{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Илтиҳоби милки дандон

Бемориҳои парадонт яке аз мушкилоти печида дар бахши дандонпизишкӣ ба шумор мераванд. Ин бемориҳо хусусияти паҳншавии оммавӣ доранд ва табобаташон бисёр душвор аст.

Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт наздики 95 дарсади аҳолии бузургсоли ҷаҳон ва 80 дарсади кӯдакон нишонаи ин ё он бемориии бофтҳои пародонтиро доро мебошанд.

Кандани дандон низ, бо сабаби бемориҳои парадонт 5 баробар аз кариес дида болотар аст. Ҳамаи ин дандонпизишконро водор мекунад ҳамвора дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави табобат бошанд.

Миёни бемориҳои парадонт  90-95 дарсадро бемориҳои илтиҳобӣ, монанди гингвит (варами милк) ва пародонтит ташкил медиҳанд. Милки солим устухонро пӯшонида, дар қисмати гарданаи дандон бо сатҳи дандон пайваст мегардад. Миёни милк ва дандон як ҷӯяк ё шияри чуқурияш 1-2 мм вуҷуд дорад. Ин ҷӯяк ё шияри милкӣ як садди табиии муҳофизатӣ дар муқобили сироятҳо ба шумор меравад. Илтиҳоби милкҳо одатан аз гингвит (варами милк) оғоз меёбад. Гингвит танҳо бофтҳои сатҳии милкро вайрон мекунад ва табобаташ осонтар мебошад. Парадонтит бошад, бемории илтиҳобиест, ки тамоми маҷмӯаи бофтҳои гирду атрофи дандонро (милк, пайҳо ва устухон) мубтало мекунад. Дар асл гингвит ва пародонтит ду шакли бемории бо ҳам алоқаманд ба шумор мераванд: раванди илтиҳобӣ дар оғоз дар бофтҳои милк ба вуқӯъ мепайвандад ва оҳиста - оҳиста, таркибҳои наздиктари парадонт, монанди пайи милки дандонӣ ва устухони дандон ба он ҳамроҳ мегарданд. Нишонаҳои аввалини беморӣ - хунравии милкҳо, бӯи бад аз даҳон ва пилоки дандонӣ (зубной налёт) мебошанд.

Парадонтит метавонад солҳои дароз бе дард ва бе бурузи ягон аломат ҷараён ёбад ва бисёр вақт мариз ба табиб, аллакай дар марҳилаи вазнини беморӣ  муроҷиат мекунад. Дар ҳақиқат одамони зиёде хунравии гоҳ - гоҳи милкҳо ҳангоми дандоншӯӣ ё бараҳнашавии гарданаи дандонро ҷиддӣ намегиранд ва бӯи бади даҳонро низ бисёриҳо эҳсос намекунанд. Ин хунукназарӣ дар натиҷа боиси аз даст додани пурраи дандонҳо мешавад. Имрӯз бемориҳои парадонт на танҳо мушкилоти тиббӣ, балки ба як мушкилоти иҷтимоӣ табдил ёфтаанд. Барои мисол мутахассисон ин ё он нишонаи бемориҳои парадонтро (хунравии милкҳо, санги дандон ва ғ) дар зиёда аз 90  дарсади навҷавонон мушоҳида кардаанд ва дар синну соли бузургтар бошад, (30-40 солагӣ) бемориҳои илтиҳобии парадонт вазъи бадтаре доранд.

Сабаби аслии илтиҳоби милкҳоро мутахассисон дар пайдо шудани лоя ё пилоки дандонӣ медонанд. Баъди ҳар истеъмоли хӯрок дар дандонҳо ва миёни онҳо, теъдоди андаки боқимондаҳои хӯрока боқӣ мемонанд. Ин боқимондаҳо лояи мулоими дандонро ба вуҷуд меоранд. Ин лояро бо чашм дидан бисёр душвор аст ва дар дохили он дарҳол микроорганизмҳои зинда пайдо мешаванд. Агар ин лояро мунтазам аз сатҳи дандон дур накунед, он ба санги дандон мубаддал мешавад. Санги дандон беҳтарин макони зист барои бактерияҳо ба шумор меравад. Ҷамъ гардидани лояи бактериявӣ дар қисмати ҷӯяк ё шияри милкӣ ба гингвит оварда мерасонад. Ин беморӣ агар табобат нагардад, ҷӯяки милкиро вайрон карда, дар он кисаҳои парадонтӣ ба вуҷуд меоянд ва гингвит ба парадонтит мубаддал мегардад. Парадонтит бошад, дар навбати худ ба бофтаи устухонии дандон зарба мезанад.

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст