{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Оё ҷарроҳӣ барои табобати  бемории қанд шеваи муносиб аст?

Чанд рӯз пеш дар зери матлабе, ки мо дар боби бемории диабети қанд ва табобати он нашр кардем, як нафар шарҳ навишт, ки беҳтарин роҳи табобати ин беморӣ ҷарроҳист. Мо барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба доктор-профессор Таваккулиён, эндокринолог, диабетологи Бемористони Ибни Сино бо ин суол муроҷиат намудем ва ҷавоби эшонро ба хонандагон пешкаш менамоем.

Доктор Таваккулиён:

Суоли бисёр хубест, ки барои дармони диабет оё амалҳои ҷарроҳӣ ҳам ҳаст ё на? 
Ҷавоби ин савол бисёр возеҳ ва рӯшан аст. Ин ки танҳо барои дармони диабет дар системи гувориш ҷарроҳии сангине анҷом дода шавад, мавриди қабули хеле кам аз мутахассисон аст. Ва ба назари ман ҳам саҳеҳ нест. 
Ин навъи ҷарроҳиро дар илми тиб ҷарроҳии фарбеҳӣ ё ҷарроҳии дастгоҳи гувориш (bariatric surgery) меноманд. Ин ҷарроҳӣ ки дар системаи гувориш ё узвҳои ҳозима анҷом мешавад, дарвоқеъ қанди хунро нисбатан контрол мекунад, вале сифати ҳаёти бемор ба шиддат паст мешавад. Бар асари ин ҷарроҳӣ, ки хеле ҷарроҳии бузург аст, ҷазби хеле аз ғизоҳо ва маводҳои зарурӣ аз қабили калсиюм, содиюм, магнезиюм маводҳои хурд аз қабили селениюм, витамини В-12 халал меёбанд. Ҳамчунин ҷазби оҳан мушкил мешавад. Ва дар натиҷа бемор ба сӯи тағзияи баде гирифтор мешавад. Лизо, агар дарвоқеъ танҳо барои дармони диабети қанд бошад, ҳаргиз ниёзе барои ин ҷарроҳии сангин нест. 
Ин амалро метавон бо як ташбеҳе возеҳ фаҳмонд. Танҳо барои дармони диабет ҷарроҳӣ кардан ба он монанд, аст, ки як гунҷишки шохи дарахтро бо тӯп бизанӣ. Оре, гунҷишк тикка пора мешавад, вале дар баробари гунҷишк дарахт ва тамоми хонаҳое ки дар он атроф ҳастанд, нобуд мешаванд. 
Айнан мисли ҳамин, бар асари ин ҷарроҳӣ қанди бемор нисбатан паст мешавад, вале мушкили зиёд дар системи гуворишаш пеш меояд.
Аммо дар ду ҳолат ҷарроҳии дастгоҳи гувориш (bariatric surgery) қобили анҷоманд: 
-    Якум, агар бемор ҳам диабет дошта бошад ва ҳам вазнаш хеле зиёд, болотар аз 140-150 кило бошад. Барои ин беморон вазни зиёд ва диабет мушкили зиёд пеш меоранд ва зиндагияшонро хеле сахт мегардонанд, аз ин сабаб ба ин афрод ҷарроҳие рӯи дастгоҳи гувориш тавсия мешавад, ки дар поён шарҳ хоҳам дод.
-    Дуюм агар бемор ҳам вазни зиёд ва исти танаффусӣ дошта бошад,ки одатан бо диабет ҳамроҳ аст, ҷарроҳӣ дар системи гувориш тавсия дода мешавад. Инҳо бемороне ҳастанд, ки дар айни хоб хурноси сахт мекашанд ва гоҳ-гоҳ ҳатто нафасашон қатъ мешавад. Ин исти танаффусӣ мушкилоти зиёде барои шушу дили ин беморон эҷод мекунад ва ҳатто ба ҳаёташон хатарнок аст. Барои рафъи ин хатар ба ин афрод ҳам ҷарроҳӣ дар дастгоҳи гувориш тавсия мешавад.

Ва ба ин гуна беморон ҳам танҳо як ҷарроҳие ки аворизаш камтар аст, бо мақсади хурд кардани меъда (sleeve gastroplasty) тавсия дода мешавад. Дар ин амали ҷарроҳӣ меъдаро аз ду тараф медӯзанд ва онро хурд карда, шаклашро ба банан монанд мекунанд. Чизеро аз дастгоҳи гувориш намебурранд ва ба ҷои дигари ин систем даст намезананд. Буридани меъда, рӯда, васл кардани меъда ба рӯдаи рост ё ба рӯдаи борик амалҳои пураворизеанд, ки ҳамон тур, ки арз шуд, метавонанд оқибати бад ба бор оранд.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст