муосир дар раванди табобати резиши мӯй бисёр самаранок мебошанд, аммо танҳо ба шарте, ки дору ва миқдори он аз ҷониби табибе интихоб карда шавад, ки натиҷаҳои санҷишҳои лозимаро дошта бошад. Одатан ҳангоми рехтани мӯй: поливитаминҳо, маводҳо барои беҳтар кардани гардиши хун, маводҳои ҳормонӣ, зиддизамбурӯғӣ ва воситаҳо барои мустаҳкам кардани мӯй таъин карда мешаванд.

- Усулҳои физиотеропӣ. Физиотеропӣ имрӯз дар раванди табобати ин иллат нақши вежа дорад ва усулҳои гуногунӣ табобати резиши мӯйро дар бар мегирад. Ҳамаи ин усулҳо ба беҳтар намудани гардиши хун дар пӯсти сар, ба эътидол овардани равандҳои метаболикӣ ва мустаҳкамкунии рагҳои хун равона карда шудаанд. Физиотеропӣ аксар вақт барои воридкунии ғайриинвазивии доруҳо таъин карда мешавад.

Барои табобати иллати резиши мӯй усулҳои зерини физиотеропӣ истифода мегарданд:

1. Электростимулятсия (таҳрики барқӣ). Татбиқи ин усул имкон медиҳад, ки фаъолияти мӯътадили бофтаҳои пӯсти сар барқарор карда шавад ва миқдори ҳуҷайраҳои равған низ коҳиш пайдо кунанд. Усули мазкур, ҳатто пасзаминаи ҳормониро, ки бо сабаби тағйирёбии онҳо алопозиҳо зуд-зуд ба вуҷуд меоянд мӯътадил месозад. Давомнокии ин табобат 10-12 амалро дар бар мегирад.

2. Ионофорез. Ин усул аз ворид намудани доруҳо (витаминҳои C ва B6, магний, сулфат, руҳ ва ғайра), таҳти таъсири ҷараёни галваникӣ, ки ба фолликулаҳои мӯй ва қабатҳои амиқтари пӯст таъсири мусбӣ мерасонанд, иборат меёбад. Усули мазкур имкон медиҳад, ки гардиши хуни тагипӯстиро зиёд намуда, ба равандҳои тақсимшавии ҳуҷайра ва мубодилаи моддаҳо мусоидат намоем, ки дар натиҷа афзоиши мӯй тақвият ёфта, решаҳои онҳо мустаҳкам мегарданд. Давомнокии ин усули табобат  аз 8-12 амал иборат аст.

3. Дармони микротокӣ. Ин усул бо истифодаи ҷараёни каммасрафи ултра-пасти барқ (аз 40 то 1000 мкА) бо басомади 0,1 то 500 Гц амалӣ мегардад, ки ба ҳуҷайраҳои пӯст ва фолликулаҳои мӯй таъсири мусбат мерасонад. Микротокҳо мубодилаи ҳуҷайравӣ, синтези маводи ғизоӣ ва ихроҷи маҳсулоти метаболикиро аз бадан метезонанд. Давомнокии дармони микротокӣ  10-12 амалро дар бар мегирад.

4. Маҳси муолиҷавӣ - ин яке аз табобатҳои махсусан гуворо ба шумор меравад. Маҳс ҳам дастӣ ва ҳам дастгоҳӣ - микросиркулятсияро (гардиши хурди хун) такмил дода, боиси аз байн бурдани токсинҳо ва беҳтар азхудкунии моддаҳои ғизоӣ мегардад. Ғайр аз ин, маҳси сар ва гардан хусусияти ором кунанда дошта, ин таъсир хусусан ҳангоме, ки резиши мӯй дар натиҷаи истресс ва аз ҳад зиёд мондашавӣ пайдошуда бошад, муфид қарор мегирад. Давомнокии ин усули табобат, қоидатан, 15-20 амалро дар бар мегирад.

5. Дарсонвалдармонӣ. Ин усул аз таъсири ҷараёнҳои хурди шиддати баланд бо басомади 100 кГц. иборат ёфтааст. Истифодаи он имкон медиҳад, ки гардиши хун беҳтар гардад, ҳиссиётнокии охири асабҳо ва омос паст шуда, фаъолияти ғадудҳои чарбӣ муътадил гардад. Дарсонвалдармонӣ инчунин ҳуҷайраҳои решаҳои пӯст ва муйҳоро бо оксижен таъмин мекунад, зеро ҳангоми гузаронидани ин амал озон ба вуҷуд меояд. Ин хусусият дарсонвалдармониро табобати муосир барои алопетсияи равғанӣ мегардонад. Истифодаи он, барои табобати намудҳои дигари резиши мӯй ҳам бисёр муфид мебошад. Давомнокии табобат бо ин усул аз 5-15 амал иборат меёбад.

Сирри муваффақияти физиотерапӣ барои табобати резиши мӯй дар чист?

Бартариҳои асосии физиотерапӣ иборатанд аз:

- имкони таъсиррасонии нуқтавӣ ба мӯй, ки ба узвҳои дигар таъсир намерасонад;

- набудани аксуламалҳои аллергикӣ;

- бехатарӣ ба саломатӣ;

- имкони истифода новобаста аз синну соли бемор;

- таъсири дарозмуддати табобат;

- мутобиқати олӣ бо усулҳои дигари табобат.

Муҳим! Ҳамаи равандҳои физиотерапӣ бояд давравӣ гузаронида шаванд. Дар хотир бояд дошт, ки онҳо таъсири кумулятивӣ (таҷамуъӣ) медиҳанд ва осори табобат фавран пайдо намешаванд, балки натиҷаи дилхоҳ танҳо пас аз гузаронидани як давраи пурраи табобат ба даст меояд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст