{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Зукоми мавсимӣ ва роҳҳои пешгирии он дар фасли сармо

Дар фасли сармо, маъмулан, бемориҳои сироятии роҳҳои нафас афзоиш пайдо мекунанд. Дар бештари маворид, зуком тавассути вирусҳо сироят меёбад, вале сирояти бактериявӣ низ зиёд мушоҳида мегардад ва сабаби асосии сирояти бактериявӣ, аворизи бемориҳои вирусӣ ба шумор мераванд.

Одамони синну соли гуногун ба ин бемориҳо дучор мегарданд, аммо аз ҳама бештар кӯдакон ва пиронсолон ба ин бемориҳо ҳассосият доранд ва дар гурӯҳи хатар қарор мегиранд.

Тарзҳои пешгирӣ - ин эмкунӣ ва риоя кардани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ мебошанд, ки хавфи пайдоиши бемориҳои сироятиро дар зимистон ба таври назаррас коҳиш медиҳанд. Мутаассифона, дар мо эмкуниҳои мавсимии зидди зукомӣ гузаронида намешаванд. Мавриди тазаккур аст, ки маъмулан фарогирии эмкунии кӯдакон зидди бемориҳои сироятӣ, монанди сурхак, сурхча, гулӯзиндонак, сирояти ротавирусӣ, фалаҷ (полиомиелит) дар кӯдакони шаҳрӣ, дар муқоиса бо кӯдакони деҳот, камтар аст. (Маълумоти бештарро дар ин бобат метавонед аз ин нишонӣ  https://www.unicef.org/tajikistan/ru/ пайдо кунед).

Ҳамин тариқ бо вуҷуди эмкунӣ, хатари рушди бемориҳои сироятӣ ҳамоно боқӣ мемонад. Инчунин нигарониҳо бобати "муъҷизаҳои эмкунӣ", бо афзоиши нобоварӣ ба эмкунӣ дар байни баъзе волидон ба сабаби ноогаҳии онҳо меафзояд. Чунин дудилагӣ шояд аз гузоришҳои манфӣ дар васоити ахбори омма бобати марги кӯдак бо сабаби эмкунӣ, бидуни тасдиқи далелҳои мӯътамад сар занад. Ба ин равиш инчунин метавонад ҷунбишҳои зидди эмкунӣ дар кишвар, ки ахбори зидди эмкуниро паҳн мекунанд, таъсир расонанд. Ҳамзамон, тадбирҳои пешгирии шубҳа оид баэмкунӣ ва қувват бахшидан ба боварии волидон ба эмкунӣ аз сабаби набудани мубоҳисаҳо бо волидон дар бораи аҳамият ва хавфи ҳадди ақали он монеъ мешаванд.

Маҳз барои ҳамин, дар ҳолати сар задани беморӣ, сокинони Тоҷикистон бояд ба худтабобаткунӣ машғул нашуда, балки фавран ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд, ташхисро дақиқ мушаххас гардонанд, зеро одамон аксаран зукоми мавсимӣ ё ҳамагирро бо дигар сироятҳои шадиди вирусии сироятӣ иштибоҳ мекунанд.

Инчунин риояи чанд амали оддӣ, хавфи сироятёбии аъзои оилаи шумо ва атрофиёнатонро бо бемориҳои сироятӣ коҳиш медиҳанд. Ҳоло мо чанд амали соддаро пешкашӣ азизон мегардонем:

- Дастони худро бо собун ва об шӯед ва ин корро зуд-зуд анҷом диҳед. Шумо бояд пеш аз хӯрок хӯрдан, пеш аз тамос бо маводи ғизоӣ, пас аз ҳоҷҷатхона рафтан, пас аз даст расондан ба тарашшӯҳот, пас аз сулфидан ва атса задан, ва баъд аз даст задан ба қоғази ташноб ё дастмолҳои қоғазии истифодашуда, дастҳоро бишӯед. Зуд-зуд шустани дастон хавфи гирифторшавӣ ва сирояти одамони дигарро кам мекунад.

- Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳону бини худро пӯшед, аммо бо панҷаи дасти худ ин корро анҷом надиҳед. Қоғази ташноб ё дастмоли қоғазиро истифода бурда, пас онро партоед. Дар сурати набудани дастмоли қоғазӣ, беҳтар аст, ки ба оринҷ атса занед, на бар панҷаи даст, ки бо ин хатари сироятёби атрофиёни худро коҳиш медиҳед.

- Агар худро бад ҳис кунед, дар хона монед. Агар шумо нишонаҳои аввали бемориро ҳис кунед - ба кор наравед. Кӯдакони беморро ба мактаб, боғча ё кӯдакистон нафиристед. Танҳо вақте, ки кӯдак шифо меёбад ва худро беҳтар ҳис мекунад, шумо метавонед ӯро  ба муассисаи таҳсилотӣ фиристед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст