{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Фосилаи чашм бо телевизор, компютер, телефону планшет ва китоб чанд аст?

Бисёриҳо мепурсанд, ки фосилаи чашм бо телевизор, роёна (компютер) ва ё китоб ҳангоми хондан бояд чи андоза бошад?

Бо пешрафти илму фанноварӣ теъдоди корбарони телевизор, роёна ва планшету телефонҳои ҳамроҳ низ дар ҳоли афзудан аст. Чашмпизишкон дар ин сурат тавсия медиҳанд, ки бояд беш аз пеш мувозиби чашмони худ буд ва фосилаи нишастан пеши роёна ва телевизорро риоят кард. Фосилаи байни чашмон ва телевизор мустақиман ба диагонал ё қутр ва андозаи экрани он вобаста аст. Бар асоси меъёрҳои чашмпизишкӣ шахс ҳангоми тамошои телевизор бояд аз 1,5 то 3,5 метр дуртар аз он биншинад.

Бо вуҷуди ин, тибқи меъёрҳои тиббӣ тамошои телевизор бештар аз 1,5-2 соат дар рӯз барои афроди синну соли мухталиф тавсия намешавад. Вақти нишастан дар пеши экрани компютер ва ё истифода аз планшету телефон барои кӯдакони то панҷсола рӯзона бояд ҳамагӣ як соатро ташкил диҳад, ва он ҳам дар тӯли рӯз бояд ба чанд мавриди 10 то 15-дақиқаӣ тақсим шавад. Кӯдакони аз шаш то ҳаштсола аз 1,5 то 2 соат метавонанд аз компютер, планшет ва ё телефон истифода кунанд. Кӯдакони аз 8 то 12-сола бояд на бештар аз 3,5 то 4 соат дар рӯз, ва он ҳам бо тақсимбандии соатҳои таъйиншуда, аз планшету телефони мобилӣ истифода кунанд.

Муддат ва замони кор бо ин дастгоҳҳо аз сӯи кӯдаконро падару модарон бояд ҷиддан назорат кунанд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи беш аз ҳадди ин фанновариҳо дар дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашмони кӯдакон таъсири манфӣ расонда ва кори онро дар дарозмуддат халалдор месозад.

Сабабаш ин аст, ки ҳангоми кор бо компютер ва ё истифода аз телефону планшет чашми инсон соатҳо ба як нуқта нигоҳ мекунад ва дар натиҷа, дастгоҳи ҳаракатдиҳандаи чашм соатҳо аз ҳаракат бозмемонад. Соатҳо ба як нуқта хира шудан мушакҳои ҳаракатдиҳандаи чашми инсонро заъиф месозад.

Истифодаи аз ҳад зиёди компютер ва телефону планшет на танҳо барои чашмон, балки барои рӯҳу равон ва асаби инсон, бахусус кӯдакон, зиёновар аст. Беҳтар аст, ба ҷои сарфи беҳудаи вақт дар телефону планшет соатҳои тӯлониро кӯдак сарфи хондани китоб кунад. Вақти хондани китоб ё навиштан чашмон ба самти чапу рост ҳаракат мекунанд ва он гоҳ фаъолияти шаш мушаки чашм ҳам беҳтар мешавад.

Ҳангоми хондан китобро набояд бештар аз 30-40см ба чашм наздик кард. Мутолеъаи китоб бояд зери нури равшан сурат бигирад, то ба чашм фишор ворид нашавад. Агар шаб ҳангоми хондани китоб аз чароғи рӯимизӣ истифода кунем, ҷойгиршавии он ба хатти китоб бастагӣ дорад. Агар китобамон ба хатти сириллик ва лотин бошад, равшании нури чароғ бояд аз самти чап ба китоб расад. Агар хатти китоб форсӣ ва ё арабӣ бошад, рӯшноии он бояд аз самти рост бошад.

Бо гузашти синну сол, нуқсони биноӣ дар фосилаи кӯтоҳ дар афрод пайдо мешавад. Ин нуқсонро дар истилоҳи тиббӣ пирчашмӣ (пресбиопия) меноманд. Сабаби пайдоиши ин ориза он аст, ки мардумаки чашм нармиш ва инъитофпазирии (гибкость) худро аз даст медиҳад.

Бо гузашти синну сол мардумак ғафс шуда, инъитофпазириро аз даст медиҳад ва имкони тағйири шаклаш заъиф мегардад. Одатан ин мушкил дар афроди аз 40-сола боло пайдо мешавад, аммо имкони зудтар ё дертар пайдо шуданаш ҳам мавҷуд аст.

Бад шудани биноӣ ва надоштани тамаркузи нигоҳ ба ашёҳои наздик ҳангоми мутолеъа кардан, кор дар компютер, дӯхтан ва ғайра, аз нишонаҳои пайдоиши ин беморӣ мебошанд. Аломатҳо ва шароити пайдоиши дигари ин беморӣ низ вуҷуд дорад.

Аз ҷумла, баъзе аз одамон, ба ҷуз аз мушкил дар тамаркуз, эҳсоси фишор дар чашмҳо ё эҳсоси дарди сар низ мекунанд. Агар шумо низ чунин эҳсосе доред, бояд ҳатман ба чашмпизишк муроҷеъа кунед. Танҳо чашмпизишк ҳангоми муоина метавонад ин бемориро ташхис бидиҳад. Маъмулан пизишкони чашм барои рафъи ин мушкил гузоштани айнакро тавсия мекунанд.

Айнаки таъйиншуда бояд бо синну соли шахс созгор бошад. Ба афроде, ки мушкили пирчашмӣ доранд, ҳангоми хондани китоб ва анҷоми корҳои дигар риояти 30-35см фосила ва ҳангоми кор бо компютер риояти 40-50см фосила тавсия мешавад.

Истифода аз айнак бо таваҷҷуҳ ба синну сол метавонад гуногун бошад ва танҳо бо тавсияи чашмпизишк бояд аз он истиода кард. Ба касоне, ки ба оризаи пирчашмӣ дучор шудаанд, андозаҳои зерин тавсия мешавад.

Синну сол: Айнак.

40-сола: 1.0 D

45-сола: 1,5 D

50-сола: 2.0 D

55-сола: 2,5 D

60-сола: 3.0 D

65-сола: 3.5 D 

 

 

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст