{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Омилҳои беруна ба чашмони мо чӣ таъсир мерасонад?

Олимон мегӯянд, ки мо 90 дарсади маълумотро дар бораи ҷаҳони атрофамон тавассути чашмонамон дарёфт мекунем.

Мо дар асри фанновариҳои компютерӣ, суръатҳои баланд ва муҳити номусоиди экологӣ зиндагӣ мекунем ва ҳамаи ин пеш аз ҳама ба дастгоҳи биноии мо таъсири манфӣ мерасонад. Барои мисол риоят накардани беҳдошт (гигиена)-и биноӣ, кам шудани биноӣ аз тамошои телевизор ва кор бо компютер, сироятҳо, ҷароҳатҳои гуногун ва дигар бемориҳои чашм далел шуда метавонанд.

Оё мушоҳида кардаед, ки биноии шумо вақтҳои охир дучори мушкил шудааст?

Дар зиндагии рӯзмарраи мо як ё чанд омиле, ки метавонанд боиси мушкили биноӣ гарданд, вуҷуд доранд. Барои мисол, компютер ё дигар манобеъи нурпошии электромагнитӣ метавонанд дар чашмон мушкилоти зеринро:

1. Эҳсоси хушкӣ ва сӯзиш дар чашмон;

2. Сурхшавии чашмон ва илтиҳоби рагҳои хунгард;

3. Мушкилот дар тамаркузи нигоҳ;

4. Паст шудани биноӣ ва ғайраро ба бор оранд.

Яке аз мушкилоти дигар, рӯшноии нокофӣ ё нодурусти ҷои корӣ мебошад. Рӯшноии дуруст интихобшудаи ҷои кориро, бештари мутахассисон кафолати саломатии биноӣ унвон мекунанд. Дар итихоби рӯшноии ҷои кориатон, ҷои дурусти насби рӯшноидиҳандаи маҳдуд (ломпи рӯи мизӣ) ва умумиро аниқ кунед. Ин кор равшании баробари ҷои кориатонро таъмин намуда, чашмони шуморо аз сарбории зиёд ҳифз мекунад. Пеш аз ҳама рӯшноӣ  бояд барои чашмони шумо бароҳат бошад.

Тартиб додани реҷаи дурусту муносиби рӯз ва кам кардани кор бо компютер ҳатмист. Инчунин, ҳар 20-30 дақиқа ҳангоми кор бояд мунтазам танаффус кард.

Одатҳои бад:

Ин ки сигоркашӣ ба шуш ва системи дилу раг зарар дорад, бар касе пӯшида нест. Аммо никотин ва сионидҳо , ки дар таркиби маҳсулоти тамокуӣ вуҷуд доранд, низоми таъмин намудани хун дар чашмонро низ халалдор намуда, боиси бемории конюктивит, басташавии рагҳои хунӣ ва ҳатто оби марворид (катарката) мешавад. Пас барои солим нигаҳ доштани биноии худ аз ин одати бад даст кашед.

Истеъмоли шароб ва маводи мухаддир низ барои системи биноии инсон зиёновар аст. Шароб ва води мухаддир ба мағзи сар таъсир зиёд доранд, бахусус ба маҳалҳое, ки ҷавобгӯи системи биноӣ ҳастанд. Истеъмоли аз ҳад зиёди ин мавод ҳатто метавонад инсонро нобино гардонад.

Ирсият:

Бемориҳои системи биноӣ, монанди наздикбинӣ, дурбинӣ, астигматизм, оби марворид(катаракта) аз омилҳое ҳастанд, ки тамоюли ирсӣ низ доранд.

Генҳои аз падару модар ё бобову бибӣ ба ирсбурда метавонанд даҳсолаҳо хомӯш бошанд ва ногаҳон дар ҳар синну соле метавонанд якбора фаъол шаванд.

Барои пешгирии ин кор, кӯшиш кунед на камтар аз як бор дар сол ба қабули чашмпизишк ҳозир шавед ва аз ташхиси ҳамаҷониба гузаред. Сари вақт ошкор гардидани халалҳо дар системи биноӣ ва табобати дурусти онҳо ба шумо имкон медиҳад биноиятонро то охири умр ҳифз кунед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст