{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

СПОНДИЛОАРТРОЗИ СУТУНМӮҲРА

Ба бемории спондилоартрози сутунмӯҳра, ки бештар хоси одамони солхӯрда аст, солҳои охир ҷавонон ҳам зиёд гирифтор мешаванд.

Ин беморӣ метавонад таъсири зиёди манфӣ ба ҳалқаҳои байнисутунмӯҳравӣ расонида, баландии онҳоро тағйир диҳад ва билохира ба баромадагӣ (протрузия) ва фатқи (грыжа) сутунмӯҳра оварда расонад. Дар бобати пайдоиши спондилоартроз назарҳо мутафовитанд. Баъзеҳо сабаби онро ҷароҳатҳо, баъзеи дигар тағйироти синну солӣ дар бофтҳо ва бархе дар бад шудани гардиши сегментарии хун медонанд. Спондилоартроз, маъмулан қисмати камару чорбанди сутунмӯҳраро фаро мегирад, ки ин метавонад боиси эҷоди дарду кашиши мушакҳо, сардард, ҳолати карахтӣ дар дасту пой, халал дар гардиши хун ва кори дастгоҳи даҳлезӣ (вестибулярӣ) гардад.

Спондилоартроз ниёз ба табобати ҳамзамони доруӣ ва равишҳои физиотерапӣ дорад. Физиотерапӣ равиши муосир ва бисёр самараноки табобати спондилоартрози сутунмӯҳра ба шумор меравад. Ин усули табобат дақиқан ба маҳалли илтиҳоб таъсир расонида, узвҳо ва бофтҳои умумиро фаро намегирад. Ба василаи физиотерапӣ ҳисси дард аз байн рафта ва мӯҳраҳои осебдида дубора барқарор мешаванд ва ҳаҷми фатқ хурд мешавад. Инчунин истифодаи ин усул, илтиҳоби сутунмӯҳраро коҳиш дода, ҳаракати мӯҳраҳоро барқарор, варами бофтҳоро бартараф ва гардиши хунро дар қисмати илтиҳобӣ барқарор мекунад. Физиотерапӣ кори тамоми узвҳои даруниро ба танзим дароварда, инчунин системи эмании баданро тақвият мебахшад. Ин натиҷаро ба василаи тазриқи дору намешавад ба даст овард, чун доруҳо бо хун ба тамоми бадан мунтақил меёбанд ва ба тамоми узвҳо таъсир мегузоранд.

Дар бахши физиотерапии Бемористони Ибни Сино, барои табобати спондилоартроз ва фатқи сутунмӯҳра равишҳои зерини дармонӣ  мавриди истифода қарор гирифтаанд. 

1. Магнитдармонӣ бо басомади пасту баланд (низко и высокочастотная магнитотерапия). Ҳангоми ин равиши дармонӣ, импулсҳои пастбасомади майдони магнитӣ ба бофтҳо таъсир расонида, часпандагии хунро тағйир медиҳанд, варам ва кашиши мушакҳоро бартараф намуда, рагҳои хунгардро васеъ мегардонад. Ҳамаи ин, ба раванди мубодилаи моддаҳо дар бофтҳои илтиҳобӣ кӯмак мерасонад.

2. Электрофорез бо карипазим. Ин усул, роҳи пешрафтатарини бидуни ҷарроҳӣ кам кардани андозаи фатқи сутунмӯҳра ба шумор меравад. Доруи "Карипазим" аз шираи попойӣ омода мегардад ва зиёда аз 10 сол аст, ки барои табобати фатқи (грыжа) ҳалқаҳои сутунмӯҳра бомуваффақият мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ин равиш дар давраҳои аввалияи беморӣ бештар самара медиҳад.

Ин усул 3 давраи дармонро, ки ҳар кадом аз 30 рӯз иборат мебошанд, дар бар мегирад. Миёни давраҳо танаффуси 1-2 моҳа дар назар гирифта мешавад.

Бояд таваҷҷӯҳ кард, ки табобати фатқи сутунмӯҳра ба василаи карипазим метавонад вокунишҳо ё аворизи ҷонибии аллергениро дар баъзе афрод ба бор орад. Дар ин ҳолат истифодаи доруҳои зиддиҳистоминӣ тавсия мегарданд. Тӯли дармони электрофорез низ кам карда мешавад (аммо аз 10 дақиқа набояд камтар бошад).

Миёни рӯзҳои 5-ум ва 8-уми табобат, бемории аслӣ метавонад ташаннуҷи муваққатӣ пайдо кунад, аммо баъди 3-5 амал одатан ташаннуҷ паст мешавад.

3. Баъди итмоми давраи аввали табобати электрофорез бо карипазим, ки аз 30 амал иборат меёбад, мустаҳкам кардани искелети мушакии камар тавсия мешавад. Табобати мазкур аз 10-12 амал иборат буда, ҳафтае 1-2 амал гузаронида мешавад. Баъди анҷоми ин табобат, бемор бояд фаъолияти мушакҳоро бо машқҳои махсус тақвият бахшад.

4. Тамриноти физиотерапӣ - шояд яке аз роҳҳоест, ки дар физиотерапӣ барои табобат ва пешгирии спондилоартроз дар давраи аввалия муҳим аст. Пизишк барои ҳар як бемор, маҷмӯаи вежаи тамринотро (машқҳо) таъин мекунад. Истифодаи усули лозимаро, албатта бо маслиҳати пешакӣ бо бемор ва баъди гузаронидани таҳқиқоти вазъи саломатии ӯ, табиб интихоб мекунад. Муолиҷаи физиотерапиро танҳо ҳангоми имтиёд (ремиссия) ва беҳбудии беморӣ таъин мекунанд.

Зиддият барои физиотерапӣ:

-афроди гирифтори саратон;

-ашхосе, ки мубтало ба бемориҳои шадиди бадан мебошанд;

-афроде, ки мубтало ба бемориҳои системи дилу раг ва роҳҳои нафаскашӣ мебошанд;

-афроде, ки халал дар кори ҷигар ва гурдаҳояшон доранд;

-занони ҳомила;

-афроди дорои бемориҳои пӯст;

-афроде, ки ихтилоли равонӣ доранд.

Ногуфта намонад, ки сари вақт ошкор кардани беморӣ ва муроҷиат ба мутахассиси ҳирфаӣ, имкон медиҳад сутунмӯҳраро пеш аз он, ки мубтало ба мушкилоти ҷиддӣ гардад, табобат намуд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст