{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Набудани ҳомиладорӣ дар занҳои синни репродуктивӣ дар давоми як сол безуриётӣ номида мешавад. Сабаби безуриётӣ дар 40 дарсади мавридҳо ба мардон ва 45 дарсад ба занон рабт мегирад. Дар 15 дарсади мавридҳо сабабҳои дигар низ дорад.

Барои муайян кардани ин сабабҳо муоина ва ташхиси ҳар ду ҳамсар дар якҷоягӣ ҳатмист.

Ғайр аз заъфи зан ё мард, мувофиқ наомадани ҳарду ҳамсар низ иттифоқ меафтад, ки ба баррасии иммунолог ниёз дорад. Инчунин безуриётӣ ба навъи як маротиба бордор шуда баъд безуриёт шудани зан низ мушоҳида мешавад, ки ин безурётии дуюмдараҷа номида мешавад.

Кадом сабабҳо ба безуриётӣ меоваранд?

1)Яке аз сабабҳо психогенӣ номида мешавад, ки ҳолатҳои стресс дар оила, бахусус даъвоҳои оилавӣ, аз сабаби набудани фарзанд ва стресс дар ҷои кор метавонад ба раванди бордоршавӣ таъсири манфӣ гузоранд. Стресс метавонад ба системаи вегетативӣ таъсир гузорад ва он ба мушакҳои найчаҳо таъсири манфӣ расонда, сабаби ин маризӣ мешавад. Дар ин ҳолатҳо ба занҳо табобати психолог ва невропатолог тавсия дода мешавад.

2)Сабаби дигар эндокринологӣ – норасогии ҳормонҳо ва кори тухмдонҳо буда, ба набудани овулятсия ва дар натиҷа ба безуриётӣ меоварад, ки бо муайян намудани сатҳи ҳормонҳо дар хун, сонографияи тухмдонҳо барои муайян намудани инкишофи фолликул ташхис карда мешавад. Ҳангоми набудани овулятсия бо истифода аз маводҳо гузаронидани стимулятсияи тухмдонхо тавсия мешавад. 

Синдроми метаболикӣ, ки сабабгори вазни зиёд доштани зан мегардад, низ ба ин беморӣ мунҷар мешавад, ки дар ин ҳолат кам кардани вазни зан, иваз кардани режими ғизоӣ ва варзиш тавсия дода мешавад.

3)Сабаби дигар вайроншавии ҳолати функсионалӣ ва ё органикии найчаҳои тухмгузар буда, аз сабаби чарроҳиҳои қаблан гузаронидаи зан метавонад ба часпишҳои коси хурд ва ногузароии найчаҳо биёварад, ки бордоршавиро номумкин мегардонад. Инчунин эндометриози коси хурд низ сабаби безурётӣ шуда метавонад.

4)Имплант нашудани ҷанин дар бачадон бо сабабҳои – полип ва часпишҳои дохили бачадон, миомаи субмукозӣ, нуқсони девораи дохилӣ сабабҳои дигари безуриётӣ ҳастанд.

Лапароскопия ин амалест, ки барои ташхиси ин мушкилиҳо иттилоъи пурра медиҳад.

Гистеросалпингография, гистеросонография, тести посткоиталӣ равишҳое ҳастанд, ки ташхис ва табобати ин мушкилотро имконпазир мегардонанд.

Инчунин гистероскопияи ташхисӣ имкон медиҳад, ки муоинаи ковокии бачадон гузаронида, полипҳои он, синехия, миомаи субмукозӣ, нуқсонҳои девораи дохили бачадон ошкор карда шаванд. Бо усули гистероскопия дарзамон ин сабабҳоро бартараф намудан низ мумкин аст.

Дар бораи бемориҳои занона зиёдтар дар наворҳои баъдӣ маълумот медиҳем. Наворҳои моро пайгирӣ кунед. Сипос аз таваҷҷӯҳатон!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст