{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Миомаи бачадон танҳо бо ҷарроҳӣ муолиҷа мешавад?

Миомаи бачадон  яке аз бемориҳои занона буда, хоси бонувони борварӣ  мебошад. Ҳар зане, ки баъд аз муоинаи ултросадоӣ донад, ки дар бачадонаш миома пайдо шудааст, ӯро як ҳолати ноумедкунанда фаро мегирад. Яъне аввалин ҳарфе, ки ба забон меорад:  “ба бемории омосӣ гирифтор шудаам, маро ҷарроҳӣ мекунанд”,  мебошад.  Бояд қайд кард,  ки намудҳои гуногуни  беморӣ вуҷуд дошта, тарзи муолиҷаи он низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои равшани андохтан ба ин мавзӯъ суҳбате доштем  бо Ситора Қодирова  ҷарроҳ –гинекологи Бемористони Ибни Сино, ки муҳтавояш чунин аст:

Духтури гиромӣ! Мехостем дар бораи миомаи бачадон суҳбати кӯтоҳе дошта бошем. Мегуфтед, ки ин чӣ гуна беморӣ аст ва чӣ аломатҳо дорад?  

-Миомаи бачадон  омоси хушсифат буда, зиёдтар ҳангоми борварӣ (репродуктивӣ) мушоҳида мешавад. Аломатҳои беморӣ ба андоза, теъдоди гиреҳҳои миоматозӣ ва  ҷойгиршавии онҳо  вобастагӣ  дорад. Дар баъзе маворид  ин беморӣ ягон аломаташро нишон намедиҳад. Танҳо баъд аз муоинаи ултрасадоӣ  вуҷуди миомаи бузург дар бачадон муайян карда мешавад. Агар ҷараёни беморӣ аломатдор  бошад, шахси бемор аз дарди зиёд ҳангоми ҳайзбинӣ, хунравии аз як ҳафта зиёд, тарашшуҳоти ихтилоли (патологӣ) аз маҳбал, исқоти ҳамл, дарди косу миён ва пойҳо, вайроншавии фаъолияти узвҳои ҳамсоя, бо душворӣ пешоб кардан  ва қабзият шикоят мекунад.   

Қайд кардед, ки яке аз аломатҳои миома аз теъдоди гиреҳҳо ва  ҷойгиршавии онҳо вобаста  мебошад. Ин андешаи шумо чиро ифода мекунад?

-Миомаи бачадон дар се ҳолат инкишоф меёбад. Аввалаш интрамуралӣ,  яъне дар дохили  миометрӣ,  дуюм намудаш  субмукозӣ дар дохили эндометрӣ  ва сеюмӣ субсерозӣ  дар кабати серозии бачадон ва ё берун аз он, дар пайвандакҳо  ё узвҳои ҳамсоя ба вуҷуд меояд.  

Сабабҳои пайдоиши беморӣ кадом аст?

-Якчанд омилҳое вуҷуд дорад, ки  барои ба вуҷуд омадани миома замина мегузоранд. Инҳо исқоти зиёди ҳамл, вайроншавии ҳормонҳо, фарбеҳӣ, буриши қайсарӣ ва фишорбаландии шараёнӣ  мебошад.

Раванди муоинаи беморӣ ва табобати он чӣ гуна сурат мегирад?

- Пеш аз ҳама гинеколог  беморро муоина мекунад. Баъдан вобаста  ба вазъ колпоскопия, ултрасадо (УЗИ),  гистероскопия, лапароскопия, ҳамчунин, томографияи компютерӣ  ё томографияи магнитӣ- резонансӣ гузаронида мешавад. Ин усулҳои муоина барои муайян кардани андоза ва ҷойгиршавии миома кӯмак мерасонад. Муолиҷа бошад, аз намудҳои  он  вобастагӣ  дорад. Масалан, агар миома беаломат бошаду андозааш  бетағйир монад,  ба табобат эхтиёҷ надорад, танҳо дар назорати духтур будани бемор муҳим аст.

Табобати консервативӣ  бо кадом мақсад гузаронида мешавад. Оё имкон надорад, ки барои якбора аз беморӣ озод шудан табобати ҷарроҳӣ гузаронида  шавад?

-Мақсади  табобати  доругӣ  хурдшавии  (регрессия) гиреҳҳо ё бартарафкунии аломатҳои  миомаи бачадон мебошад.  Барои гузаронидани ҷарроҳӣ чанд омилҳое ҳаст, ки духтур ҳамаи онро ба назар гирифта, баъдан хулосаашро мебарорад. Масалан, тасмими табобат бо усулӣ  ҷарроҳӣ  вобаста ба синну сол, андоза ва ҷойгиршавии гиреҳҳои миоматозӣ сурат мегирад.

-Андешае миёни занҳо роиҷ аст, ки таваллуди фарзанд, яке аз роҳҳои муолиҷаи миомаи бачадон мебошад. Оё ин андеша асоси илмӣ дорад?

-Ҳама вақт чунин нест. Зеро ҳангоми ҳомиладорӣ,  дар натиҷаи  эстерадиол зиёд шудан, андозаи миома хурд мегардад, ки ин падидаи муваққатӣ аст. Вале агар ҳаҷми миомаҳо бузург бошад, кӯмак намекунад.  Ҳангоми зан менопауза (климакс) мешавад, ба хотири муътадил сохтани ҳолати зан доруҳои зарурӣ  тавсия дода мешавад, ки аз таъсири он анзодаи миома хурд шуда,  дигар афзоиш намеёбад. Дар сурати пайдо шудани миома дар бачадон занон набояд руҳафтода шаванд, чунки асабонияти зиёд барои хурӯҷӣ ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла, худи миома, замина мегузорад.

 

 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст