{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Сабабҳои пайдоиши бемориҳои гурда ва роҳи пешгирии онҳо

Бемориҳои гурда имрӯз бисёр "ҷавонтар" гардидаанд ва дигар танҳо хоси одамони солхӯрда нестанд. Бемориҳои илтиҳоби гурда ва роҳҳои пешоб сабаби дар бадан мондани моддаҳои заҳрдор ва зарарнок гардида, барои тамоми бадан мушкил эҷод мекунанд.

Раванди илтиҳобӣ дар гурда ва роҳҳои пешоб боиси сар задани бемориҳои гуногун аз қабили: санги гурда, санги масона, омоси масона ва ғ. мегарданд. Инчунин хӯроки номуносиб, истеъмоли нокифояи оби тоза ё истеъмоли оби сифаташ паст, тамоюли ирсӣ ва камҳаракатӣ низ боиси пайдошавии санг дар гурда ва роҳҳои пешоб мегарданд. 

Нишонаҳои клиникии санг дар гурда зиёданд аз қабили: дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ, дарди камар, баланд гаштани ҳарорати бадан (аз 37,5 дараҷа боло), ҳисси сӯзиш ҳангоми пешобкунӣ, хун дар пешоб. Бемории илтиҳоби масона ва пиелонефрит низ айнан ҳамин нишонаҳоро доранд.

Илтиҳоби масона (систит) бисёр вақт бо ҳамроҳии илтиҳоби маҷрои пешоб (уретрит) сар мезанад. Дар бештари маворид, уфунати маҷрои пешоб ба масона воридшуда, илтиҳоби масона ва гурдаро ангезиш медиҳад. Аз масона уфунат ба гурда паҳн мегардад, инчунин тавассути гардиши хун аз сарчашмаҳои сироят: масалан дандони пӯсида, ҷараёни илтиҳобӣ дар шуш, бачадон, рӯдаҳо ва ғ. метавонад ба гурда мунтақил гардад.

Бемориҳои гурдаро мешавад бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, фаъолияти ҷисмонӣ (албатта дар шакли мӯътадил), хӯроки солим (истеъмоли бештари меваву сабзавот ва истеъмоли ками намак, хӯрокҳои турш ва бирён) ва риояи низоми обнӯшӣ пешгирӣ намуд.      

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст