{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Инсидоди рӯда чист?

Хӯроке, ки мехӯрем, қабл аз берун шудан, роҳи тӯлониро дар пеш дорад.

Тӯли рӯдаҳои мо аз панҷ то ҳашт метр ҳаст ва ҳаракати кунди хӯрок, қабз шудани он дар рӯда ва ё баста шудани маҷрои онро инсидоди рӯда меноманд. Ҳангоми инсидоди рӯда маводди ғизоӣ, моеъот ва гоз имкони берун шудан надоранд. Агар фарди гирифтор ба ин мушкил сари вақт дармон нашавад, метавонад дучори сӯрох, захм ва пора шудани рӯдаи калон шуда, баданаш дар асари ҷамъшавии микроб дар рӯда заҳролуд мешавад.

Сабаби эҷоди инсидоди рӯда чист?

Инсидоди рӯда чанд сабаб дорад. Яке аз онҳо амали ҷарроҳӣ дар ноҳияи шикам ва истеъмоли баъзе аз доруҳо пас аз он метавонад боис ба ин мушкил шавад. Баъзе аз доруҳо  ҳаракати рӯдаҳоро кунд мекунанд ва боиси ҷамъ шудани хӯрок дар рӯдаҳо мегарданд. Далоили дигараш метавонанд инҳо бошанд:

• Захм, омос ва саратони рӯда

• Печ хӯрдани рӯдаҳо

• Уфунати рӯдаҳо

• Перитонит ё заҳролудшавӣ

• Баланд шудани фишори дохили раҳмӣ

• Якбора коҳиши ёфтани вазн

• Тромбози рагҳо

• Санги талха

• Масмум шудан бо намакҳои филизӣ

• Вайроншавии кори меъда

Боло рафтани синну сол низ ба таври табиӣ боиси заъфи кори рӯда мешавад. Афроди солманд бештар дар хатари мубтало ба инсидоди рӯда ҳастанд. Инсидоди рӯда дар кӯдаклн бештар ба хотири печ хӯрдани рӯдаҳо сурат мегирад.

Инсидоди рӯдаро чи гуна ташхис бидиҳем?

Алоими инсидоди рӯда пеш аз ҳама дар дамиш ва эҳсоси нороҳатӣ дар рӯдаҳо, дилбеҳузурӣ, истифроғ, ҳамлаҳои дардӣ дар ноҳияи шикам ва таъхири мадфуъ зоҳир мешавад. Дар сурати вуҷуди ин аломатҳо пизишк як катор озмоиш мефармояд. Бахусус тасвирбардорӣ аз ноҳияи шикам кумак мекунад,то маҳалли баста шудани рӯда дақиқ мушаххас шавад.

Бо  ин роҳҳо мешавад инсидодро ташхис кард:

* Рентген: бо ин роҳи тасвирбардорӣ метавон алоими ҷамъ шудани гоз ва инсидодро мушоҳида кард, аммо барои ташхиси пурра ва дақиқ чандон кумак намекунад.

* Томографии компрютерӣ: ин равиш ба воситаи тазриқи дору ба раг ё фурӯ бурдани дору сурат мегирад ва ташхиси дақиқтаре аст.

* Соногрофӣ:  ин равиши ташхис бештар барои муайян кардани басташавии рӯда дар кӯдакон анҷом дода мешавад.

* МРТ бо контраст кумак мекунад ин бемориро бо тамоми ҷузъиёт ва сабабҳояш ташхис диҳад.

* Колоноскопӣ: бо роҳи эндоскоп метавон захмҳо ва дигар мушкилоти дохили рӯдаро муоина кард.

Пешгирӣ

Барои пешгирӣ аз мушкили инсидоди рӯда ва ҳамлаҳои дардии он бояд чунин корҳоро анҷом дод:

* Парҳез аз хӯрокҳое, ки боиси дамиши рӯдаҳо мешаванд.

* Қатъан риоят кардани меъер ва ҳаҷми хӯрок.

* Озмоиши мунтазами биохимии хун, соногрофии системи гувориш ва анҷом додани колоноскопӣ

* Пешгирӣ аз бардоштани ҷароҳатҳои гуногун ва часпишҳои рӯда

Дармони инсидоди рӯда

Дармони ин беморӣ вобаста ба дараҷаи гирифторӣ ба он сурат мегирад.

Инсидоди рӯда дар марҳилаи аввал ва муроҷиати саривақтӣ ба пизишк дармоншуданӣ аст ва онро бо роҳи парҳез, истеъмоли дору ва пок кардани рӯдаҳо метавон табобат кард. Аммо дар мароҳили баъдӣ, ки боис ба пайдо шудани захм ва сӯрохӣ мегардад, танҳо бо роҳи амали ҷарроҳӣ ва бурида партофтани қисмати захмишудаи рӯда метавон дармон кард.

Бояд гуфт рӯдаҳо ба қадри кофӣ дароз ҳастанд ва бинобар ин дар пайи ҷарроҳӣ аз даст рафтани бахши андаки онҳо мушкиле эҷод намекунад. Албатта системи ҳозимаи бемор пас аз амали ҷарроҳӣ бетаъсир намемонад, аммо маъмулан афроде, ки бахше аз рӯдаи худро аз даст додаанд, метавонанд дубора зиндагии солим ва маъмулиро пеш баранд.

Бемористони Ибни Сино  дар ташхис ва табобати инсидоди рӯда имконоти васеъ ва мутахассисони ботаҷриба дорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст