{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Равиши дармон ва ислоҳи чашмони олус

Аҳамият. Осебдидагии мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм оризае маъмулист. Ин ориза мумкин аст дар мавқеъияти ноҳамвори чашмҳо, маҳдуд шудани ҳаракати онҳо, ихтилол дар ҳамгароӣ ва вогароии нистагм зоҳир шавад.

Дар амал, бештари вақтҳо мо бо мавқеъияти ноҳамвори чашмҳо ё ҳаракати ноҳамоҳанги мушакҳои он ё ба истилоҳ олусӣ сару кор дорем. Дар сурати бурузи ин ориза яке аз ду чашми инсон аз нуқтаи тамаркузи муштарак ва собити ҳарду чашм мунҳариф мешавад. Дар натиҷа, биниши дучашмӣ ё бинокулярии инсон нуқсон меёбад, ки ба он олус шудан ё чапчашмӣ мегӯянд.

Чашмони одам ҳар кадом дорои шаш мушак мебошанд, ки вазифаи онҳо ҳаракат додани чашм аст. Инсон биниши дучашмӣ дорад, яъне нигоҳаш бо ду чашм дар як нуқта мутамаркиз мешавад. Анализатори биноӣ дар қишри мағзи сар воқеъ шуда, фаъолияти ҳамоҳанги ин 12 мушакро таъмин мекунад. Ихтилол дар ҳамоҳангии кори як ё гурӯҳе аз мушакҳо ва, ба ин тартиб, нуқсон ёфтани биниши бинокулярӣ ё дучашмӣ боиси олусӣ мегардад.

Олусии хаёлӣ ё қалбакӣ ҳам вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат нигоҳи дучашмӣ осеб намебинад ва ин навъи олусӣ ба ислоҳ ниёз надорад.

Олусии нуҳуфта ё гиперотрофия ҳолатест, ки дар он фаъолияти мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм ноҳамоҳанг мешавад ва ин ориза ҳангоме зоҳир мешавад, ки инсон ба чизи хоссе нигоҳ накунад, балки дар ҳоли андешидан бошад ё "дар худ фурӯ равад".

Олусии ҳамҷараён одатан дар кӯдакон ба вуқӯъ мепайвандад. Ин намуди олусӣ дар давраи ҳассоси ташаккулёбии нерӯи биноӣ, дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак рушд мекунад. Сабабҳои ин навъи олусӣ то ҳол пурра муайян нашудааст.

Олусӣ на фақат иллати чеҳра, балки нуқсонест, ки ҳолати равонӣ ва ҷисмонии кӯдак барои мутобиқ шудан ба муҳити атрофро халалдор мекунад. Бо вуҷуди ин, волидайн ва гоҳе пизишкон - неоофталмологҳо ба ин ориза таваҷҷуҳи кофӣ намекунанд. Барои табобати олусии чашми кӯдакон зуд иқдом намекунанд ва бо гузашти муддати зиёд барқарор кардани биноии аз дастрафтаи ӯ ғайримумкин мешавад.

Олусии ҳамҷараён аз мушкилоти иҷтимоӣ низ ба шумор меравад. Ба ин навъи олусӣ аз 1,5 то 3,5 дарсади кӯдакон гирифтор мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи маълумотҳои коршиносони гуногун, дар дунё 100 млн одамон чашмони олус доранд.

Нишонаҳои олусии ҳамҷараён аз инҳо иборат аст:

- Нигаҳдории ҳаҷми пурраи ҳаракати ғӯзаҳои чашм;

- Баробарии кунҷҳои аввалия ва дуввумияи инҳирофҳо;

- Набудани биниши дугона, новобаста ба нуқсон ёфтани биниши бинокулярӣ.

Вобаста ба кадом тараф каҷ шудани чашм олусиро ба дарунӣ ва берунӣ ва олусӣ ба боло ва поин тақсимбандӣ мекунанд; дар баъзе мавридҳо каҷшавии амудӣ ва уфуқии чашмон низ дида мешавад.

Ҳадаф

Ҳадафи амали ҷарроҳӣ дар мушакҳои чашм ба даст овардани мавқеъияти дурусти чашмон мебошад.

Манобеъ ва равишҳои таҳқиқ

Аз соли 2013 то моҳи июли соли 2022 дар бахши чашмпизишкӣ ё офталмологии Бемористони Ибни Сино 119 дармонҷӯ бо ихтилол дар мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм муоина шуданд ва 72 нафари онҳо бо ташхиси чашмолусӣ дар ин бахш мавриди амали ҷарроҳӣ қарор гирифтанд. Синну соли дармонҷӯён аз 4 то 33-соларо ташкил медод (ба ҳисоби миёна аз 3,5 (+) то 22-сола). Хусусан, мо ба муддати беморӣ диққат додем. Дар мавриди ҳамаи беморон таҳқиқоти зерин анҷом шуд: визометрия ё санҷиши биноӣ бо ислоҳ ё бидуни он, озмоишҳои мутановиб бо пӯшонидан, озмоиши пӯшиш бо маншураҳо, ки имкон медиҳад зовияи чашми олус дақиқан муайян шавад, мушаххас кардани ҳаракати ғӯзаи чашм. Агар дар кӯдакон омблиопӣ ё танбалии чашм ошкор мегардид, дармони муносиб мешуд. Ҳамаи маризон аз таҳқиқоти умумии дармонгоҳӣ ва озмоишгоҳӣ гузаштанд. Таҳлили натиҷаҳои табобат бо равиши ҷарроҳии 27 кӯдаки дорои олусии ҳамоҳанг ва гиперметропияи (камхунии) сатҳи миёна ва боло ва бо аворизи омблиопӣ. Зовияи олусӣ аз 10-15 дараҷа тибқи ҷадвали Гиршберг таҷовуз намекард. Синну соли кӯдакон аз 4 то 12-солро (ба ҳисоби миёна 3,5 (+)(-) 5 сол) ташкил медод. Аз онҳо 9 нафарашон духтар ва 8 нафарашон писар буданд.

Мӯҳлати мушоҳида як сол буд.

Амалҳои ҷарроҳӣ бо ду равиш ва дар ҳолати беҳушии умумӣ анҷом шуданд:  

а) ретсесияи (ҷобаҷоӣ) мушаки рости дохилӣ анҷом дода шуд 47 (24,3%),

б) тақвияти фаъолияти мушаки рости берунӣ ва резексияи (буриш) он 72 (52,1%).

Муддати амали ҷарроҳӣ (+) (-) аз 50 то 60 дақиқаро ташкил дод. Муддати бистарӣ будани беморон баъди ҷарроҳӣ 1,5 рӯзро ташкил дод. Дар давраи баъди ҷарроҳӣ мавқеъияти дурусти чашмон арзёбӣ шуд ва дар ҳамаи маризон зовияи инҳирофӣ 3 (+) (-) 7-ро ташкил дод.

Натиҷаҳо

Дар натиҷаи ҳамаи амалҳои анҷомшуда вазоифи мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашм ислоҳ, саломат ва кайфияти биноии чашмонашон барқарор ва ҷанбаҳои зебоишинохтии сурат ва чашмонашон беҳтар шуд.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст