{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Протезгузорӣ

Протезгузории дандонҳо солҳои охир бештар маъруф мешавад. Мувофиқи  омори мавҷуда 15 дарсади одамони аз 60 сола боло дандони табиӣ надоранд. Зиёда аз шаст дарсади кулли одамон ҳадиақалл аз як дандонашон маҳрум гардидаанд.

Бемории кариес қариб дар ҳамаи одамон дида мешавад. Дар ин росто масъалаи бозсозии қатори дандонҳо аҳамияти вежа пайдо мекунад. Набудани дандонҳо сифати зиндагиро паст ва дар талаффуз халал эҷод мекунад ва ҷавидани хӯрокро душвор сохта, ба ҳаёти иҷтимоии шахс асароти манфӣ мерасонад. Одамони бе дандон бузургсолтар менамоянд ва худашон низ чунин эҳсос мекунанд.        

Протезгузорӣ зебоии зоҳирии инсон ва иҷрои вазифаи дандонҳоро барқарор мекунад, ки ин барои маризони ҳамаи синну сол бисёр муҳим аст.

Протезҳои дандон ба ду навъ собит ва  созаҳои гирифташаванда ҷудо мешаванд. Рӯйкаш ва протезҳои пулшакл ҷузъи протезҳои собит ҳисоб мешаванд.

Барои гузоштани протезҳои пулшакл лозим аст дандонҳои солим тарошида шавад ва бинобар ин дар ҳоли ҳозир аз ин равиш камтар истифода мешавад.

Ба созаҳои гирифташаванда, протезҳои пурра ва ҷузъӣ, ки дандонҳои рехтаро ҷойгузин мекунанд,  аз қабили протезҳои лавҳаии акрилӣ, протезҳои нарми нейлонӣ ва протезҳои мустаҳками бюгелӣ шомиланд.      

Рӯйкашҳо аз масолеҳи гуногун аз қабили керамикаи филизӣ ё металлокерамика, керамикаи бефилиз ё пресскерамика, диоксиди сиркониюм ва филизи омехта омода мегарданд.  Барои пояи прортези пулшакл ҳам аз дандони мариз ва ҳам аз имплант истифода мебаранд.

Дар ҳолати ҳассосият истифодаи протезҳои плостикӣ, ки мономер ҷудо намекунанд, тавсия мегардад.

Аз панҷоҳ дарсад зиёд вайрон шудани ғилофаки анатомӣ ва набудани дандонҳо (адентия)  протезгузорӣ тавсия дода мешавад. Инчунин ҳангоми нуқси шаклу андозаи дандон ва шикастани он низ бояд протезгузорӣ кард.

Дар сурати ба муддати тӯлонӣ холӣ мондани ҷои дандон, фишори ҷавидан ба қисми дандонҳо бештар мерасад ва раддаи дандонҳо тағйир меёбад. Дандони дар шафати холӣ ҷуйгиршуда каҷ ва дандони муқобил он дароз мегардад. Бофти устухонии бехи дандони кандашуда оҳиста-оҳиста нобуд мешавад. Протезгузорӣ ҳамин мушкилотро пешгирӣ менамояд.

Агар дар гузашта вокунишҳои аллержӣ  барои протезгузорӣ монеъа маҳсуб мешуд, имрӯз ба шарофати дастовардҳои муосири тиббӣ ва равишҳои гуногуни дармон усули алтернативии барқарор кардани дандонҳо вуҷуд дорад.

Имрӯз протезгузориро ҳатто дар кӯдакони хурдсол ҳам анҷом медиҳанд. Барои протезгузории кӯдакон аз рӯйкашҳои махсус истифода мебаранд. Ин протезҳо имкон медиҳанд, ки дандонҳои ширӣ ва нӯги дандонҳои доимӣ бо ҳам омехта нагарданд. Ин амалкард чораи пешгирикунанда буда, рушди нодурусти дандонҳоро бартараф мекунад.

Пайванд ё импланти дандонҳоро аз 18 солагӣ  метавон оғоз кард, ки дар ин синн шаклгирии системи ҷоғу дандон дар марҳилаи охио аст. Барои пайванди дандон ҳади болои синнӣ вуҷуд надорад. Пайванди дандонро дар 70 солагӣ ва ҳатто 80 солагӣ гузарондан мумкин аст. Дар ин син хоҳиши мариз ва набудани нишондодҳои зидди амали ҷарроҳӣ муҳиманд.

Созаҳои гирифташавандаро аз 16-18 солагӣ мегузоранд, то ки фард аз паси муроқибати онҳо барояд ва эҳтиёт карда тавонад. Баъди гузоштани протез пизишк санаи муоинаи назоратиро таъин мекунад. Пас аз он шахс бояд ду маротиба дар сол ба дандонпизишк барои гузарондани гигиенаи ихтисосии даҳон муроҷиат кунад.

Маризони бедандон ва дорои протезҳои доимӣ низ барои нигаҳдории  протез ва ҳолати милкҳо бояд доим дар зери назорати дандонпизишк бошанд.

Касоне, ки пайванди дандон шудаанд, ҳар 6 моҳ бояд аз муоинаи дандонпизишк гузаранд. Дар ҳолати риоят накардан, истеҳсолкунандаи имплантҳо  кафолати онҳоро лағв мекунад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст