{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Инсони солим инсони хушбахт аст!

Нуҳ даҳуми хушбахтии мо ба  саломатиамон вобаста аст, - гуфтааст файласуфи маъруф Шопенҳоур.

Саломатӣ ва хушбахтӣ ду мафҳуме ҳастанд, ки якдигарро пурра мекунанд.  Агар яке набошад, дигараш ҳам наметавонад вуҷуд дошта бошад. Хушбахтӣ аз чизҳои кучак ва хурсандиҳои ҷузъӣ иборат аст. Саломатӣ бошад,  бештар  ба фаъолияти ҷисмонӣ, обутобдиҳии бадан, хӯроки дуруст, сабки зиндагии солиму мантиқӣ  ва даст кашидан аз одатҳои бад вобастагӣ дорад.

Эҳсоси хушбахтӣ дар вуҷуди инсон ба миқдори ҳормонҳо дар хун вобаста аст ва витоминҳову минералҳо бошанд, метавонанд дар тавлиди ҳормони зарурӣ кумак кунанд.

Се навъи ҳормонҳо ҳамчун  ҳормони хушбахтӣ маҳсуб меёбанд. Инҳо дупомин,  серотонин ва эндорфин мебошанд. Ин  ҳормонҳо дар бадани мо тавлид мешаванд ва миқдори онҳо ба  фаъолияти ҳаётии мо вобастагӣ дорад. Мо мехоҳем дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии хушбахтӣ, ки  20-март  аст, дар мавриди ин ҳормонҳо сӯҳбат кунем. 

Хушбахтӣ воқеъан дар хӯрок нуҳуфта аст! Яъне дар маҳсулоте, ки аз витоминҳо ва аминокислотаҳо ғанӣ мебошанд. Мо маьмулан ба ин  намеандешем, ки барои кори дурусту  бокайфияти баданамон ниёз ба чӣ қадар ва чӣ навъ маҳсулот ҳаст. Яке аз аминокислотаҳои зарурӣ барои бадан триптофан ба шумор меравад. Ин аминокислотаи бисёр заруриро бадани мо танҳо тавассути хӯрок дарёфт мекунад. Ва яке аз ҳормонҳои хушбахтӣ - серотонин маҳз дар раванди синтези чанд марҳилаии триптофан ба вуҷуд меояд. Барои тавлиди муваффақи ҳормони хушбахтӣ, инчунин аносири ёрирасон аз қабили карбоҳидратҳо, гурӯҳи витоминҳои В ва Д, магний ва синк зарурӣ мебошанд. Агар ҳамаи ин мавод дар бадан вуҷуд надошта бошанд, триптофан наметавонад ба мағзи сар бирасад ва синтези серотонинро шурӯъ кунад. Триптофан дар бадан тавлид намешавад, балки  дар занбурӯғ, гӯшт, шир, ҷурғот ё мост, панир (творог), моҳӣ, ҷав, муз (банан), хурмои хушк, чормағзи заминӣ (арахис) , кунҷит ва мағзи коҷ фаровон вуҷуд дорад. Аммо мутаассифона, ин аминокислотаи муҳим аз маҳсулоти растанӣ камтар ҳосил мегардад.

Ҳормони серотонин ҷавобгӯи болидагии рӯҳу равон ва оромиши отифии мо мебошад.  Ин ҳормон намегузорад, ки  ба рӯҳияи инсон таъсири манфӣ расад. Ҳангоми тавлиди кофии ин ҳормон, тавоноиҳои зеҳнӣ ва ақлонии инсон беҳтар мегарданд. Ҳангоми норасоии он бошад, инсон димоғсӯхта ва афсурда мегардад. Дар ҳолатҳои вазнини равонӣ, норасоии сератонин  метавонад инсонро ҳатто ба худкушӣ бирасонад. Мушкилоти равонӣ ба  саломати ҷисмонии инсон низ таъсири манфӣ дорад.  Яке аз нишонаҳои норасоии серотинин, майли доимӣ ба хӯрдани ширинӣ, хусусан шириниҳои нонӣ (торт, кекс ва ғ) мебошад. Аммо ин маҳсулот, танҳо барои як муддати кӯтоҳ сатҳи серотининро дар бадан боло мебаранд.  Истеъмоли аз ҳад зиёди маҳсулоти қаннодӣ инсонро дучори мушкили изофавазн ва дар пайи он афсурдагиро низ бештар мекунад.

Эндорфинҳо бошанд, аз ҳама ҳормонҳои маъруфи хушбахтӣ ва лаззат ба шумор мераванд. Маҳз эндорфинҳо зиндагиро ҷолибу хурсандибахш ва болаззат намуда,  рӯҳияи моро болида нигаҳ медоранд. Вуҷуди кофии эндорфинҳо ҳолати ташвишро аз мо дур, истрессро камтар ва эҳсоси дардро  коҳиш медиҳад. Эндорфинҳо фишори хунро ҳам ба танзим дароварда, раванди фаъолияти ақлониро метезонанд. Инчунин, ин ҳормонҳо барои мубориза бо афсурдагӣ ва бартараф сохтани  хастагии музмини ҷисмонӣ  кумак мекунанд.

Ба тавлиди эндорфинҳо дар бадан як қатор маҳсулот, аз қабили муз (банана), шоколот, афлесун, ангур ва қулфинай (тутфарангӣ) мусоидат мекунанд. Ин маҳсулот сатҳи эндорфинҳоро дар бадан барои муддати кӯтоҳ боло мебаранд. Бинобар ин, дар қатори истеъмоли инҳо, бояд тавлиди эндорфинро бо роҳҳои дигар низ тақвият бахшид. Аз ҷумла, бо фаъолияти ҷисмонӣ, сайру гашт дар табиат ва ғайра шумо метавонед ба болоравии сатҳи ин ҳормони хушбахтӣ дар бадани худ кумак кунед.

Ҳормони дигари хушбахтӣ дупомин аст. Ин ҳормони шодӣ ва лаззатро ҳормони ангеза низ меноманд. Дупомин инчунин мухолифи (антогонистӣ) пролактин - ҳормони истресс ва асабоният ба шумор меравад. 

Ҳормони дупомин мисли подошест, ки барои амали анҷомдода сурат мегирад. Ҳангоми тавлиди он мо эҳсоси нерӯмандӣ ва лаззатбахшӣ аз кори анҷомдодаамон мекунем. Ба ҳамин хотир ин ҳормонро бо ангеза пайванд медиҳанд. Маҳз дупомин моро ба сӯи эҷодкорӣ, муваффақиятҳо, қаҳрамониҳо ва анҷом додани корҳои ҷолиб равона мекунад. Дупомин бевосита тавассути ҳепофиз тавлид мегардад ва ба истеъмоли ҳеч маҳсулоте бастагӣ надорад. Дупомин аз ҳама бештар ҳангоми робитаи ҷинсӣ тавлид мешавад. Машғул шудан ба варзиш ва  корҳои мавриди алоқаи худ аз роҳҳои дигари тавлиди ин ҳормон дар бадани инсон аст. Ҳатто ба хотир овардани лаҳазоти ширин ва ҳолатҳои хуби зиндагӣ ҳам дар тавлиди дупомин кумак мекунанд.

Ҳар сеи ин ҳормонҳо ба ҳам пайвастагии зич доранд. Ҳамаашон ба  инсон эҳсоси хушбахтӣ ва лаззат мебахшанд. Барои тавлиди муносиби ин ҳормонҳо тавсия мешавад, ки  фаъолияти ҷисмонии мунтазам дошта бошед, режими дурусти хӯрок ва корҳои рӯзмарарро риоят кунед, дар ҳавои тоза қадам занед, робитаи ҷинсӣ (бо ишқу муҳаббат) дошта бошед,  саргармӣ дошта бошед  ва ба корҳои мавриди алоқаатон машғул шавед.

Агар солим ҳастед, пас ҳатман хушбахт ҳастед!

Саломат бошед!

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст