{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Ҳосилшавии санг дар гурдаҳо аз таъсири ҳарорати муҳити зист.

Пӯшида нест, ки ҳарорати муҳити зист барои рушди организм аҳаммияти хос дорад ва баъзан тағйирёбии он сабаби ба амал омадани ҳар гуна бемориҳо мегардад.

Ҳарорати муътадил ё ҳарорати меъёри муҳити зист барои рушди организм ҳудудан аз 18 то 24ос-ро ташкил мекунад. Ҳарорати дохилии организм ҳам ба сатҳи ҳарорати муҳит вобастагӣ дорад. Аз 36,5 то 36,6ос тағйирёбанда аст.

Бадани инсон ба тарзи аҷиб сохта шудааст ва ҳар як узв вазифаҳои махуси худро дорад, ки онҳо ба ҳам алоқамандии зич доранд. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво ва муҳити зист низ ба вазифаҳои онҳо бетаъсир намемонад. Аз ҷумла ба кори гурдаҳо ва узвҳои маҷрои пешоб.

Чи тавре, ки дар мақолаҳои пешин дарҷ гардида буд, яке аз сабабҳои пайдоиши  санг дар гурда ва роҳҳои пешобрав - таъсири ҳарорати иқлим ва шароити геохимиявии ҷойи зист мебошад.

Аз рӯи омори солҳои охир низ муайян шудааст, теъдоди касоне, ки аз бемории санги гурда ва роҳҳои пешоб ранҷ мебаранд, сол то сол бештар мешавад, ки ин ба тағйирёбии иқлим ва норасоии миқдори кофии моеъ дар бадан вобастагии зич дорад.

Ин раванд чи тавр сурат мегирад…?

Ҳангоми баландшавии ҳарорати ҳаво (аз 30ос боло), гармии зиёд ба пӯст таъсир карда, ғадудҳои арақбарор фаъол мегарданд. Дар натиҷаи зиёд арақ кардан (гипергидроз) моеъоти организм, аз қабили намакҳо, витаминҳо ва минералҳо ба миқдори зиёд аз организм дафъ мешавад ва организм камоб (дегидротатсия) мегардад. Аз сӯи дигар миқдори нафаскашӣ зиёд гардида, ин низ як миқдор оби баданро хориҷ мекунад ва бадан камоб мешавад.

Ғайр аз ин дар вақти гармо миқдори бактерия ва уфунатҳо афзоиш ёфта, ба воситаи истеъмоли обу сабзавот ва меваҳо ба организм ворид шуда, кори системи ҳозимаро вайрон мекунад, ки дар пайи он бемориҳои уфунии дастгоҳи меъдаву рӯда, аз қабили исҳол ба амал меояд. Дар ин маврид ҳам обу электролитҳо аз бадан шуста мешаванд ва организм ба камобӣ дучор мешавад.

Инчунин гурӯҳи ашхосе ҳастанд, ки дар муҳити кушод ё дар саҳро кору фаъолият мекунанд: аз қабили деҳқонон, роҳсозон, куҳнавардон, ронандагон ва гайра, ки ин афрод низ ба гурӯҳи хатар (риск) дохил мешаванд.  Ин мушкилӣ дар атфол хеле кам дида мешавад.

Механизм ё раванди пайдоиши санг дар гурдаҳо

Бар асари камобшавии организм, хун то андозае кам ва ғафс мешавад, ки дар натиҷа гардиш ва полоиш (филтрасия)-и он дар гурдахо суст гашта, ғилзат (консентратсия)-и пешоб баланд мешавад ва раванди булуршавии (кристализатсияи) пешоб шурӯъ мешавад (ҷамъшавӣ ва ба ҳамдигар часпиши намакҳои таркиби пешоб). Дар сурати барқарор накардани моеъи талафёфта ё барқарор накардани ҳаҷми хуни бадан, ин раванд торафт ҷараён мегирад ва булурҳо ба якдигар ҷазб шуда, ядрои сангро ташкил мекунанд. Дар натиҷа булурҳои дигар низ ба ядрои санг часпида, сангҳо торафт бузургтар шудан мегиранд

Сипас, дар пайи пайдоиши сангҳо дигар ихтилолҳо дар гурда ва роҳҳои пешоб сар мезанад. Бояд ҳушдор дод, ки ин ҳодисаи кимиёӣ дар ҷисми шахсоне, ки гурдаҳои онҳо сангсозанд, зудтар ҷараён мегирад!

Пешгирӣ аз ин ҳодиса.

Аз ин хотир ин афрод бояд, хусусан, дар фасли гармо дар шабонарӯз на камтар аз 2000-3000мл (2-3л) моеъ нӯшанд, то ки моеъи талафшуда барқарор  шавад ва аз пайдоиши санг дар гурдаҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Тарзи дурусти истеъмоли ғизо низ метавонад сабаби пешгирӣ аз раванди сангҳосилшавӣ гардад, яъне истеъмоли барзиёди маҳсулоти гуштӣ, донагиҳои полезӣ, шоколод ва каҳваи сиёҳ низ тавсия дода намешавад. Чунки дар натиҷаи хӯрдани ин маҳсулот муҳити пешоб асид пайдо карда, раванди сангҳосилшавиро метезонад. Муҳити пешоб (рН) бояд дар ҳудуди аз 6,0 то 7,0 карор дошта бошад.

Шахсоне, ки гурдаҳояшон сангсозанд, бояд дар фасли гармо ҳадиқалл ҳар моҳ аз муоинаи уролог гузаранд ва зери назорат бошанд, то ки аз сангҳосилшавии бармаҳал ҷилавгирӣ кунанд.    

Тарзи ҳаёти солим аз ҳама гуна бемориҳо пешгирӣ мекунад! 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст