{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Менингиома (Омоси хушхими мағзи сар)

Дар илми пизишкӣ ба омоси хушхими мағзи сар менингиома мегӯянд. Ин омос дар дохили косахонаи сар шакл гирифта, дар пардаи нарми мағзи сар рушд мекунад.

Менингиома бемории паҳнгардида ва бисёр хатарнок ба шумор меравад. Чаро ки ҳар вараме дар дохили косахонаи сар метавонад бузург шуда, мағзи сарро фишор диҳад. 

Тибқи оморҳои тиббӣ, ин беморӣ бештар дар занон (аз 40 то 70 сола) ба чашм мехӯрад. Сабаби рушди менингиома дар занон ҳормонҳои ҷинсӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин, менингиома дар мардон ҳам зиёд мушоҳида мешавад ва бештар хусусияти бадхимӣ (злокачественность) дорад. 

Омосҳои мағзи сар бисёр вақт сабаби ирсӣ доранд ва дар натиҷаи бемориҳои ирсӣ, монанди - нейрофибромотоз пайдо мешаванд. Инчунин, менингиома метавонад ҳангоми саратони ғадудҳои ширӣ ҳам пайдо шавад. Рентген, ҷарроҳатҳои сар ва истеъмоли нитратҳои ғизоӣ низ хатари сар задани ин омосро боло мебаранд.

Омос оҳиста - оҳиста бузург мешавад ва муддати тӯлонӣ метавонад аз худ ҳеҷ дараке надиҳад. Яке аз нишонаҳои аввалини менингиома дарди сар ба мебошад. Дард бештар  дар қисмати пушти сар, пешонӣ ва чаккаҳо пайдо мешавад. Дард метавонад хусусиёти гуногун дошта бошад. Метавонад мубҳам, нолишкунанда (сим-сим) ва шадид бошад. Бо мурури рушди омос нишонаҳои дигари он низ буруз мекунанд, ки иборатанд аз: 

- заъф дар дасту пойҳо;

- паст шудани нерӯи биноӣ;

- дугонаӣ дар биниш, поин шудани  пилки чашмон;   

- халалдор гаштани ҳассосияти баъзе қисматҳои пусти бадан;

- ихтилолоти отифӣ.                     

Дар ҳолати сари вақт муайян ва табобат накардани беморӣ, омоси бузургшуда бофтаҳои мағзиро фишор медиҳад. Дар натиҷа фишори дохиликосахонагӣ якбора боло рафта, инсон гирифтори дарди сари шадид, дилбеҳузурӣ ва қайкунӣ мешавад. Ин ҳолат ҳаёти инсонро ҳам ба хатар меандозад. Барои тайид ё радди менингиома, бемор бояд як қатор ташхисотро гузарад. Яке аз ташхисоти ҳатмӣ, томографияи компютерӣ ва резонанси-магнитикии мағзи сар мебошад.     

Менингиомаро одатан бо роҳи амали ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Аммо дар қатори амали ҷарроҳӣ, инчунин равиши стереотоксӣ, табобати шуъоӣ ва рентгениро низ истифода мебаранд.

Барои табобати муассир, муроҷиати саривақтӣ ба мутахассис аҳамияти вежа дорад. Ҳангоми муроҷиаи сари вақтӣ ва хушхим будани омос, онро мешавад бо як амали ҷарроҳӣ дур кард.  

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст