{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Роҳҳои муолиҷаи рухҷӯш ё нарак (Acne vulgaris) дар бузургсолон ва наврасон

Рухҷӯш (acne vulgaris), ки дар Тоҷикистон мардум ба он “нарак” мегӯянд ва дар миёни порсизабонон бо номи “ҷӯши ғурури ҷавонӣ” ҳам маъруф аст, бемориест, ки бар асари он фоликуллаҳои мӯй ва ғадудҳои чарбии пӯст (sebaceous gland) осеб мебинанд.

Ин беморӣ аз бемориҳои маъмулии пӯст буда, ҷавонписарон назар ба духтарон дертар дучор мешаванд. Тақрибан 85 дарсади одамон аз синни 12 то 25-солагӣ аз рухҷӯш ё нарак азият мекашанд. Аз ин теъдод шаш то ёздаҳ дарсадашон афроди аз синни 25 боло мебошанд, ки баъд аз 40-солагӣ ҳам аз он ранҷ мебаранд. Ин беморӣ аксар вақт боис мешавад пайк ё пайи захм ва ҷароҳатҳо дар пӯст боқӣ бимонад ва инсонро дучори мушкилоти равонӣ кунад.

Омилҳое, ки ба пайдоиши ин мушкил мусоидат мекунанд, инҳоянд: ирсӣ ё меросӣ, пӯсти рӯғанӣ, тағйироти ҳормонӣ дар вуҷуди инсон, халалдор шудани ғадудҳои андрогенӣ (нарина) бо баландшавии миқдори андрогенҳо, масунияти заиф, истресс , бемориҳои узвҳои ҳозима ё гувориш, истифода аз моддаҳои косметикии мухталиф, истифодаи дарозмуддат аз доруҳои ҳормонӣ (кортикостероидҳо, контрасептивҳо ё мавод ва васоили ҷилавгирӣ аз обистанӣ).

Рухҷӯш ё нарак метавонад дар қисматҳои гуногуни пӯст пайдо шавад (аксар вақт дар рӯй, қисми болоии қафаси сина аз пеш ва пушт).

Намудҳои рухҷӯш ё нарак: 

1. Папулярӣ (гиреҳи ранги сурхи дурахшон, ки аз пӯст баланд мешавад).

2. Пустулярӣ (дар заминаи папулаҳо ташаккул меёбад, дар маркази гиреҳ ковокии дорои чирк пайдо мешавад).

3. Флегмонозӣ (дар натиҷаи омезиши якчанд пустулаҳо ташкил ёфта, абсес ё думал пайдо мекунад).

4. Индуративӣ (инфилтрат бо сатҳи илтиҳоби папулярӣ).

5. Гиреҳҳои кистозӣ (гиреҳҳои дардовар, аксар вақт якҷоя ташаккул ёфта, бо ҳам гузаргоҳ ба вуҷуд меоваранд, ки боиси пайдоиши кистаҳо магардад).

6. Конглобатӣ (гиреҳҳои калони нимҳалқаӣ, ки дар қаъри пӯст ҷойгир шудаанд, омезиш ёфта абсес ё думал пайдо мекунанд, пас аз кушодани онҳо захми дарозмуддат шифоёбанда, ки дар натиҷаи онҳо захмҳои жарфу дурушт ба вуҷуд меоянд).

7. Тропикӣ (дар иқлими намноки гарм дар одамоне, ки қаблан аз акне ранҷ мебурданд, пайдо мегардад).

8. Инверсӣ (пайдоиши гиреҳҳо, фистулаҳо, гузаргоҳҳои фистулӣ дар хамгаштҳо, дар андомҳои таносулӣ ва ҷойҳои дигар, дар ҳоле ки пӯсти рӯй, қисми болоии қафаси сина аз пеш ва пушт осеб надидаанд).

9. Раъдӣ - босуръат (бемории вазнин бо пайдоиши босуръати гиреҳҳои дардноки зиёд, пайдоиши захмҳои амиқ, инкишофи сепсис).

Ташхиси ин беморӣ чандон душвор нест. Рухҷӯш ё нарак бо зуҳуроти хоси клиникӣ, таърихи тиббӣ ва маълумоти бадастомада ташхис дода мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, санҷишҳои иловагӣ, аз қабили таҳлили клиникии хун ва пешоб, биохимия, андозаи қанди хун, андозаи ҳормонҳои ҷинсӣ, ташхиси фаросавтии холигоҳи шикам ва кос, рентгени косахонаи сар тавсия дода мешаванд.

Муолиҷаи ин беморӣ давомнок буда, таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаро дар бар мегирад. Ба беморони гирифтори рухҷӯш тавсия дода мешавад, ки парҳезро бо маҳдуд кардани карбоҳидратҳои ҳазмашон сабук, равғанҳои гуворишашон душвор риоят кунанд. Пӯсти мушкилидошта нигоҳубини ҳамарӯзаро тақозо мекунад. 

Истифода аз кремҳои равғанӣ, малҳамҳои дорои вазелин ва ланолин, истифода аз косметикаҳои комдуженик ( comedogenic)  тавсия дода намешавад. Пешгирӣ ва табобати рухҷӯш ё нарак дар наврасон табобати себореиро дар бар мегирад. Агар вуҷуди рухҷӯш ё нарак дар вақти ба камол расидан ҳам идома ёбад, бояд сабабҳои бемориро пайдо карда, барои бартараф кардани он кӯшиш намоем.

Барои шаклҳои сабук (то 10 унсур) ва миёна (то 40 унсур) ба бемор муолиҷаи ҷузъӣ тавсия дода мешавад. Барои ин, доруҳои зерин дар шакли малҳам, гелҳо, лосионҳо истифода мешаванд: ретиноидҳои ҷузъӣ (адапален, изотретиноин, тазаротен), бензойл пероксид, антибиотикҳо, кислотаи азелӣ, руҳ, кислотаи салисилӣ. Дар шаклҳои вазнини беморӣ, муолиҷаи системавӣ дар якҷоягӣ бо ҷузъӣ тавсия дода мешавад. Антибиотикҳо аз гурӯҳи тетрасиклин (доксисилин, окситетрасилин), макролидҳо (эритромисин), иммуномодуляторҳо, витоминҳо (A, E) истифода мешаванд. Табобати ҳормониро барои занон бо истифода аз доруҳо бо таъсири антиандрогенӣ таъйин кардан мумкин аст (диане-35, андрокур-10). Яке аз муассиртарин табобат барои бухор ин изотретиноин (роакутан) мебошад.

Муолиҷаи физиотеропӣ

Таъсири омилҳои ҷисмонӣ дар муолиҷаи рухҷӯш ё нарак васеъ истифода мешавад. Ин муолиҷа маводи дармониро такмил карда, самаранокии онҳоро зиёд мекунад. Усули физиотеропӣ ба тоза кардани пӯст ва аз байн бурдани ҷӯшҳои сарсиёҳ (comedones), беҳтар кардани гардиши хун ва трофикаи бофтаҳо, суръатбахшии ҳалшавии инфилтратсияҳои илтиҳоб нигаронида шудаанд. 

Усулҳои асосии физиотеропиро барои табобати рухҷӯш ё нарак дида мебароем.

1. Дарсонвалдармонии ҷузъӣ (гардиши хун ва ғизодиҳии бофтаҳоро беҳтар мекунад, ҳосилшавии равғанро коҳиш медиҳад, бактерияҳои бадро мекушад ва мизони бактерияҳоро муътадил мекунад ва ташаккули пайкро пешгирӣ мекунад).

2. КУФ-шуоъхӯрӣ (барои аз миён бурдани бактерияҳои нолозим истифода мешавад).

3. Ултратондармонӣ (таъсири бактерисидӣ (боктерикушӣ) дошта ҷараёни микросилкуляторӣ ва гардиши лимфаро зиёд мекунад, ҷараёни барқароршавиро метезонад).

4. Магнитдармонӣ (илтиҳобро коҳиш медиҳад, гардиши хунро беҳтар мекунад).

5. Муолиҷаи лазерӣ (дорои таъсири бактерисидӣ, зидди илтиҳобӣ, равандҳои репаративиро таҳрик медиҳад.) 

6. Ултрафонофорези лидаза (ба мулоим ва ҳалшавии доғҳо, захмҳо мусоидат мекунад).

7. Истифода аз парафин ва озокерит (ҷараёнҳои барқарорсозиро фаъол мекунанд, гардиши микросиркуляториро беҳтар мекунад).

8. Бухордармонӣ (тоза кардани пӯст бо бухор). Ҳангоми ихтилоли ҳормонӣ, ки он ба пайдоиши нарак асос гузоштааст, аз муолиҷаи УВЧ-transcerebral ва transcerebral elektroanalgezia истифода мешавад. Бо мақсади ором бахшидан электросон, электрофорези доруӣ бо маводи оромибахш, франклинизатсия ва ғайра таъйин карда мешаванд.

Хулоса рухҷӯш ё нарак мушкилоти ҷиддии тиббӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Муборизаи худи бемор бо ин ориза на ҳама вақт имконпазир аст. Махсусан, барои шаклҳои вазнини ин беморӣ, ки муолиҷаашон душвор аст ва аксар вақт ба ихтилолоти гуногуни равонӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии заиф оварда мерасонад. Дар ин маворид танҳо ба кумаки мутахассисе метавон умед баст, ки муолиҷаи инфиродиро таъйин мекунад. Муолиҷа ҳарчи зудтар оғоз шавад, самаранокии он баландтар ва эҳтимоли пайдоиши пайкарак ё пай камтар мегардад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст