{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Профессор Аббоси Таваккулиён доир ба оризаи бемории диабети қанд- пои диабетӣ

Агар шахсе мубталои бемории диабети қанд бошад, вале табобати дуруст нагираду сатҳи қандаш тӯлонӣ баланд бимонад, оқибат аз сабаби он ки қанди аз меъёр зиёд дар бадан истифода намешавад, он бо сафедаҳои организм пайваст шуда  боиси пайдоиши самҳо ( токсинҳо) мегардад. Самҳо дар сатҳи ҳуҷайраҳои пӯст ва бофтҳои гуногуни бадан ворид шуда, сабаби ихтилоли вазоифи узвҳо ва системҳо мешаванд. Дар сурати танзим накардани сатҳи қанди хун пеш аз ҳама торҳои асаби дасту пойҳо, хусусан пойҳо иллат меёбанд. Ин торҳо ҷавобгӯи интиқоли ҳиссиёт ба мағзи сар, аз ҷумла ҳисси гармию сардӣ, ҳисси ламсу дард ва инчунин торҳои махсуси танзимкунандаи ҳаракати мушакҳо  ( пойҳо) мебошанд.

Он саме ки дар натиҷаи баланд будани сатҳи қанди хун, ба миқдори зиёд ҳосил мешавад, ба сатҳи пӯсти ин узвҳо осеб мерасонад. Дар ин ҳолат пӯст иллат меёбад ва вазифаи маъмулии худро анҷом дода наметавонад. Оризаи аввалин дар гирифторони диабети қанд, ки ба ташаккулёбии пои диабетӣ ё бемориҳои  мухталифи пойҳо  меоварад, ҳамон иллатёбии торҳои асаби пойҳо ба ҳисоб меравад.

Мо баъзан иштибоҳан фикр мекунем, ки танг ё махкамшавии рагҳои хунрасон, бар асари диабет, боиси ташаккулёбии пои диабетӣ мегардад,  аммо сабаби аслӣ гирифтории ҳамин торҳои асаб ҳастанд.

Бо пайдо шудани ҳиссиётҳое ба монанди сӯзанзанӣ, ҳисси карахтшавӣ, ҳисси хазидани чизе дар сатҳи пӯст, хунукхӯрӣ ё баръакс тасфидан, ба қадри кофӣ ҳис накардани ҳарорат ва мисли инҳо, ба бемор таваҷҷӯҳи хосса мебояд кард.

Дар сурати иллат ёфтани торҳои асаб шахси бемор метавонад пойҳояшро нодуруст монад, сахтиву дуруштиро ҳис накунад.

Аз ин хотир кафи пой тадриҷан хушк ва шахшӯл шуда, шаклан тағйир меёбад, дар баъзе қисмҳо пӯст дағал ва ғафс мешавад. Дар натиҷа пӯсти кафи пой ҷо ҷо кафида барои воридшавии микробҳо роҳ пайдо мешавад. Илова ба ихтилоли торҳои асаб, бо далели диабет, рагҳои хунгарди хурди сатҳи пӯст низ баста мешаванд Ва ин ду падида барои рушди уфунат ва ташаккулёбии захм дар пӯст шароити хеле муносиб фароҳам меоранд. Инчунин гирифтории ҳам торҳои асаб ва ҳам рагҳои хурд боиси шифоёбии хеле сахт ва дурударози захмҳо мегарданд, ки ҳафтаҳо, моҳҳо ва ҳатто солҳо тӯл мекашад.

Ҳатман бояст дар ибтидои беморӣ, барои пешгирии захмҳо ва ташаккулёбии пойҳои диабетӣ, сатҳи қанди хун аз ҷониби пизишк ва худи бемор зери назорати дақиқ гирифта шавад. 

Дар хотир дошта бошед, оризаҳои музмини диабет, чӣ дар дилу мағзи сар, чӣ дар чашму гурдаҳо ва чӣ дар пойҳову рагҳои бузурги организм дар он марҳилаи беморӣ пеш меоянд, ки сатҳи қанди хун дарозмуддат баланд ва аз назорат берун монад ва дар ин марҳила пизишкон наметавонанд  оризаҳоро бо истифодаи доруҳо ба таври комил бартараф намоянд. Аз ин сабаб бори дигар таъкид мешавад, ки оризаҳои диабет бо назорату танзими дақиқи сатҳи қанди хун ҳатман бояд пешгирӣ шаванд, сатҳи қанди хун зинҳор тӯлонӣ боло набошад, то узвҳои муҳим осеб набинанд.

Мабодо, агар дар пойҳо захмҳо пайдо шуданд, ки ин гирифтории хеле ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, бояд якчанд корҳо анҷом дода шаванд.

Аз ҳама муҳим чораҳоеанд, ки намегузоранд то бар асари диабет торҳои асаб иллат ёбанд ва  рагҳои хурди хунгард махкам шаванд.

Вале агар ин падида  пеш ояду захмҳо пайдо шаванд, аввалин иқдом барои шифоёбии бармаҳал  канораҷӯи аз ҳаракату роҳгардии зиёди пои захмдор ба ҳисоб меравад. Чунон ки гуфтем,  бо далели иллатёбии торҳои асаб ва рагҳои хурди хунгард ҳиссиёти пои осебдида паст мешавад ва агар шахс бо ин пой зиёд роҳ равад, дардро ҳис намекунад ва  шифоёбии захм тӯл мекашад.

Дуюм коре, ки боназокат бояд иҷро шавад, назорат ва танзими сатҳи қанди хун мебошад.

Сеюм амал, аз ҷониби ҷарроҳ  тарошида тоза кардани қисми сиёҳу ғафсшуда ё худ уфунатгирифтаи захм мебошад. 

Антибиотикҳои мувофиқ бояд ба таври дарозмуддат, чӣ ба намуди тазриқӣ ва чӣ ба намуди ҳаб, истифода шаванд. То он даме ки захмҳо шифо ёбанд. 

Бандинабандии захми диабетӣ он қадар муҳим нест, хусусан бандинабандии бисёрқабата, ки  захмро рӯйпӯш намуда, боиси камшавии ҳавои гирди захм ва зимнан норасоии оксиген мегардад. Дар натиҷа кафидагиҳои пой бештар ва захм зиёдтар мешавад. Пӯшидани захм бо як бандинаи нарм кофӣ аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст