{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Оё пистонҳои фиброкистӣ хатар доранд?

Вуҷуди тӯдаҳои хурд бо теъдоди бисёр дар ҳарду пистонро, ки дар назди онҳо кистҳои хурд дида мешаванд, пистонҳои фиброкистӣ меноманд. Доштани пистонҳои фиброкистӣ аслан ва абадан мушкили ҷиддӣ нест.

Дар воқеъ, агар пистон бо диққат муоина шавад ва бо сонографӣ (УЗИ), МРТ ё маммография баррасӣ шавад, дар пистони панҷоҳ дарсад аз кулли ҷамъияти занон ин тӯдаҳо ва кистҳои хурд ва калонро метавон мушоҳида кард. Ин мавзуъ то ба андозае дар тиб камаҳаммият шудааст, ки пизишкон ин навъ ихтилоли пистонҳоро беморӣ ҳисоб намекунанд. Аз ин рӯ имрӯз ба ҷои истилоҳи «фиброкистоз» ибораи «тағйироти фиброкистозӣ»-ро ба кор мебаранд. Бештари ин занҳо то замони муоинаи сонографии пистонҳо мутаваҷҷеҳи ин тағйирот намешаванд. Албатта теъдоде аз занҳо аломатҳоеро мушоҳида ва ё шикоятҳоеро изҳор мекунанд, ки баъзе аз онҳо чунин мебошанд:

  • Дард, варам ва ҳассосияти ҳарду пистон, хусусан ҳангоми ламс кардан ва вақти роҳ рафтан;
  • Тӯдаҳои пистонӣ, ки дар тӯли давраи ҳайз (одати моҳона) хурд ва калон мешаванд;
  • Тарашшӯҳи моддаҳои ранги сабз ё сиёҳ аз нӯги пистонҳо;

Аз хусусиятҳои ин аломатҳо ва нишонаҳо, кам ё зиёд шудани онҳо дар тӯли давраи одати моҳона аст. Маъмулан ин тӯдаҳо ва кистҳо баъди як ҳафтаи одати моҳона шуруъ ба калон ва дардманд шудан мекунанд ва баъдан бо шурӯъи одати моҳона пистонҳо дубора ором мегиранд;

Ин тағйироти пистонҳо дар синни аз 20 то 50 сола дида мешавад.

Иллати ин тағйирот дар пистони баъзе занҳо дида намешавад. Муҳим он аст, ки ин тағйирот ҳеҷ вақт ҷиддӣ ва хатарнок намешавад. Саволи асосӣ ин аст, ки чи вақт ин занҳо ба табиб бояд муроҷиат кунанд, ё бо ибораи дигар пайдо шудани ин нишонаҳо метавонад муҳим бошад:

Пайдо шудани як тӯдаи ҷадид, ки қаблан набуд ё пас аз тамом шудани ҳайз ҳамчунон калонтар шаванд;

Пайдо шудани дард ва ҳассосият дар як қисмати хос аз пистон, ки беш аз чанд ҳафта давом ёбад ва рӯз ба рӯз шадидтар шавад;

Пайдо шудани тағйирот дар пӯсти рӯи пистон, дар ҳамон ҷое, ки тӯда пайдо шудааст.

Нуқтаи бисёр муҳим ин аст, ки занҳое, ки пистонҳои фиброкистоз (мастопатия) доранд, назар ба дигар занҳо саратони пистон намегиранд. Бо ибораи дигар, мастопатия ҷузви иллатҳои саратони пистон намебошад. Хатари пайдо шудани саратони пистон дар занҳое, ки мастопатия доранд, бо занҳое, ки мастопатия надоранд, хеч фарқе надорад. Бинобар ин, тарс, ваҳм ва хавотирӣ, ки дар байни занҳои тоҷик, дар мавриди мастопатия зиёд дида мешавад, як нигаронии ғайривоқеӣ аст. Агар бихоҳем ин матлабро бо як ҷумлаи кӯтоҳ хулоса кунем, бояд бигӯем, ки мастопатия як беморӣ нест, балки як тағйири хушсифат ва бехатари пистон дар баъзе занҳо аст. Ташхис кардани тағйироти фиброкистозии пистонҳо бо ин сурат мебошанд:

  • муоинаи пистонҳо тавассути мутахассиси пуртаҷриба;
  • анҷоми УЗИ-и пистонҳо, замоне ки духтур лозим донад;
  • анҷоми маммографӣ вақте ки УЗИ нишонаҳои ҷиддӣ будани тӯдаҳоро дар пистонҳо нишон диҳад;
  • дар баъзе маврид гирифтани каме биопсия аз пистон.

Дармони мастопатия

Мастопатия дармони ҷиддӣ ва тӯлонӣ лозим надорад. Агар дард ва ҳассосияти пистонҳо шадид бошад, аз доруҳои маъмулӣ мисли Асетоменофен (Парасетамол) ё ибупрофен мешавад истифода кард. Капсули витомини Е дар вақти хоб низ метавонад кумак кунад.

Агар ин табобатҳои содда таъсир накунад ва дарди пистон ором нагирад, бемор метавонад аз доруи Тамоксифен 10 мг як маротиба шабона ба муддати 30 то 60 рӯз истифода барад. Истифодаи ин дору зараре надорад, аммо бояд дар сурати лозима дода шавад.

Саволи охири ҳамаи беморон ин аст, ки оё ин мушкил худ ба худ бартараф мешавад ё не?!

Ҷавоби ин савол ин аст, ки тағйирот ва нороҳатиҳо то замоне, ки зан одати моҳона мешавад, идома хохад дошт. Ин гирифторӣ баъд аз менопауза худ ба худ бартараф мешавад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст