{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Табобати муассир

Табобати муассир ё натиҷаи дилхоҳи дармон ба чанд омил вобаста аст. Ба ҳамон мизон, ки донишу малакаи пизишк муҳим аст, риояи қоидаҳои бемористон ва тавсияҳои мутахассисон аз сӯи беморон низ барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ аҳамияти вежа дорад.
Пеш аз ҳама бемор бояд чанд шартро донад ва риоя намояд.
Бисёр вақт корафтодагон мехоҳанд, ки дар зарфи замони хеле кӯтоҳ сабаби дардашон ташхис дода, барояшон табобат навишта шавад, ки ин на ҳамеша имконпазир аст. 
Барои ташхиси дард ба бемористон бояд бо вақти кофӣ ташриф овард, зеро мушаххас кардани сабаби ранҷ ба як қатор ташхису озмоишҳо вобаста мебошад. Пас аз муоинаи аввалӣ мутахассис ташхиси эҳтимолӣ гузошта, барои собит кардани ташхиси ниҳоӣ озмоишҳои лозимаро тавсия медиҳад. Ин озмоишҳо дар дохили худи бемористон анҷом шаванд ҳам, вақти иловагӣ металабанд. Пас аз комил шудани озмоишҳои тавсияшуда мутахассис метавонад ташхиси ниҳоӣ гузорад ва тавсияи табобатро таъин намояд. 
Метавон гуфт, ки ин марҳала барои дармони муассир муҳимтарин давра аст ва тамоми натоиҷи баъдӣ маҳз ба ҳамин марҳала вобаста аст. 
Аз ҳамин сабаб бори дигар таъкид мешавад, ки ба бемористон бояд бо вақти кофӣ ташриф овард ва бе асабоният фурсат дод, ки мутахассисон корашонро бо диққат анҷом диҳанд. 
Омили дигаре, ки дар даст додани натоиҷи дилхоҳ кумак мекунад, риояи дақиқи тавсияҳои мутахассис мебошад. Мо дар бемористон бо ҳолатҳое рӯбарӯ мешавем, ки беморон бо беҳ шудани ҳолашон аз давоми табобат даст мекашанд ва дар натиҷа бемориро ба ҳоли музмин ё бадтар мерасонанд, ки дар натиҷа ба табобати бештар ё гаронтар ниёз пайдо мекунанд.
Дарки боло, риояи дақиқи тавсияҳо  ва сабру таҳаммули муроҷиаткунандагон омили муҳими табобати муассир аст!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст