{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Синдроми хастагии музмин

Хастагии зиёд ва заъфи умумӣ аз шикоятҳоеянд, ки мардум ба пизишкони гуногун муроҷиат мекунанд. Теъдоди зиёде аз мардум ҳам бо ин ки хастагии музмин доранд, ба табибон муроҷиат намекунанд. Вазъи онҳо одатан баъди истироҳати кофӣ беҳбуд меёбад.

Синдроми хастагии музмин аз эҳсоси заъфу беҳолӣ, ки ҳангоми дигар бемориҳо ба чашм мехӯрад, фарқ мекунад. Пизишкон мегӯянд, ҳар беморие метавонад инсонро ба синдроми хастагии музмин дучор кунад. Аз ҷумла бемории нави COVID-19 низ истисно нест. Пас аз гирифторӣ ба вируси короно ҷисми инсон то ду ҳафтаи дигар заъиф боқӣ мемонад ва дар натиҷа синдроми хастагии музминро замина мегузорад. Фарди гирифтори ин вирус эҳсоси шадиди хастагиву беҳолӣ, гоҳе хоболудагӣ ва инчунин дард дар мафосил ва мушакҳо мекунад, ки аз нишонаҳои синдроми хастагии музмин мебошанд.

Синдроми хастагии музмин бемориест, ки сабаби пайдоиши он номаълум буда, зуҳуроти асосиаш, эҳсоси ғайри қобили тавзеҳи заъфи шадид аст, ки аз 6 моҳ зиёд метавонад тӯл кашад. Ин заъф ҳатто баъди истироҳати тӯлонӣ ҳам намегузарад ва баъди кори ҷисмонӣ ё фикрӣ шаддати бештаре мегирад. 

Бемории мазкурро алоими хоси дигаре низ, монанди паст шудани ҳофиза ва тамаркуз, ихтилол дар хоб (бехобӣ, баъзан хоболудагии зиёд), дард дар мушакҳо ва буғумҳо, сардард, ғафсшавии гиреҳҳои лимфавии гардан ва зери бағал, бетафовутӣ, афсурдагӣ, асабонияти бесабаб, хуруҷи бемориҳои музмин ва ғ. ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳудуди  2,8% аҳолии бузургсол ба бемории хастагии музмин гирифторанд. Маъмулан ҷавонони қобили меҳнат, ки машғул ба касбу кори зеҳнӣ (аз қабили табибон, тоҷирон, муаллимон, нозирони ҳавоӣ ва ғ) ҳастанд, аз хастагии музмин ранҷ мебаранд. Бештари афроди гирифтор ба хастагии музмин одамони аз 25 то 45 сола ҳастанд ва пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки  аз ин беморӣ бештар занон азият мекашанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, хастагии музмин дар кӯдакон ва наврасон низ метавонад пайдо шавад. Авомили мусоидаткунанда ба рушди ин беморӣ, шароити номатлуби беҳдорӣ-муҳитӣ (санитари-экологӣ), бемориҳои музмин, аз ҷумла сироятҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

Синдроми хастагии музмин, ба унвони як  бемории мустақил аввалин бор дар соли 1988 аз ҷониби Маркази назорати бемориҳои ИМА  (The Centers for Disease Control - CDC, Атланта) шиносоӣ шуд. Дар солҳои охир бошад, ин беморӣ ба сифати воҳиди нозологии ҷудогона (код МКБ 10 D86.9) муайян шудааст.

Синдроми хастагии музмин бисёр вақт дар пӯшиши бемориҳои дигар қоим (пинҳон) мегардад ва бинобар огоҳии поини табибон аз мавҷудияти он, ношинохта боқӣ мондааст. Бисёр вақт, беморон солиёни зиёд аз муоинаи мутахассисони гуногун, аз ҷумла эндокринологҳо мегузаранд ва табобати гуногуни доруиро дарёфт мекунанд, аммо мушкилашон бартараф намегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, фаҳму дарки ҷанбаҳои муосири этиоложӣ, ташхис, зуҳуроти клиникӣ ва озмоишгоҳии СХМ барои ташхиси саривақтии ин беморӣ, нақши вежа доранд.

Шароити зисти номусоиди муҳитӣ-беҳдоштӣ (экологӣ-гигиенӣ), афсурдагии зиёд ва тӯлонӣ, кори сахту якнавохт, гиподиномӣ (набудани фаъолияти ҷисмонӣ) бо тағзияи беш аз ҳад, набудани умед дар зиндагӣ ва ғ. аз омилҳои хатарноки рушди синдроми хастагии музмин мебошанд.

Сабаби пайдоиши СХМ то ба ҳол дақиқ муайян нашудааст. Мутахассисони гуногун (пизишкони умумӣ, равоншиносон, диетологҳо, иммунологҳо) бобати пайдоиши он андешаҳои мухталиф доранд.

Аз он ҷо ки СХМ як беморие бо иллати ношинохта аст, ташхиси он кори пурмасъулият буда,  аз табибон касбияти баландро тақозо мекунад. Афроде, ки аз хастагии номаълум шикоят доранд, ба муоинаи дақиқ ва амиқ ниёз доранд. Ин кор на фақат барои аз байн бурдани бемориҳои дигар, балки барои интихоби равиши дурусти табобат низ як амри зарурист.  Пеш аз ҳама бояд бемориҳои дигарро истисно кард. Тибқи меъёрҳои ташхисӣ, ташхиси бемории СХМ вақте қобили эътимод аст, ки дар афрод 2 меъёри бузурги ташхисӣ ва 4 ё чанд мавриди хурд (ки на камтар аз 6 моҳ мушоҳида мешаванд) дида шаванд.

Меъёрҳои бузурги ташхисӣ иборатанд аз:

- хастагии тӯлонӣ ва поин рафтани қобилияти корӣ (на камтар аз 50%) дар афроде, ки пештар солим буданд дар тӯли 6 моҳи охир; 

- истиснои сабабҳои дигар ё бемориҳое, ки метавонанд хастагии музминро ба бор оранд.

Меъёрҳои хурди ташхисӣ иборатанд аз:

- боло рафтани ҳарорати бадан;

- дард дар гулӯ;

- бузург ва дардманд шудани  гиреҳҳои лимфавии гардан, пушти сар ва зери бағал;

 - заъфи ғайри қобили тавзеҳи мушакҳо;

- дард дар мушакҳои ҷудогона - миалгияҳо;

- дарди кӯчӣ дар буғумҳо (бештар дар буғумҳои бузург) - артралгия;

- сардардҳои дорои хусусият ва шиддати нав;

- хастагии зуд ҳангоми кори ҷисмонӣ ё фикрӣ, ки заъфи тӯлониро (24 соат ё зиёдтар) ба ҳамроҳ дорад;

- ихтилол дар хоб (хоби кӯтоҳмуддат, ки бардамӣ намеоварад, хоболудии зиёд, бехобӣ);

- халалҳои равонӣ (ихтилол дар ҳофиза, асабонияти зиёд, заиф шудани ҳофиза, мушкил дар тамаркуз, афсурдагӣ, тарс аз рӯшноӣ ва ғ);

Табобат.

Айни ҳол монотеропии самараноки СХМ вуҷуд надорад. Ба андешаи аксари мутахассисон, табобати бемории мазкур бояд ҷомеъ (комплексӣ) ва комилан инфиродӣ бошад. Яке аз шартҳои муҳими дармони ин беморӣ, риояти низоми ҳифозатӣ ва тамоси доимии бемор бо табиби муолиҷакунанда мебошад. Ба барномаи дармони синдроми хастагии музмин ба таври ҳатмӣ, муътадилсозии реҷаи истироҳат ва фаъолияти ҷисмонӣ, муолиҷаи парҳезӣ, муолиҷаи витаминӣ бо витаминҳои В 1, В 6, В 12 ва витамини С, масҳи сегментарӣ дар якҷоягӣ бо муолиҷаҳои обӣ ва физиотеропӣ, машқи аутогенӣ ё дигар усулҳои фаъоли муътадилгардонии муҳити равонӣ-эҳсосӣ, равондармонӣ ва ғ. шомил мегарданд.

Бояд дар хотир дошт, ки пешгирии беморӣ аз дармони он осонтар аст ва бинобар ин, пешгирии синдроми хастагии музмин - кафолати саломатӣ ва дарозумрӣ ба шумор меравад.

Барои ин кор, пеш аз ҳама бояд тарзи ҳаёти худро тағйир дод;

- реҷаи хӯрокии худро дақиқ назорат кард (дар баробари ин,  аз машрубот набояд суистифода кард ва сигоркаширо бояд канор гузошт);

- фаъолияти ҷисмониро бояд бештар кард;

- таъсири омилҳои манфии беҳдоштиро аз байн бурд;

- бо кори дӯстдошта ва ҷолиб машғул шуд;

- ҳангоми зуҳуроти аввалини беморӣ бояд ба мутахассиси соҳавӣ муроҷиат кард (чаро ки ҳатто зуком ва сирояти вирусӣ метавонанд паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошанд).        

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст