{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

“Оби сиёҳ” шахсро кӯр мекунад?

Глаукома ё оби сиёҳ, аз ҷумлаи бемориҳоест, ки ба узви биноӣ рабт дорад. Дар бемории мазкур фишори дохилии чашм аз меъёр баланд шуда, гардиши хун дар торҳои асаби чашм тағйир ёфта, фаъолияти ҳуҷайраҳои ретиналии чашм низ суст мегардад. Дар ҳолати табобати пурра нагирифтан, ин беморӣ шахсро нобино месозад.

Нишонаҳои бемории оби сиёҳ  ба намудҳои он, ки  кунҷкушода ва кунҷмаҳкам мебошанд, вобастагӣ дорад. Шахс дар марҳилаҳои аввали беморӣ дард ва вазнинӣ дар мавзеи чашм, тангии майдони биноиш, пайдо шудани рангорангӣ, ҳангоми равшании зиёдро эҳсос мекунад.  

Сабабҳои асосии бемории оби сиёҳ ирсӣ буда, ҳамчунин, намуди модарзодӣ ва иқтисобӣ мавҷуд аст. Навъи иқтисобӣ аз таъсири омилҳои берунӣ, дар натиҷаи ҷарроҳат бардоштани чашм, расидани маҳлулҳои кимиёвӣ ба миён меояд. Табобати беморӣ вобаста ба навъҳои он сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал агар навъи бемории оби сиёҳ кунҷкушода бошад, ба бемор табобати доруӣ таъин карда мешавад. Дар ин марҳила, беморро зарур аст ҳар моҳ аз назорати чашмпизишк гузарад. Агар намуди бемории оби сиёҳи кунҷмаҳкам бошад, танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа кардан имкон дорад.

Шаҳло Бобоҷонова, чашмпизишки Бемористони Ибни Сино  мегӯяд: "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ".  Яъне агар шахс дар худ аввалин нишонаҳои  бемории оби сиёҳро ҳис намуда, саривақт ба мутахассис муроҷиат намояд, муолиҷаи он камхарҷ ва натиҷабахш сурат мегирад.    

Бемористони  Ибни  Сино  бо таҷҳизоти навтарини муосир муҷаҳҳаз гардида, дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд.  Ин омилҳо ба мутахассисони шӯъба имкон медиҳанд, ки бемориҳои гуногуни чашм ва аз он ҷумла, оби сиёҳ, оби марворидро бо муваффақият ташхис ва табобат намоянд. Агар Шумо ё пайвандонатон аз ин беморӣ азият мекашанд, метавонанд ба бемористони мо муроҷиат намуда, мушкилии ҷойдаштаро ҳал намоянл. 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст