{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Бемористони Ибни Сино дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни шуморо табрик мегӯяд.

Мардуми шарифи  Тоҷикистон ҳамасола санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад.

Аз ин лиҳоз, Рӯзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборӯзии модарон ва занон аст.

Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад.

Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.

Ҳамду сано ба зан — модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад  ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст.

Бори дигар тими Бемористони Ибни Сино дар симои бонувони бемористон ҳамаи шумо – модарону бонувон ва хоҳарони меҳрубонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврӯзи оламафрӯзи фархундапай рўзгори пур аз баҳорро таманно дорем.

Идатон муборак бошад, модарон, бонувон ва хоҳарони гиромӣ!

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст