{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Ҳофиза падидаи нодири одамӣ

Ҳофиза ё хотираи инсон падидаи нодирест. Баъзе аз шаклҳои ҳофизаро ҳатто соддатарин организмҳои якҳуҷайра низ доро мебошанд. Аммо одамон бисёр вақт дар бобати пастшавии ҳофизаашон шикоят мекунанд. Оё имконоте вуҷуд доранд, ки инсон ҳофизаашро ҳифз ва беҳтар намояд?

 Ҳофизаи инсон чист? 

Дар зери мафҳуми ҳофиза, хусусияти мағзи сарро меноманд, ки имкон медиҳад маълумотҳои гуногун сабт, нигаҳдорӣ ва дар ҳолати зарурӣ айнан пахш карда шаванд. Дар ҳоли ҳозир назарияҳои гуногуне дар бораи ҳофиза аз ҷониби мутахассисон ироа шудаанд. Аммо то ба ҳол илми муосир, чӣ гунагии ҳифз ва дар хотир нигаҳдории маълумотро аз ҷониби ин ҳофиза ба пуррагӣ муаяйн накардааст. Мумкин аст дар солҳои наздик олимон сирри ҳофизаро кашф кунанд ва мушкилоти он бартараф гардад. Аз ҳама аҷиб, ҳар инсон тариқи ба худ хоси дар ёд нигаҳдории маълумотро дорад. Маълумотҳои илмӣ низ вуҷуд доранд, ки самаранокии ин ё он тарзи қавигардонии ҳофизаро тасдиқ менамоянд. Ва барои ҳар навъи ҳофиза, тарзи хосе вуҷуд дорад.

Навъҳои ҳофизаи инсон:

Одатан чунин меҳисобанд, ки ҳамаи одамон ба се даста тақсимбандӣ мегарданд:

а) онҳое, ки чизҳои дидаашонро беҳтар дар ёд нигаҳ медоранд;  б)

онҳое, ки чизҳои шунидаашонро беҳтар дар ёд нигаҳ медоранд; 

в) ва онҳое, ки ҳангоми навиштан маълумотро дар хотирашон нигаҳ медоранд.

Яъне ҳофизаи одамӣ муоинашаванда (визуалӣ), сомеъӣ (шунидашаванда) ва муҳаррикӣ мешавад.

Агар тавсифи замонии ҳофизаро ба инобат гирем, он вақт дарк мекунем, ки ҳофиза мустақим, амалиётӣ ва дарозмуддат мешавад. Яъне баъзе чизҳоро мо, танҳо чанд сония ҳифз мекунем ва баъзе маълумоти дигарро солҳои сол дар хотири худ нигаҳ медорем.

Чи чиз ба ҳофизаи мо таъсиргузор аст?

Омилҳои зиёде метавонанд ба ҳофизаи инсон таъсир расонанд ва онро қавӣ ва заиф гардонанд.

Омили аввал - аҳамияти маълумот ба шумор меравад. Ҳар қадар маълумот барои мо аҳамият дошта бошад, ҳамон қадар беҳтар мо онро дар ёди худ нигаҳ медорем. Аммо на ҳамеша. Равоншиносон бар ин боваранд, ки агар одам чизеро ҳамеша фаромӯш кунад, бояд биандешад, ки чи мушкилоти равонӣ бо ин маълумоте, ки ҳамеша "аз ёд меравад" алоқамандӣ дорад. Ҳақиқати мусаллами дигар ин аст, ки ҳофиза зери таъсири сахти ҳормонҳо қарор дорад. Барои мисол поин рафтани сатҳи эстрожен ҳангоми бемориҳои гинекологӣ, ба поин рафтани ҳофизаи занон мунҷар мегардад. Табибон муаяйн кардаанд, ки ба раванди ҳифзи маълумот аз ҳама бештар ҳормонҳои ғадуди сипаришакл таъсиргузор мебошанд. Ҳатто каме поин рафтани сатҳи ин ҳормонҳо, заиф гардидани ҳофизаро ба бор меорад. Барои истеҳсоли ҳормонҳои ғадуди сипаришакл йод, витамини В2  ва руҳом(синк) аз масолеҳи зарурӣ ба шумор мераванд. Мутаассифона имрӯз бештари одамон (хусусан дар кишвари мо) миқдори зарурии йод ва витаминҳои гурӯҳи В ро аз ғизо ба даст намеоранд. Ва мушкил ин ҷо, нафақат дар тағзияи номукаммал нуҳуфтаст. Гарчанд алакай собит шудааст, ки тағзияи дуруст ба қавигардии ҳофиза мусоидат мекунад. Маводи хосе вуҷуд доранд, ки равандҳои биохимикии дар ҳуҷайраҳои мағзи сар ба вуқӯъ пайвастаро суръат бахшида, онҳоро таҳрик мекунанд. Танҳо муҳим аст, вуруди доимии онҳоро ба организм, бо маводи ғизоӣ ё доругии махсуси дигар назорат намуд. Умуман олимон муътақиданд, ки дар бештари мавридҳо ҳифзи ҳофиза ва беҳтар намудани фаъолияти он, чандон кори душвор нест. Усулҳои зиёди ин кор вуҷуд доранд, монанди: кашидани қартаҳои ҳофиза, ҳалли кроссвордҳо ё аз ёд намудани шеър ва ғ. ва ҳар кас метавонад аз миёни онҳо усули барояш мувофиқро интихоб намояд. Инчунин рушди ҳофизаро фаъолияти ҷисмонӣ ва сафар кардан (ҳатто ба масофаи наздик) таҳрик менамоянд. Дар ҳар сурат тарзи ҳаёти солим, даст кашидан аз аъмоли зараровар ва фаъолияти ҷисмонӣ, аз ҳама тарзи оддии нигаҳдории ҳофиза барои солҳои тӯлонӣ ба шумор мераванд. Пастшавии ҳофизаро низ мешавад пешгирӣ намуд ва хушбахтона тавони нигаҳдории ҳофизаро ҳар инсон доро мебошад. 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст