{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Коронарографӣ

Коронарографӣ (ташхиси шараёнҳои хунгард) усули аз ҳама дақиқ аст, ки барои ташхиси бемории ишемии дил ва таҳияи навъи табобати бемор нақши муҳим дорад. Ҳамчунин, дар сурати ҷой доштани нуқси модарзодӣ ё нуқсони даричаҳо, барои андозагирии фишор дар ғуфраҳои дил, маҳз ҳамин усули  интервенсиониро ба кор мебаранд: бо воридкунии моддаи рангдеҳ ҷараёни хун дар сатҳи даричаҳои дил санҷида шуда, фишор  бо воридкунии катетер дар худи ғуфраҳои дил андозагирӣ мешавад.
Ва пас аз ҳамин ташхиси дақиқ, тасмим дар боби табобати доруӣ ё ҷарроҳӣ гирифта мешавад.  
Маҳз бар асари ташхиси анҷиографӣ равиши ҷарроҳиро низ муайян мекунанд, ки метавонад камзахм (интервенсионӣ) бошад ё бо кушодани қафаси сина амал карда шавад. 

Шахсе ки бемории дил дорад, аксаран гирифтори бемориҳои дигари ҳамрадиф ба мисоли фишорбаландии шараёнӣ, диабети қанд, норасогии кори гурдаҳо ва атеросклерози шараёнҳои дигари организм буда метавонад. Ташхиси ин бемориҳои ҳамрадиф барои натиҷаи амал хело муҳиманд. 
Аз ин хотир ҷарроҳи дил, бояд аз вазъи омилҳои мазкур дар бемор огоҳ бошад. 

Дар Бемористони Ибни Сино, дар рафти коронарографӣ ё худ катетеризатсияи ковокиҳои дил, ҳамаи ташхисҳои мазкур бо диққати боло аз сӯи кардиолог дар ҳамкорӣ бо ҷарроҳи дил анҷом дода мешаванд. 
Кардиолог мекӯшад, ки иттилоъи зарурӣ ба ҷарроҳро омода созад. 

Аксаран ба бемороне, ки дар бемористонҳои дигар коронаграфӣ шудаанд, аз сабаби комил набудани иттилоъи зарурӣ мо маҷбур шудаем, ки  коронаграфии такрорӣ гузаронем. Ва ҳатто ҳолатҳое буданд, ки пас аз амали такрории ангиографӣ ташхиси бемор комилан тағйир ёфта, намуди амали ҷарроҳӣ низ иваз карда шуд. Самараи хуби  амали ҷароҳии дил аз мукаммал будани ташхиси асосӣ вобастагии сахт дорад. 

Яке аз талаботи асосӣ ба бахши ангиографӣ дар дастрасӣ ҷой доштани  утоқи амали дил мебошад. Зеро дар ҳолати пеш омадани авориз, ҳаёти беморро танҳо бо роҳи ҷарроҳӣ наҷот додан мумкин аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст