{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Кист чист?

Кист ҳубобест, ки дар дохили узвҳо пайдо шуда, пур аз моеъ, чарб ё дигар пуркунандаҳо буда, девора низ дорад. Кистҳо модарзодӣ ва пайдошуда мешаванд, ки натиҷаи вайрон шудани фаъолияти узвҳоянд. Масалан, гурдаи инсон аз нефронҳои борик иборат аст, ки дар онҳо доим моеъ ҷорист ва тозакунии хун анҷом мешавад. Механизми пайдошавии кисти гурда чунин аст, ки дохили бофтҳои гурда басташавии найчаҳои нефрон дар натиҷаи ғафсшавии эпителия сурат мегирад ва боиси ҷамъшавии моеъ гашта, кист (хубоб) шакл мегирад. Фаъолияти пешобхориҷкунии найча катъ шавад ҳам девораҳои он бо хун таъмин мешаванд.

Девораҳои ин найча хусусияти моеъ тавлидкунӣ доранд. Онҳо ба фаъолияти худ идома дода, андозаи кистро бузург кардан мегиранд. Кистҳо метавонанд дар аксари узвҳо: мағзи сар, чашм, дандон, ҷигар, гурда, узвҳои дохилии занон ва ғайра низ пайдо шаванд, ки механизми пайдоишишон гуногун аст. Андозаашон аз зарраи хурд то андозаи тарбуз мешавад. Кистҳои хеле бузургро бо палмосидан ошкор кардан имкон дорад. Дар акси хол онҳо фақат дар ултрасадо ё аксҳои рентгениву томографӣ аён мешаванд. Бояд гуфт, ки аксаран кистҳо вақти ташхиси узвҳо иттифоқан ошкор карда мешаванд. Яъне 30-35% одамон кист доранд ва худашон инро намедонанд. Кистҳо одатан дард эҷод намекунанд ва аломат нишон намедиҳанд.

Ба гуфти пизишки ултрасадои Бемористони Ибни Сино Др Меҳроҷ Хақназаров одам бояд на камтар аз ду бор дар сол аз тариқи ултрасадо ташхис бишавад. Ин намуди ташхис безарар ва дастрас буда, метавонад аз бисёр авориз пешгирӣ  бикунад. Кистҳо одатан тӯбмонанд мешаванд. Кистҳои поядори монанд ба замбурӯғ низ мешаванд. Баъзан ин намуд кист ба пояи худ печ мехӯрад, таъминоти хун ба девораҳояш қатъ шуда кист мепӯсад ва хатари кафида заҳролудкунии дохилӣ ба вуҷуд меояд. Хатари кистҳои тӯбмонанд дар он аст, ки онҳо бузург шуда, узвҳои атрофро пахш ва фаъолияти онҳоро халалдор мекунанд. Баъзан кистҳо ба саратон низ табдил меёбанд.

Одатан пизишкон кистро ба назорат мегиранд ва мариз ҳар 3-6 моҳ аз ташхиси ултрасадо мегузарад. Дар ҳолати пайдо шудани авориз ё хатарҳои дар боло кайд шуда, кист ба таври ҷарроҳӣ гирифта мешавад.

Тибби муосир имкон дорад, ба таври каминвазивӣ бо ду сӯрох дар пӯст аксари кистҳоро бардорад, ки онро усули лапароскопӣ меноманд. Дар ин хол кист бо девораҳояш гирифта мешавад, ки имкони аз нав пайдо шуданаш аз байн меравад. Албатта ин маънои онро надорад, ки дар ин узв дигар кист пайдо намешавад, зеро дар бофтхои нави узв кисти дигар пайдо шуда метавонад. Хушбахтона, таҷҳизоту технологияи нави тиббӣ ин амалро комилан камавориз кардааст. 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст