{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

ПАРҲЕЗ БА САЛОМАТИИ ИНСОН ЧӢ ФОИДА ДОРАД?

Аз панҷ грамм зиёдтар истеъмоли намак дар давоми рӯз ба саломатии инсон, аз ҷумла, ба низоми кори дилу рагҳо зарар дошта, эҳтимоли зиёд шудани сактаи дил, инсулт ва бемориҳои дигарро зиёд мекунад.

Ба андешаи мутахассисони соҳа тарзи нодурусти зиндагӣ, камҳаракатӣ ва истеъмоли нодурусти ғизо сабабҳои зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсон ва дигар навъи бемориҳо мегардад.

Мутахассисон чунин меҳисобанд, ки барои дил парҳези мувозинатноке, ки ҳамаи манбаъҳои асосии моддаҳои ғизоӣ: мева ва сабзавот, гӯшт, маҳсулоти ширӣ, донагиро дар бар мегирад, муфид аст.

Зиёд будани равған дар бадан метавонад ба афзоиши сатҳи холестерин ва инкишофи атеросклерез, бавуҷудоии қабатҳои равған дар деворҳои дохилии рагҳо боис шавад. Аммо истеъмоли нокифоя ё тамоман набудани равған ҳам зарар дорад.

Сархадҷон Бобоалиев, пизишки ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, ташхиси анжиографӣ ва анжиопластикаи шараёнҳои дилу гурда ва андомҳои поён, катетеризатсияи ғуфраҳои дили Бемористони Ибни Сино:

Ғизои кам шифоангез бошад,

Вале асли даво парҳез бошад.

Бояд ҳар як инсон қоидаҳои парҳезро риоя кунад. Ҳамчунин, аз одатҳои бад, ба монанди тамоку, шароб ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ даст кашад ё лоақал исеъмоли онро кам кунад. Тарзи дурусти ғизои солим, аз ҷумла, истеъмоли хӯрокҳои камравған, истифодаи миқдори ками намаки ошӣ ва шириниҳоро риоя намояд. Кам кардани вазни бадан асоси табобати фишорбаландӣ, бемории ишемиявии дил ва диабети қанд мебошад.

Инсон бештар аз гӯшти моҳӣ, паранда, сабзавоту меваҷот, кабудиҳо бояд истеъмол кунад. Инчунин, бо варзиш пиёдагардӣ ва оббозӣ машғул шавад.

Абдусамад Абдувоҳидов, духтури ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб, норасоиҳои ҷинсии Бемористони Ибни Сино:

Парҳез ин худ ҷузъи пешгирӣ ва ҳатто табобати баъзе аз бемориҳо мебошад. Чунончи, парҳез аз намаку гӯшти сурх яке аз равишҳои асосӣ дар табобат ва пешгирии санги гурда ва системаи идрорӣ мебошад.

Инчунин, дар беморони гирифтори простатит ва дисфунксияи эректилӣ парҳез аз хӯрокҳои тезу тунд, шӯр, дуддодашуда, маринадҳо, консервантҳо тавсия дода мешавад. Ба беморони гирифтори систит низ хӯроки тунд, шӯр, бирён, консерваҳо, нӯшокиҳои ширин, қаҳва, алкол зиёновар аст. Барои инсонҳое, ки вазни зиёд доранд ва дар шароити гиподинамия қарор доранд, парҳез асоси пешгирӣ аз сар задани ҳаргуна бемориҳо мебошад.

Малика Юсупова, пизишки ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо, ЭХОКГ, тести варзишии Бемористони Ибни Сино:

Парҳез дар зеҳнияти мардуми мо бештар бо маҳдудият алоқаманд аст. Аз ин хотир назарашон ба парҳез манфӣ буда, гуфтан мумкин аст, ки як каме тарс аз он доранд. Лекин парҳез яке аз шартҳои муҳими табобат ба ҳисоб меравад. Масалан, истеъмоли зиёди намаки ошӣ барои шахсони гирифтори фишорбаландӣ метавонад боиси баландшавии фишори шараёнӣ гардад. Ё худ истеъмоли ҳатто миқдори ками намак барои бемороне, ки норасоии кори дил доранд, метавонад ба зиёдшавии моеъ дар бадан ва авҷгирии аломатҳои норасоии дил оварад.

Риоя кардани парҳези бенамак дар аввал мушкил бошад ҳам, бо мурури замон организми инсон одат мекунад.

Намакро мумкин аст бо оби лимӯ, хокаи сир, сабзаҷоти гуногун иваз намуд.

Мубин Аминов, пизишки ташхис ва табобати бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб, норасоиҳои ҷинсии Бемористони Ибни Сино:

- Чи хеле ки гуфтаанд, парҳез асли дармон аст. Парҳез ба навъи беморӣ бастагӣ дорад.

Мисол, агар беморӣ марбут ба гурда бошад, ғизо бояд шӯр ва серсафеда набошад, чунки шӯрӣ ва сафедаи зиёд ба гурда фишор меорад.

Агар бемори рагу дил бошад, ғизои бирён ва серравған боиси тангшавии рагҳо гардида, шахсро ба масдуд шудани рагҳо ва фишорбаландӣ гирифтор мекунад. Яъне, парҳез сабаби ҳаёти солим аст.

Шаҳло Бобоҷонова, пизишки ташхис ва табобати бемориҳои чашми Бемористони Ибни Сино:

- Парҳез кардан ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад. Бахусус ба беморони диабети қанд, фишорбаланди шараёни хун. Одами солим, бояд кам - кам ва зуд - зуд хӯрок хурад ва бо тарбияи ҷисмонӣ машғул бошад. Таъриф нашавад, шахсан ман қариб 18 сол боз ба тарбияи ҷисмонӣ машғул ҳастам, ки хело ба саломатиам фоида меорад.

Диловар Маҳмадёров, духтури бемориҳони эндокриноложӣ ва назорати беморони баъдиҷарроҳии Бемористони Ибни Сино:

- Бояд тарзи дурусти парҳез ба роҳ монда шавад. Баъдан фосилаи хӯрокхӯриро риоя кардан низ ба маврид аст. Онҳое ки парҳез мекунанд, бояд бисёртар аз меваҷоту сабзавот истеъмол кунанд. Хӯрокҳои вазнин ба мисли оши палов, хӯрокҳои хамирӣ ва ғайраро кам истеъмол кунанд. Аз нӯшидани обҳои ширини газдор худдорӣ кунанд, зеро шакари зиёд ва маводҳои кимиёвӣ дар таркиби онҳо ба организми инсон зарари калон дорад.

Дар охир боз якчанд маслиҳатҳои пизишкони Бемористони Ибни Сино оиди парҳез дар инҷо бихонед.

- на фақат ба навъи ғизо, балки инчунин ба тарзи тайёр кардани он аҳамият диҳед;

- ба ҷои бирён кардан, кӯшиш кунед сарпӯши зарфро пӯшонда ҷӯшонед;

- ҳар чӣ бештар сафедаро истеъмол намоед - мутахассисон 25-35 грамми онро дар як рӯз маслиҳат медиҳанд. Сафедаҳои ҳалшаванда ва ҳалнашаванда хусусиятҳои гуногун дорад. Сафеда дар таркиби меваҳо ва овёс мавҷуд аст ва сатҳи холестеринро паст мекунад, сафеда дар меваҳои хушк зиёд буда, ҳазмшавиро метезонад.

- ғизои табииро истеъмол намоед. Чӣ қадаре, ки он камтар коркард шуда бошад, ҳамон қадар зиёдатар фоидаовар аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст