{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Синдроми поликистози тухмдонҳо

Синдроми поликистози тухмдони занҳо аломатҳои зиёд дорад, аммо сетои он асосӣ ба шумор мераванд:

1) Вайроншавии сикли ҳайз — вақте тухмдонҳо сари вақт тухмгузорӣ (овулятсия) намекунанд.

2) Тавлиди андрогенҳо дар хун – баландшавии мизони ҳормонҳои мардона, ки боиси рӯидани мӯй дар бадан ва рӯй мегарданд.

3) Дар сонографии коси хурд вуҷуд доштани якчанд фоликулаҳои хурди то ҳашт мм ва калоншавии ҳаҷми тухмдонҳо.

Агар аз ин се аломат, дутоаш дар мариз дида шавад, ба ӯ ташхиси Синдроми поликистози тухмдонхо гузошта мешавад.

Аз рӯи омор аз ҳар панҷ зан як нафар СПКТ дорад.  Баъзе занҳо дар тӯли бемории худ ягон шикоят надоранд. Аломатҳои Синдроми поликистози тухмдонҳо дар синни балоғат то 20 солагӣ пайдо мешавад.

Шикоятҳо

- номунтазамӣ ё набудани сикли ҳайз;

- безуриётӣ;

- гирсутизм – баровардани мӯй дар руй, қафаси сина, тахтапушт ва рон;

- вазни зиёд;

- рехтани мӯйи сар, равғанӣ будани пӯст ва пайдоиши доначаҳо дар рӯй;

Занҳое, ки поликистози тухмдонҳо доранд, дар натиҷа метавонанд ба синдроми метаболикӣ мисли диабети канди навъӣ II ва баландшавии холестрини хун гирифтор гарданд.

Cабабҳо:

Синдроми поликистоз сабабҳои зиёд дорад ва яке аз сабабҳояш ирсӣ мебошад. Ин сабаб ба вайроншавии ҳормонҳо дар организм ва баландшавии инсулин (ҳормони назорати қанд дар хун) вобастагӣ дорад. Аксари занҳое, ки синдроми поликистози тухмдонҳо доранд, бадани муқовим ба инсулин доранд ва ҳормони мардона - тестостерон дар баданашон зиёд аст. Изофавазн ё фарбеҳӣ низ сатҳи инсулинро дар хун баланд мекунад.

Дар давоми як моҳ одатан як фолликула инкишоф ёфта озод мешавад, ки  дар тиб онро овулятсия меноманд. Аммо занҳое, ки синдроми поликистози тухмдонхо доранд, давраи ҳайзиашон номунтазам буда, овулятсия намешаванд ва имкони  бордориашон хеле кам ё ғайримумкин мешавад. Занҳое, ки аз синдроми поликистоз азият мекашанд, метавонанд ба оризаҳои гуногун аз қабили:

-диабети қанди навъи II;                                                                                      

 -хастагии асаб ва афсурдагӣ;                                                                

-фишорбаландӣ ва фарбеҳӣ бо баландшавии холестерол дар хун;

-нафастангӣ ҳангоми хоб (апноэ) дучор шаванд.

Дар баъзе мавридҳо занҳое, ки вайроншавии сикли ҳайз доранд, метавонанд ба саратони бачадон низ мубтало шаванд. Барои пешгирӣ аз он ва ба меъёр даровардани  сикли ҳайз, занҳо бояд қурсҳои контрасептивӣ ё воситаи дохили раҳмӣ истифода баранд.

Инсулинрезистентӣ чист?

Инсулин ҳормонест,ки онро ғадуди зери меъда тавлид мекунад ва маҳз ба воситаи он глюкоза ба ҳуҷайраҳои бофтҳо рафта, ҷисми инсон энержи ҳосил мекунад. Аммо дар ҳолати  инсулинрезистентӣ бофтҳо ба таъсири инсулин ҷавоб намедиҳанд ва онро қабул намекунанд. Ин ба боло рафтани мизони қанд дар хун мунҷар мегардад ва миқдори қанд дар хун зиёд мешавад. Зиёд будани қанд дар хун ба тухмдонҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Тухмдонҳо дар ин ҳолат ҳормони мардона - тестостеронро зиёд истеҳсол мекунанд ва ин ҳормон намегузорад  тухмдонҳо овулятсия  шаванд.

Инсулинрезистентӣ, барои зиёдшавии вазни бадан ҳам мусоидат мекунад, ки оризаи он поликистози тухмдонҳо буда метавонад.

Табобати СПКТ вобаста ба синну сол ва мушкили хоси ҳар зан ба роҳ монда мешавад. 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст