{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Издивоҷи бармаҳал чаро таъсири бад дорад?

Издивоҷи бармаҳал падидаи номатлубест, ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дида мешавад. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз соли 2011 то 2020 дар ҷаҳон 140 миллион духтарони ноболиғ хонадор шудаанд. Дар баъзе кишварҳо  дарсади бештари духтарони шавҳаркарда ноболиғон мебошанд. 

Мутахассисони ин созмон издивоҷи ноболиғонро шадидан маҳкум карда, ин амалро поймол кардани  ҳуқуқӣ онҳо ва афзун бар ин, зарбаи бузурге ба саломати равонию ҷисмонии онҳо меҳисобанд. Духтарони ноболиғи шавҳаркарда, гоҳе қурбонии хушунату зӯроварӣ мешаванд, аммо наметавонанд аз ҳуқуқи худ дифоъ бикунанд. Бар асари урфу одатҳои гуногуни динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳоким дар ҷомеаҳояшон дар мавридҳое ҳатто ҳуқуқҳои инсонии онҳо аз тарафи пайвандонашон поймол мегардад. 

Бархе навхонадорони наврас гирифтори бемориҳои асаб мешаванд. Сабаби ин амр чист?  

Ба андешаи Шералӣ Сайдалиев, асабшиноси Бемористони Ибни Сино яке аз сабабҳои асосии ба бемориҳои асаб дучор шудани духтарони ҷавони оиладор ин аст, ки онҳо ҳанӯз мустақил нестанд, аз лиҳози равонӣ ба хонадорӣ омода нашудаанд, вале бо хости волидонашон ва гоҳе маҷбурӣ ба шавҳар дода мешаванд. Ин омода набудан ба зиндагии мустақилона, бештар вақт боиси дар зери фишори пайвандони шавҳарашон қарор гирифтани онҳо мегардад, ки табиист ба саломати равонии онҳо бетаъсир намемонад.  

Дар идома ҳамсуҳбати мо Шералӣ Саидалиев, қайд кард, ки: “Синну соли ба балоғат расидани духтарон хосияти инфиродӣ дорад. Яъне, нишонаҳои болиғат дар ҳар духтар  дар синни мухталиф пайдо  мешавад. Духтар бояд ҳам аз лиҳози физиологӣ ва ҳам аз лиҳози руҳию равонӣ барои хонадор шудан омода бошад, чунки ӯ аз  муҳити барояш ошнои хонаи волидайн  ба муҳити дигар, ки гоҳе барояш комилан бегона аст, меравад ва бояд тавону қобилияти бардоштани эроду танқидҳоро дошта бошад. Аз назари асабшиносӣ духтар то боақлу босавод ва ба зиндагии мустақилона омода нашавад, издивоҷи бармаҳал  барояш хатари гирифторӣ ба бемориҳои мухталифи асабро дар пай хоҳад дошт. Мутаассифона, баъзе оилаҳо духтарони хеле ҷавонро келин мекунанд ва боз интизор доранд, ки ӯ ба зиндагӣ ҳамаҷониба тайёр бошад ва чун интизориашон бароварда намешавад, ӯро, волидайнашро дашному ҳақорату таҳқир мекунанд. Ба сабаби пайваста неш задан ба асаб, духтари норасида ба як қатор бемориҳои асаб, ба монанди  ҳистерӣ, аз ақл бегона шудан ва ғ. гирифтор мешавад.

Волидон бояд бигзоранд, ки фарзандонашон аз ҷиҳати синну сол мустақил шаванд, ҳолати руҳиву равонии онҳо ба марҳалаи нави зиндагиашон, ки издивоҷу хонадорӣ аст, омода гардад, то ки пас аз хонадор кардан, чунин мушкилиҳо, ки гоҳе боиси фоҷиаҳо мешавад, пеш наоянд.

Духтурони бемориҳои занон издивоҷи бармаҳалро маҳкум мекунанд

Этони Лайк, намояндаи ЮНИСЕФ, таъкид кардааст, ки  издивоҷи духтарони ноболиғон, ки баъдан ҳомиладор мешаванд, хатари ҷиддие барои саломати онҳост. Ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид мушкилоти ҳомилагӣ ва таваллуди бармаҳал аз сабабҳои асосии марги духтарони 15-19 сола дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад.

Ризоева Таҳмина, ҷарроҳ-гинекологи Бемористони Ибни Сино муътақид аст, ки духтарон набояд дар синни наврасӣ, қабл аз балоғати ҷинсӣ издивоҷ кунанд, зеро организми духтар қабл аз балоғат ҳам аз нигоҳи анатомию физиологӣ ва ҳам аз нигоҳи равоншиносӣ ба модар шудан омода нест. Ӯ афзуд: “Аз нигоҳи анатомӣ аз синни 12  то 16  солагӣ давраи инкишофи ғадудҳои ширӣ ва узвҳои гениталӣ маҳсуб меёбад. Давраи аввали инкишофи организми зан то ҳайзи аввалин (менархе) ҳисобида мешавад, ки тақрибан то 12-15 солагии духтарро дар бар мегирад.  Тибқи меъёрҳои тасдиқшуда, зан баъди ба балоғат расидан, яъне аз 18 сола боло ҳомила шавад, беҳтар аст.

Ҳамл дар синни наврасӣ чаро хатарнок аст?

Ҳамл дар даврони наврасиро мутахассисони соҳа барои ҳаёти ояндаи зан хатари ҷиддӣ меҳисобанд. Зеро организми ӯ ҳанӯз ба бордор шудан омода нашудааст. Ба мушоҳидаи пизишкони амрози занон ҳомилагии барвақтро бештар дар духтарони 14-15 сола дидан мумкин, ки аксаран  худашон аз он огоҳ нестанд ва вақте аз муоинаи гинекологи мегузаранд ва мефаҳманд, ки  дар батнашон тифл доранд, аз пайи нобуд кардани ҷанин мешаванд ва сиқт (исқоти ҳамл) мекунанд. 

Бакорат ҳаст, вале бордор мешавад чаро?

Духтарон пас аз муоинаи тиббӣ огаҳ мешаванд, ки онҳо бордор шудаанд. Суоле матраҳ мешавад, ки оё  ҳомилагӣ  дар ҳолати пурра будани бакорат аз нигоҳи илми тиб имконпазир аст?

Ризоева Таҳмина ин амрро тасдиқ кард ва  гуфт: “Аз нигоҳи тиб ин ҳолат имконпазир аст. Чунки пардаи бакорат сӯрохиҳои хурд дорад. Дар таркиби 2 мл оби манӣ зиёда аз 2 миллион нутфаи фаъол мавҷуд аст. Вақте нутфа ба маҳбали духтар мерасад, гоҳе аз тариқи сӯрохии анатомии пардаи бакорат ворид шуда, боиси бордорӣ  мешавад. Яке аз сабабҳои сар задани ҳомилагӣ дар синни ноболиғӣ маълумоти кофӣ надоштани духтарони наврас дар мавзӯъҳои анатомия, физиология ва узвҳои репродуктивӣ мебошад. Зеро ҷомеаи мо ҷомеаи суннатӣ аст ва дар оилаҳо ин мавзӯъҳо табу ҳисобида  мешаванд.

Оё бузургҷуссагӣ нишонаи болиғӣ аст?

Занҳое  низ кам нестанд, ки ба синни балоғат норасида модар шудаанд ва онҳо шикояте надоранд ва ин давраро хуб аз сар гузаронидаанд. Пас гуфтан мумкин аст, ки ҷисман бузург будани духтар нишонаи балағат аст?  Ризоева Таҳмина ин ҳолатро истисноӣ мешуморад, вале таъкид кард, ки барои модар шудан руҳан омода будани зан ҳатмӣ аст. Агар духтари ҷавон ҳам ҷисман ва ҳам руҳан худро омода ҳисобад, метавонад фарзанддор шаванд. Модаронро зарур аст, ки вақте духтарашон дар синфи 7-8  мехонад, ӯро аз муоинаи  призишки амрози занон гузаронанд. Муониаи гинекологӣ фақат муоинаи маҳбалӣ нест, балки ҳамчунин аз назар гузаронидани аломатҳои инкишофи ҷинсӣ, машварати умумӣ ва ҷамъ кардани собиқаи бемориҳои эҳтимолӣ низ  мебошад.

Гоҳе волидон мехоҳанд ба хотири муҳофизат кардани духтарони худ аз озори ҷинсӣ, онҳоро ба балоғат нарасида хонадор намоянд, вале тадқиқоти Созмони Миллали Муттаҳтид нишон додааст, ки ин амали баръакс мушкилиҳои зиёдро барои фарзанд ва оилаашон ба бор меорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст