{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

МАҲСИ МУОЛИҶАВӢ ВА МОҲИЯТИ ОН

Маҳси муолиҷавӣ усули қадимӣ ва самарабахши табобат ва  пешгирии бемориҳои гуногун мебошад. Ҳар рӯз ҳазорон одамон дар саросари ҷаҳон барои кӯмак ба маҳсгарони касбӣ муроҷиат мекунанд. Таъсири босамар ва муассири маҳс аз замонҳои қадим мушоҳида ва омӯхта шудааст. Имрӯзҳо бо ёрии ин усул шумо метавонед мушкилоти  равонӣ, неврологӣ, биомеханикӣ  ва физиологии худро ҳал кунед.

Маҳсро дар хона анҷом додан мумкин аст, аммо агар шумо ба мутахассисони ботаҷриба муроҷиат кунед, самараи бештаре ба даст оварда метавонед. Вақте ки маҳси бо ҳадафи муолиҷавӣ лозим аст, муносибати тахассусӣ махсусан муҳим мебошад. Танҳо духтури ботаҷриба медонад, дар ҳолате, ки шумо қарор доред, вобаста ба вазъи саломатиатон чӣ кор кардан лозим аст.

Аксар вақт маҳси муолиҷавӣ бо мақсадҳои эстетикӣ - барои  тақвияти чандирии пӯст, мубориза бо ожангҳо истифода мешавад. Сарфи назар аз он, ки тибби муосир доираи васеи усулҳои гуногуни табобатро истифода мекунад, маҳси муолиҷавӣ аз сабаби тақрибан надоштани таъсири манфӣ, самаранокии баланди муолиҷавӣ нишон медиҳад.

Ҷавоби бадан ба маҳс бо як қатор вокунишҳои хос ифода меёбад:

- Бартараф шудани шиддатнокии мушакҳо (гипертонус), ки боиси қатъ шудани дарди сутунмӯҳра ҳангоми остеохондроз ва буғумдард мегардад, фаъолияти онҳо зиёд мешавад.

- Ҳолати рагҳои хунгард тағйир меёбад ва гардиши хун беҳтар мешавад.

- Фаъолияти узвҳо ва системаҳои гуногун меафзояд, ки ин боиси беҳтар шудани кори узвҳои дохилӣ мегардад, ҳолати системаи марказии асаб беҳтар мешавад.

Моҳияти эстетикии маҳси муолиҷавӣ дар он аст, ки пӯст аз қабати болоии ҳуҷайраҳои мурда тоза шуда, нафаскашии бофтаҳо беҳтар мешавад, сершавии оксигени ҳуҷайраҳо, равандҳои мубодилаи моддаҳо ва равандҳои барқарорсозии пӯст фаъол мешаванд. Дар баробари ин, кори ғадудҳои равған ва арақбарор беҳтар мешавад, пӯст чандиртар ва нармтар мешавад, ки боиси ҷавон шудани он мегардад.

Манфиатҳои  маҳси муолиҷавӣ зиёданд

Ҷараёни хун ва лимфаро беҳтар мекунад; ба афзоиши ҷараёни гардиши хун кӯмак мекунад ва инчунин гардиши лимфаро дар бадан муътадил мекунад, зеро ба бофтаи мушакҳо фаъолона таъсир расониданаш мумкин аст.

Ба туфайли муътадил шудани гардиши хун организм аз заҳрҳо, пеш аз ҳама, кислотаҳои пешоб ва лактикӣ тоза карда мешавад, ки ин ба саломатии бемор таъсири мусбӣ мерасонад.

Барқароркунии мушакҳоро мусоидат мекунад

Маҳс ба бофтаи мушакҳо фаъолона таъсир мерасонад, гардиши хунро дар мушакҳо беҳтар мекунад ва чунонки гуфтем, он барои тоза кардани бофтаи мушакҳо аз токсинҳо кӯмак мекунад ва ин ба барқароршавии тезтари мушакҳо мусоидат менамояд.

Дарди сар ё мигренро бартараф мекунад

Бисёр вақт мо аз дарди сар шикоят мекунем, зеро аз сабаби зиёд дар як ҷо нишастан, ҳолати нороҳатӣ ё ҳолати бадро эҳсос мекунем, гардиши хунамон халалдор мешавад, асабҳои гардан фишурда мешаванд.  Маҳс ба Шумо имкон медиҳад, ки ин мушкили дарди сарро паси сар намоед.

Маҳс сифати хобро беҳтар мекунад

Ин тарзи муолиҷа ба ворид шудани мавҷҳои махсуси делта ба мағзи сар мусоидат мекунад, ки барои хоби зудрас ва амиқ масъуланд. Ҳамин тавр, Шумо метавонед беҳтар ва пурратар истироҳат кунед!

Маҳс шуморо ҷавон мекунад

Маҳс ба шумо кӯмак мекунад, ки худро беҳтар эҳсос намоед. Дар натиҷаи он, аз сабаби ба эътидол омадани гардиши хун ва ҳамзамон тоза шудани ҳуҷайраҳои мурдаи пӯст, одамоне, ки мунтазам бо табобати маҳс машғуланд, метавонанд аз синну соли худ ҷавонтар ба назар расанд.

Масҳ барои бартараф кардани нишонаҳои дард (аз ҷумла зуҳури PMS ва дарди музмин) кӯмак мекунад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст