{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Селиакия - "бемории ордӣ"

Селиакия бемории ирсӣ буда, бо халалдор гаштани таҷзияи як ё якчанд сафеда дар рӯдаи борик зоҳир мешавад. Ин беморӣ дар натиҷаи вайрон шудани мӯякҳои рӯдаи борик аз истеъмоли маҳсулоти гандумӣ, ҷав, ғалла, ки дар таркибашон глутен, глиадин ва авенин доранд, пайдо мешавад ва системи гувориш ё ҳозимаро халалор месозад.

Яъне сафедаҳои ин маҳсулот ба далели халалдор гардидани пардаи луобии рӯдаи борик пурра таҷзия намешаванд. Ба ҳамин хотир ин бемориро гоҳе "бемории ордӣ" низ меноманд.

Бемории селиакия хеле моҳирона дар ниқоби бемориҳои зиёди дигар пинҳон мешавад. Нишонаҳои гуногун дорад, аммо қариб дар нисфи ҳолатҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ, халалдор шудани аъзои ҳозима  (дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, пайдо шудани газҳо, варами шикам), таъхир дар рушди ҷисмонӣ, аллержӣ, кам шудани қобилияти ҳофиза ва хастагӣ ба назар мерасанд. Бештари беморон  кори зиёди ҷисмониро бардошт намекунанд. Аз бехобӣ азият мекашанд ва ҳамеша як ҳолати ҷиддии "набудани ҳиссиёти истироҳат"- ро эҳсос мекунанд. Қариб 60 дарсади беморони селиакия аз камхунӣ низ ранҷ мебаранд.

Агар беморӣ муддати тулонӣ ташхис нашавад ва бемор табобати дуруст нагирад, заҳролудшавии тӯлонии организм бо глутен ба амал меояд ва дар натиҷа системи эмании (иммунитет) организм халалдор гардида, ҳолати умумии саломатӣ бад мешавад. Селиакия метавонад чанд сабаб дошта бошад:

* тамоюли ирсӣ (генетикӣ)

* омилҳои беруна монанди:  дар хӯрок масраф кардани маҳсулоте, ки дар таркибашон миқдори зиёди ширешаки ғалла (клейковина) доранд. Ҳангоми истеъмоли хӯрок, ширешак мӯякҳои пардаи луобии рӯдаро мечаспонад  ва онҳоро ба таъбире сементӣ мекунад. Маҳз ин ба ҷараёни дурусти таҷзияи моддаҳо, ки барои фаъолияти комили организм зарурӣ мебошанд (асосан карбоҳидратҳо, равғанҳо, витоминҳо ва микроэлементҳо), халал ворид мекунад. Ташхиси ин беморӣ чанд равиши таҳқиқотиро дар бар мегирад. Асоситарини онҳо иборатанд аз:

* таҳқиқи хун (агар дар хун миқдори калтсий, витомини А, натрий, оҳан, равғанҳои безарар, калий, холестерин ва кам шудани сафедаи умумӣ метавонанд  аз нишонаҳои  ин  беморӣ бошанд); 

* таҳқиқи саргин ба равғанҳо. Ин метавонад  халал  дар таҷзияи равғанҳоро муайян намояд; 

* таҳқиқ бо глиадин (дар ин ҳолат ин маҳсул бояд тез дар хун ҷамъ гардад).   Бемориҳои ҳамроҳи селиакия низ метавонанд аз пайдоиши ин беморӣ дарак диҳанд. Селиакияро ба 4 дараҷа тақсимбандӣ намудаанд: селиакияи классикӣ, селиакия бо аломатҳои атипикӣ, селиакияи хомӯш (бе аломат) ва селиакияи марговар.

Беҳтарин роҳи табобати ин беморӣ пеш аз ҳама парҳез аз глутен мебошад. Маҳз ин усули табобат беҳбудии ҳолати беморонро кафолат медиҳад. Дар натиҷаи парҳез аломатҳои клиникии беморӣ аз миён мераванд, сохти пардаи луобии рӯдаҳо барқарор мешавад ва ҳолати бемор хуб мегардад. Дар  ҷараёни табобат  бояд  тамоми  маҳсулоти  дар тарикибашон ғалладоштаро (нон, шӯла, макарон, пиченӣ, тортҳо, наҳорҳои хушк, маҳсулоти гуногуни ордӣ, панири обкардашуда, сосис, шоколот ва ғ.) аз хӯроки худ дур намуд. Бояд қайд намуд, ки ин сафеда (ширешаки ғалла ё глутен) дар ғалладонаҳое монанди: биринҷ, марҷумак (гречка), ҷуворимакка  ва сӯк (пшено)  вуҷуд надорад ва истеъмоли онҳо барои беморон иҷозат дода шудааст. Ва бояд  ҳамеша  дар ёд  дошт, ки ҳатто миқдори ками ширешаки ғалла ё глутен метавонад ба организми  бемор зарари зиёд расонад. Беморони селиакия бояд танҳо маҳсулоти барояшон безарарро истеъмол намоянд. Ҳатто нон барои ин беморон (аз ҷуворимакка ва марҷумак) бояд тавре таёр шавад, ки чанги гандум дар он мавҷуд набошад.

Селиакия бемориест, ки пеш аз ҳама узвҳои ҳозимаи инсонро фаро мегирад. Ба ҳамин хотир ба табобати ин беморӣ, мутахассисони системи гувориш- гастроэнтерологҳо машғуланд. Дар ҳолати ошкор намудани аломатҳои дар боло зикршуда фавран бояд ба мутахассис муроҷиат кард. Дар шӯъбаи гастроэнтерологии Бемористони Ибни Сино мушкилоти системи узвҳои ҳозимаро ба хубӣ бартараф мекунанд. Ва бемории селиакия низ  истисно намебошад. Шӯъбаи гастроэнтерологӣ бо таҷҳизоти муосири зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ кору фаъолият мекунанд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст