{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Остеопороз ё пукии устухон

Гуфтугӯи Маҳин Даврон бо доктор Қурбоналӣ Мирзобеков ортопеди Бемористони Ибни Сино роҷеъ ба бемории остеопороз, сабабҳои гирифторӣ ба он ва роҳҳои пешгирӣ.

Остеопороз чист ва сабабҳои гирифторӣ ба ин беморӣ кадомҳоянд?

Остеопороз, яъне пукии устухон, ҳолатест, ки дар он устухон дуруштӣ ва мустаҳкамии худро аз даст медиҳад ва дар натиҷа ба зарбаҳои сабук ҳам тоб намеоварад ва зуд мешиканад. Сабаби ин беморӣ норасоии калсиюм, фосфор ва дигар аносири ташкилдиҳандаи устухон мебошад, ки боиси камқувватии устухон мешавад ва дар натиҷа мавориди шикастани патологии (осебшинохтии) устухонҳо зиёд мешавад.

Нишонаҳои ин беморӣ чист? Масалан, агар фарде остеопороз дошта бошад, чи тавр метавон аз нишонаҳояш онро ташхис дод?

Дарди сутунмуҳра дар қисмати камар, дард дар ноҳияи гардан, ё карахтии дасту пой ва камар ҳангоми саҳар аз хоб хестан аз нишонаҳо ё аломатҳое ҳастанд, ки фард метавонад остеопороз ё пукии устухон  дошта бошад.

Ин карахтӣ аст ё беқувватӣ? Масалан, вақте саҳар аз хоб бармехезем, гоҳ мушоҳида мекунем, ки як ашёеро наметавонем бидорем, яъне панҷаҳоямон қувват надорад. Ин ҳам оё нишонаи пукии устухон аст?

Бале, ин ҳам ба остеопороз рабт дорад, карахтӣ ё дардманд будани гардан ё узвҳои дигар дар ҳангоми саҳар аз хоб хестан. Ин албатта фақат яке аз аломатҳои остеопороз аст, имкон дорад дар дигар қисматҳои рӯз ҳам масалан дарди камар азият кунад.

Ташхиси остеопороз чи гуна сурат мегирад?

Ташхиси дақиқи ин беморӣ бар асоси гузарондани денситометрия ё ғилзатсанҷӣ сурат мегирад. Яъне метавон кулли баданро мавриди ин гуна озмоиш қарор дод ва ғилзати устухонҳоро санҷид ва дид, ки дар кадом қисмати бадан пукии устухон ё остеопороз ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин, равишҳои дигари озмоишгоҳӣ барои ташхиси ин беморӣ вуҷуд дорад, ки ба кумаки онҳо мешавад онро ташхис дод.

Пас, ин гуна ҳам ҳаст, ки пукии устухон метавонад дар баъзе қисматҳои бадан ё устухонбандии инсон бештар ва дар баъзе қисматҳо камтар бошад?

Бале, ҳаст.

Яъне ин тавр нест, ки ҳамаи устухонҳои бадан баробар гирифтори пукӣ шаванд?

На, ин тавр нест. Яъне имкон дорад як қисмати бадан устухонҳояш камқувват ва бо ғилзати камтар бошад, аммо қисмати дигар солимтар бошад. Аз ин лиҳоз, баъзан шикастагӣ ҳам дар қисматҳои хоссе аз бадан бештар мушоҳида мешавад, масалан дар гарданаки рон, ё дар муҳраҳо ё узвҳои дигар. Масалан, аз ҷое начандон баланд меафтанду шикастагии фишорӣ (компрессионӣ) мегиранд, ки ин ҳам бештар дар он ноҳияи бадан рух медиҳад, ки остеопороз дорад.

Оё денситометрия ё ғилзатсанҷии устухонро бидуни тавсияи пизишк ҳам мумкин аст анҷом дод?

Бале, мумкин аст, вале хуб мешуд, ки аввал як бор пизишк муоина кунад ва баъд бо тавсияи пизишк ин шеваи ташхис сурат бигирад. Вақте ки шумо худсарона бидуни тавсияи мутахассис ин озмоишро анҷом медиҳед, натиҷаи он барои шумо комилан норӯшан хоҳад буд. Ин пизишк аст, ки натоиҷи онро беҳтар мефаҳмад ва тафсир мекунад. Баъдан, мумкин аст табобати он ҳам барои шумо комилу саҳеҳ анҷом нашавад. Аз ин рӯ, муоина ва тавсияи пизишк амре зарурист.

Бештар кадом гурӯҳи одамон ба пукии устухон гирифтор мешаванд?

Бештар ба бемории остеопороз занҳо гирифтор мешаванд. Ин маълум аст, ки бештар ба шеваи зиндагии онҳо бастагӣ дорад, чун онҳо фарзанд ба дунё меоваранд, кӯдак шир медиҳанд, ки хатари пукии устухонро дар онҳо афзоиш медиҳад. Ҳамчунин, занҳо давраи ёисагӣ ё менопаузаро пушти сар мекунанд – ин давраи табиъии зиндагии занон аст, ки дар он ҳайз барои ҳамеша мутаваққиф мешавад. Дар ин давра ҳам ба далоили зиёде мумкин аст онҳо дучори иллати остеопороз ё пукии устухон шаванд. Лекин ин беморӣ маҳдуд ба занҳо нест, дар миёни мардҳо ҳам мушоҳида мешавад.

Занҳое, ки остеопороз доранд, агар дар батнашон кӯдак аст, оё ин беморӣ метавонад ба кӯдак мунтақил шавад? Масалан ба шакли ирсӣ имкон дорад гузарад?

На, ба таври ирсӣ мунтақил намешавад, вале агар модар остеопороз дошта ва камқувват бошад, ин ҳолат метавонад дар рушди кӯдак ҳам таъсир гузорад.

Пукии устухони модар дар кӯдаки батнаш чи таъсири манфӣ метавонад гузорад?

Ин ориза метавонад дар рушди кӯдак таъсир гузорад ва боис шавад, ки ӯ хуб инкишоф наёбад. Ин албатта яке аз таъсироташ аст. Остеопороз метавонад аз нарасидани аносири муҳими устухонӣ дар хун ва ё дар натиҷаи камхунӣ ҳам пайдо шавад, ки ин ҳам дар рушди кӯдак таъсир мегузорад. Аз ин лиҳоз, вақте хун кам шавад, таъсири манфии он дар кӯдак ҳам бештар мешавад.

Чи тавр мешавад хатари шикастагии устухонҳоро коҳиш дод?

Ҳатман бояд ба пизишк муроҷиат кард. Вақте ки синну сол болотар меравад, вақте ки модарон фарзанд ба дунё меоваранд, ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд, то мутмаин шаванд, ки пукии устухон ё остеопороз надоранд. Ин амр бояд бо барномарезӣ сурат бигирад, яъне дар замони муъайян бояд озмоишҳои лозимаро анҷом дод ва агар мушаххас шавад, ки дар сатҳи устухонӣ норасоиҳое мавҷуд бошад, онҳоро бояд саривақт бартараф кард.

Оё машғул шудан ба варзиш барои одамоне, ки остеопороз доранд, зиён дорад? Кадом навъи варзишҳо барои ин гуна одамон мумкин аст ва кадоме мумкин нест?

Аслан варзишҳои сангин ва душвор иҷоза нест, лекин машғул шудан ба варзишҳои сабук на фақат мумкин аст, балки ҳатмӣ ҳам ҳаст. Ин навъ варзишҳо барои барқарорсозии устухон бисёр муфид аст. Албатта, шеваҳои табобат барои пукии устухон бисёр муҳим аст.

Оё якбора кам кадани вазн метавонад дар пукии устухон таъсир гузорад? Яъне ин амр метавонад ба остеопороз оварад?

Бале, метавонад, агар баланс ё тавозуни бадан дар сурати парҳез вайрон шавад. Масалан, ҳангоми парҳез гоҳе масрафи калсиюм ва пазириши он дар бадан коҳиш меёбад, ки ин метавонад боиси пукии устухон шавад. Агар ғизоҳое бихурем, ки калсиюм надошта бошад, табиист, ки норасоии калсиюм дар устухонҳо низ бештар мешавад.

Яъне дар ин сурат на фақат мизони чарбӣ дар бадан коҳиш меёбад, балки аносири ташкилдиҳандаи устухон ҳам кам мешавад?

Агар мо вазни зиёд дорем, бояд саъй кунем вазнамон камтар шавад, вале ин фарояндро бояд ба тарзе пеш бурд, ки дар андом асароти ҷонибии манфӣ нагузорад. Яъне мо вақте парҳез мекунем, бояд мутмаин бошем, ки сатҳи лозимии калсиюмро аз ғизоҳои дигаре бигирем, ки вазнро зиёд намекунанд. Албатта хӯрокҳое ҳам ҳаст, ки равғану чарбияш кам аст, вале мизони кофии калсиюм дорад. Масалан, метавонем шир истеъмол кунем, аммо шире, ки равғанаш гирифта шуда бошад.

Оё бемории остеопороз табобат шуданист?

Оре, ҳатман қобили табобат аст, фақат бояд сари вақт ба пизишкон муроҷиат кард, то он бартараф шавад, яъне дар сурати дармон гирифтан хатари шикастагии патологии (осебшинохтии) устухон ҳам хеле кам мешавад.

Манзуратон аз шикастагии патологии устухон чи аст? Яъне устухон худ ба худ мешиканад ё бо андаке таъсир мешиканад ё чизи дигар?

Бале, шикастани патологӣ (осебшинохтӣ) ҳолати то ҳадде ғайритабиии шикастани устухон аст, ки аз сабаби беморӣ ё оризае дар андоми инсон аст. Яъне агар устухон дурушту пурқувват бошад, дар ҳолати уфтодан ё бо андаке осеб дидан намешиканад. Вале агар устухон пук бошад, бо андаке осебдидагӣ, масалан уфтодан аз зинапоя ё ҳангоми роҳ рафтан ҳам метавонад ба осонӣ шиканад. Яъне ин ҳолати меъёр нест, ғайримеъёрӣ аст, аз ин рӯ ба он патологӣ (осебшинохтӣ) мегӯянд.

Ҳангоми шикастагии патологӣ (осебшинохтӣ) оё бемор дар устухонҳояш дарде эҳсос мекунад?

Он қисмат аз бадан, ки шиканад, ҳатман дард ҳам мекунад, ҳаракат маҳдуд мешавад ва дар ноҳияи шикастагӣ варам пайдо мешавад.

Аммо оқибати остеопороз чи аст? Ман ҷое хондам, ки дар натиҷаи остеопороз сутунмуҳра мумкин аст аз байн биравад? Ё ин сабаб мешавад, ки дандаҳо (қабурғаҳо) ба кос наздик мешаванд ё ба он мечаспанд? Оё инҳо дуруст аст?

Остеопороз агар табобат нашавад, боиси кӯзпуштӣ ё бардамидагии қафаси сина, пастшавии сатҳи муҳраҳо, шикастагии фишорӣ, дардҳои шадид ва ғайра мешавад. Яъне агар остеопороз дошта бошед ва онро мудово накунед, ин оризаҳо пайдо мешавад. Гоҳ пас аз шикастан ҷӯш нахурдани устухонҳо ҳам мушоҳида мешавад, ки инҳо ҳама аз остеопороз ё пукии устухон аст.

Аммо нишастани сутунмуҳра чи тавр иттифоқ меуфтад?

Дар ҳолати ибтило ба бемории остеопороз устухонҳо пук мешавад, вақте устухон пук шавад ва вазни сангине болои он бошад, ин амр боиси суфта шудан ё фишурдагии (компрессияи) пайвандҳои устухон мешавад. Ин ҳолат дар ҳар муҳраи сутунмуҳра таъсир мегузорад ва сатҳи он паст мешавад. Таракхӯрдагиҳое дар он ба вуҷуд меояд, ки боиси дард ё каҷии сутунмуҳра мешавад. Баъдан, бубинед, ки бисёре аз мардум гирифтори бемориҳое монанди артроз (соидагии устухонҳо ва мафосил) ва ё остеохондроз ҳастанд, ки онҳо низ ба пук шудани устухон, камқувват шудани он, кам шудани ғилзати он ё фишори зиёд бар он рабт дорад.

Пас артроз ҳам аз норасоии аносири устухонӣ буруз мекунад?

Бале, вақте мо артрозро табобат мекунем, дар ин маврид ҳам бояд ғилзати устухон ва аносири ташкилдиҳандаи устухон санҷида шавад. Инҳо муҳим аст, хеле муҳим аст.

Сипос барои суҳбати ҷолиб!

Саломат бошед!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст