{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Деформатсияи (тағйири шакл) бинӣ чеҳраро тағйир медиҳад ва ба чашми дигарон бармехӯрад. Чунин ҳол шахсро маҷбур менамояд, барои бартараф намудани ин нуқсон ба табиб муроҷиат намояд.

Ринопластика ҷарроҳии пластикиест, ки мақсади асосии он бартараф кардани нуқсонҳои берунии бинӣ мебошад. Ин  ҷарроҳӣ айни ҳол дар кишвари мо рӯз то рӯз рушд мекунад ва бисёре аз бонувон ва ҷавонон низ майл доранд аз он истифода бикунанд. Ин аст, ки лозим медонам чанд нуктаи асосиро дар ин маврид зикр намоям:

Аввал, зарурати ин амал ё ба таъбири дигар, киҳо ба ринопластика ниёз доранд?

Пластикаи берунии бинӣ, аз тарафи мутахассиси гӯшу гулӯю бинӣ (ЛОР) ё ортопед ва ҷарроҳи зебогӣ тавсия дода мешавад. Ин навъи ҷарроҳӣ аз нигоҳи эстетикӣ (зебошиносӣ) ба афроде, ки нуқсони модарзодии берунаи бинӣ доранд, пас аз осеб ва ё ҷарроҳии миёндевори бинӣ (сепо-пластика), ба  касоне, ки бинии бузург доранд, дорои  баландии пуштаки бинӣ ё фурӯхамидагии пуштаки бинӣ  ҳастанд ва ғ. тавсия дода мешавад.

Дуввум, оё синну сол дар анҷоми  ринопластика таъсир  дорад?

Бояд гуфт барои анҷоми ринопалстика синни муносиб аз 16 сола боло, ё ин ки синни балоғат, пас аз пурра инкишоф ёфтани узвҳои бадан мебошад.

Сеюм, навъҳои ҷарроҳии ринопластика  кадомҳоянд ва давраи барқароршавӣ баъди ҷарроҳӣ чанд рӯзро дар бар мегирад.

Асосан ду навъи ҷарроҳии пластикии бинӣ вуҷуд дорад: пӯшида ва кушода. Дар шароити Бемористони Ибни Сино амали ҷарроҳии ринопластикаи кушода гузаронида мешавад ва беморон дар бемористон пас аз амал ҳамагӣ як рӯз бистарӣ мегарданд. Пас аз амал, рӯи бинӣ бо гипсосиликон (нимпласт) пӯшонида шуда, ин нимпласт 7 рӯз нигаҳдорӣ мешавад.  Ба ҳамаи беморони ҷарроҳишуда, ҳудуди 3 ҳафта дар  рӯи бинӣ часпонидани биничасп тавсия дода мешавад, ки яке аз шартҳои асосӣ пас аз амал мебошад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст