{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Шаклсозӣ

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҷарроҳии плостик самти нави илми тиб ба шумор меравад. Аммо дар асл ҷарроҳии плостик таърихи куҳан дорад. Плостик калимаи юнонист ва маънояш "шаклсозӣ" мебошад.

Инсон ҳамеша ба зоҳири худ диққати фаровон медод. Ҷарроҳиҳо, барои беҳтар кардани симои инсон дар тӯли таърихи илми тиб пайваста сурат мегирифтанд. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз 1600 соли пеш аз милод дар Мисри қадим амалҳои ҷарроҳии зебосозии сурат анҷом шудаанд. Дар Ҳиндустон ҳанӯз 800 сол қабл аз милод бинии каҷшударо ба воситаи амали ҷарроҳии плостикӣ рост ва зебо мекарданд.

Табиби чинӣ Бян Сюе, ки дар асри V-и қабл аз милод зиндагӣ кардааст, дар навиштаҳояш анҷом ёфтани амали зебосозии чашм ва гӯшҳоро зикр кардааст. То қарни XVII-ум тибби ҳиндӣ дар ин ҷодда пешсаф маҳсуб меёфт.

Дар Аврупо бошад, он замон ин гуна амалҳои ҷарроҳӣ ангуштшумор буданд. Танҳо дар қарнҳои XV ва XVI ҷарроҳии плостикӣ ба соҳаи мустақили тиб табдил ёфт ва онро "ҷарроҳии зебоӣ" меномиданд. Масалан, табиби итолиёӣ Гаспар Талякотси ҳанӯз соли 1597 ҷарроҳии рост кардани биниро тавассути порчаи бофтҳо аз бозу зикр намудааст. Имрӯз ҷарроҳии муосири плостик, барои кам намудани вазни зиёд аз равиши "липосактсия" истифода мебарад. Ин усули мубориза бо вазни зиёдро ҷарроҳон ҳанӯз дар асри аввали милодӣ мавриди истифода қарор дода буданд. Талякотси равиши ба худ хосси амали ҷарроҳиро дошт ва ҷарроҳиҳои зиёди биниро бо муваффақият анҷом медод. Ба ин хотир ҷарроҳони муосири плостик, Талякотсиро асосгузори ҷарроҳии плостик меноманд.

Аммо ин бахши пизишкӣ дар аввали қарни XIX, замоне ки васоили ҷадиди ҷарроҳӣ ва усулҳои нав ихтироъ шуданд, рушд кард. Пайдоиши воситаҳои зиддиуфунӣ ба ҷарроҳон имконият фароҳам кард, пӯст, тағояк ва дигар бофтҳоро низ пайванд зананд. Ҷарроҳони плостик дар тибби муосир пешоҳангони ихтироъи равишҳои зиёди зебосозӣ ба шумор мераванд. Аз ҷумла пайванд задани бофтҳо, рагҳои хурд, текникҳо барои амали ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва липектомия, маҳз бо заҳмати ҷарроҳони плостик ихтироъ гашта, имрӯз ба шакли васеъ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар Бемористони Ибни Сино бахши ҷарроҳии плостик фаъолияти густардаеро ба роҳ мондааст ва бештари масоили марбут ба ин соҳаи тиб, дар ин бахш ҳаллу фасли худро меёбанд. Бахши ҷарроҳии плостики бемористон бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, мутахассисони бахш бо истифода аз равишҳои нав ва васоили лозима, мушкилтарин ҷарроҳиҳои плостикро анҷом медиҳанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст