{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

IUI чист?

IUI - инсиминатсияи дохилираҳмӣ мебошад. Яъне тухмҳуҷайраҳои мардонае, ки қаблан барои амали инсиминатсияи дохилираҳмӣ омода шудаанд, ба бачадон барои ҳомиладорӣ интиқол карда мешаванд.

Нишондодҳо барои анҷоми  IUI:

- безуриётии омили мардона (азоспермия);

- безуриётии номаълум;

- безуриётӣ бо сабабҳои ихтилолоти амалкарди тухмгузорӣ;

- стриктураи гарданаи бачадон(мушкилоти гарданаи бачадон);

Нуктаҳои муҳим дар мавриди анҷоми IUI дар занон:

Беҳтарин замони анҷоми IUI барои зан дар остонаи тухмгузорӣ аст. Дар рӯзи дуввум ё севуми ҳайз ташхиси сонографӣ бо мақсади назорат ва баррасии ҳолати тухмдонҳо ва бачадон анҷом дода мешавад. Дар сурати маъмулӣ будани ҳолати тухмдонҳо ва бачадон, доруи барангезандаи тухмдон дохил карда мешавад. Барои назорат ва арзёбии аксуламали тухмдонҳо ба дору дар рӯзи нуҳум то дувоҳдаҳуми ҳайз сонографии дубора анҷом дода мешавад.

Умуман, пас аз тафтиши ҳолати тухмдонҳо ва итминон аз вуҷуди фолликулаҳои баркамол ва эндометрияи мувофиқ барои озод сохтани тухм  HGG ё HCG таъин карда мешавад.

Маъмулан IUI тақрибан 36 ё 40 соат баъд аз тазриқи дору анҷом дода мешавад.

Пас аз IUI, шумо метавонед дар вақти дилхоҳ робитаи ҷинсӣ анҷом диҳед ва дар асл, бисёре аз табибон пас аз IUI робитаи ҷинсӣ карданро тавсия медиҳанд.

Беҳтарин имкони ҳомиладор шудан дар ҳузури 2-3 фолликул аст ва фолликулҳои бештар имкони ҳомиладории дугоникҳоро зиёд мекунанд.

Дараҷаи муваффақият  дар IUI ҳудуди 51 дарсадро дар ҳар даври дармон ташкил медиҳад.

P.S. Ҳангоми безуриётӣ бо сабаби вуҷуди мушкилоти найчаҳои бачадон, ки аз расидани тухм ба найчаҳои бачадон (phalus) монеъ мешавад ва дар натиҷа найчаҳои бачадон баста мешаванд, IUI анҷом дода намешавад. Дар сурати нокомии табобати безурётӣ пас аз анҷом додани се маротиба IUI, усулҳои дигари табобатро баррасӣ кардан лозим аст.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст