{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

МУАРРИФИИ БАХШИ ТАШХИСИ ФУНКСИОНАЛӢ

Ташхиси функсионалӣ яке аз самтҳои муҳими тиб ба шумор меравад. Ин намуди ташхис имрӯз дар бештари дармонгоҳҳову бемористонҳо фаъолият намуда, ба шакли утоқҳо ва бахшҳои бо таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст.

Ташхиси функсионалӣ ба табибон имкон медиҳад, бемориҳои гуногунро дар марҳилаи ибтидоии онҳо ошкор намоянд ва табобати дурустро ба роҳ монанд.

Бахши ташхиси функсионалии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои муҳими бемористон аст, ки бо тамоми дастгоҳҳои лозима муҷаҳҳаз аст:

- ЭКГ (кардиография барқӣ); 

- Эхо-КГ (эхо кардиография);

- Спирометр (усули ташхиси нафаси беруна, ки аз ҳаҷми нафас ва суръати нафасгирӣ иборат аст); 

- Ташхисҳои рентгенӣ (Томографияи компютерӣ ва рентгенография).

- Ташхиси сонографӣ (УЗИ);

- Тести варзиш (ташхиси функсионалии системи дилу рагҳо барои муайян кардани мавҷудияти бемории ишемикии дил); 

- Ангиография (ташхиси рагҳои хунгард);

Ин таҷҳизот имкон медиҳад табибон ташхиси дурусти ҳар бемориро муайян намуда, табобати саҳҳеҳ ва босамарро ба роҳ монанд.

Бахши ташхиси функсионалӣ дар табақаи дуввуми бемористон ҷойгир аст. Реҷаи кории ин бахш:

- рӯзҳои душанбе - ҷумъа аз соати 8.00 то 16.30;

- рӯзҳои шанбе бошад аз соати 8.00 то 13.00;

Бахши ёрии таъҷилии бемористон 24 соат фаъол аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст