{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Яке аз омилҳои ангезандаи беш аз 50 дар сади бемориҳои бадани инсон бо Шумо сӯҳбате дошта бошам. Ин омил ҳолатҳои стрессӣ аст. Ба ҳамин маъно табибон дар бисёр мавридҳо хотирнишон месозанд, ки аксари бемориҳо тавассути асабҳо инкишоф меёбанд.

Дар ҳақиқат стресс ба инкишофёбии шумораи зиёди бемориҳои асабу руҳӣ ва дигар узвҳои бадани инсон оварда мерасонад.

Дар давраи тараққиёти босуръати илм ва технологии ҳаёти имрӯза, одамон дар аксар ҷойхо ба мисли кӯчаю бозор, дар корхонаҳо бо ҳамкорону сардорон, дар ҳудуди оила ва ғайра доим ба ҳолатҳои стрессӣ дучор мешаванд, ки он омили зарарёбии фаъолияти майнаи сар мешавад.

Ҳангоми вайроншавии фаъолияти асосии мағзи сар,назорати он аз болои функсияҳои узвҳои дигари бадан тағйир ёфта, бо механизми мураккаби асабию ҳуморалӣ аз тарафи ғадудҳои секретсияи дарунӣ ҳормонҳои стресс - адреналин, норедралин, кортизол ва тироксин ба хун аз ҳади меъёр бештар ҷудо мешаванд ва аз таъсири онҳо дар окибат қобилиятҳои иммунологии бадан ва қобилияти танзими ҳолати дарунаи бадан паст шуда, он ба инкишофёбии ҳар гуна бемориҳо мусоидат мекунад.

Дар ҳаёти инсон ҳолатҳое, ки таасуроти манфии эмоционалӣ мерасонанд, хеле зиёданд, вале дар илми тиб на ҳамаи ҳисси тарс, дард, ва нохушиҳоро стресс меноманд. На ҳар шахси ба бӯҳронҳои эмотсионалӣ дучор шуда, дар худ беғайратию шикастадилӣ ҳис намуда, гирифтори афсурдагӣ ё дигар бемориҳо мешавад.

Масалан стрессҳои на чандон сахттаъсир ва кӯтоҳмуддат ба организми инсон зарари ҷиддӣ нарасонида, онро ангезиш дода, барои мубориза бурдан бар зидди стресс омода месозад. Вале стрессҳои сахт ва дарозмуддат хатарнок шуморида мешаванд. Аз ин лиҳоз сари вақт дарки он ва шӯруъ намудан ба табобат шарти зарурӣ аст.

Савол ба миён меояд, ки мафхуми стресс чй маъно дорад? Вокуниши организмро ба омилҳои нофораме, ки осудагии онро халалдор месозанд, стресс меноманд.

Аломатҳои стресс:

Пастшавии ҳофиза (хотирот),эҳсоси нороҳатӣ дар муҳит, эҳсоси хастагии доимӣ, хатокунии барзиёд, зуд асабонӣ шудан, ноҷӯрии нутқ, изтироби баланд, қаноатманд нашудан аз кору рафтори худ, ғамгинӣ, бехобӣ, майл ба майзадагӣ ва тамокукашӣ, эҳсоси гуруснагии зиёд ё баръакс басташавии иштиҳо, пастшавии назми фаъолиятнокӣ.

Дар натиҷа стресс рушди чунин бемориҳо мумкин аст:

• Стенокардия, фишорбаландии шараёнӣ, сактаҳои дил ва майнаи сар, 

• Баландшавии қанди хун (диабети канд), 

• Захми меъда, илтиҳоби меъда ва рӯдаҳо,бемории санги сафро;

• Неврозҳо,рӯхафтодагӣ(депрессия),бехобӣ (асомния ),

• Безурётӣ ва ҳатто бемориҳои онкологӣ;

• Пай дар пай такрорёбии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ҳамчун оқибати пастшавии иммунитет.

Ташхис

Ташхиси бемориҳое, ки дар натиҷаи стресс ба амал меояд аз тарафи мутахассисон - асабшиносон ва рӯҳшиносон баъди сӯҳбатҳо бо беморон, муоинаҳои клиникию лабораторӣ, аз ҷумла санҷиши умумии хуну пешоб, биохимияи хун,рентгенографияи косахонаи сар, муоинаи қаъри чашм, дар ҳолатҳои зарурӣ томографияи компютерии майнаи сар ва машварати дигар мутахассисон муқаррар карда мешавад.

Табобати стресс. 

Барои дармони стресс ду намуд табобат дар назараст: ғайримаводӣ ва доругӣ.

Табобатҳои ғайримаводӣ пеш аз ҳама мубориза бурдан бар зиддӣ стресс мебошад. Ба табобатҳои ғайримаводӣ мансубанд:

1.Психотерапия.

Психотерапевт, ё невролог стресс-фактор, дараҷаи он ва захираи муқобилияти организми беморро ба ҳолати ба амал омада муайян карда, бо беморон сӯҳбатҳои боварибахш гузаронида, усулҳои гуногунро дар якҷоягӣ истифода мекунад. Гузаронидани сеансҳои гипноз ҳам ба ин усул мансуб мебошад.

2.Варзиши нафасии оромбахш.

Дар рафти варзиши нафасӣ, шиддати мушакҳои бадани беморон кам шуда, фишори шараёнӣ паст фуромада, кори дил оромтар мегардад ва он таасуроти манфии стрессро ба организм кам месозад. Мутахассисон ба беморон ин варзишро омӯзиш медиҳанд.

3.Фаъолияти ҷисмонӣ.

Фаъолияти ҷисмонӣ барои паст намудани сатҳи бар зиёди адреналин имкон медиҳад.Ҳангоми машқҳои ҷисмонии бештар аз ним соат дар организми инсон истеҳсоли эндорфинҳо («ҳормонҳои фараҳбахш»)шурӯъ мешаванд, ки барои мубориза бар зидди стресс заруранд. Намудҳои машғулиятҳои спортӣ барои ҳар шахс бо тарзи инфиродӣ аз тарафи духтурон тавсия дода мешаванд. Он аз сайру гашти оддӣ дар ҳавои тоза то машқҳои фаъол дар залҳои тренажёрӣ иборат аст.

4.Тарзи ҳаёти солим.

Ин шарти зарурии саломатӣ буда, аз истеъмоли маводҳои хӯрокаи табиӣ, кам кардани истеъмоли машруботи спиртдор, тамокукашӣ,мубориза бурдан бар зиддӣ фарбеҳӣ ва риояи реҷаи дурусти корӣ иборат мебошад.

Дар сурати бенатиҷа мондани табобатҳои ғайримаводии ҳолатҳои стрессӣ сари вақт барои муоина ва муолиҷаи дуруст ба духтурон-мутахассисон муроҷиат намудан зарур аст.

5.Табобатҳои доругӣ.

Истифодаи мустақилонаи маводҳои доруворӣ бар зидди стресс тавсия дода намешавад. Интихоби маводҳои доруворӣ ҳангоми табобати стрессҳои сахт амали ниҳоят маъсулиятнок мебошад. Духтурони асабшинос ва равоншинос бо назардошти синну сол, ҷинс, дараҷаи беморӣ,ҳасосиятнокӣ ба компонетҳои таркибии доруҳо ва як қатор омилҳои дигари дахлдор нақшаи табобатро тартиб дода, онро зери назорат мегиранд, зеро аксаран, стресс табобати дуру дарозро тақозо мекунад.

Шумораи гурӯҳҳои маводҳои доругӣ, ки барои муолиҷаи стресс ва оқибатҳои он заруранд хеле зиёданд:

- доруҳои таскиндиҳанда- транквилизаторҳо; 

-гурӯҳи ноотропҳо; 

- дорувориҳои зиддиизтиробӣ;

-антидепресантҳо;

- маводҳои умумиқавикунанда (витаминҳои гуруҳи В, поливитаминҳо ва ғайра. 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст