{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Фатқ (чурра) ва табобати он

Яке аз бемориҳои роиҷ, ки боис мешавад бисёриҳо ба бахши ҷарроҳии умумӣ муроҷиат кунанд, фатқ (чурра ё грижа) аст. 

Фатқ баромадагиест, ки дар натиҷаи даридани пардаи зардпай (апоневроз) ба вуҷуд меояд. Одатан ин навъ баромадагиҳо аз тариқи сӯрохиҳои табиӣ пайдо мешаванд. Фатқ навъҳои мухталифе дорад, аммо бештар дар ноф, рон ва шикам вомехӯранд. 

Одатан халтаи фатқ дар миёни мушакҳо, зери пӯст ё дар бофти чарбии зери пӯст қарор мегирад. Омилҳои зиёде дар бурузи ин беморӣ нақш доранд ва асоситарини онҳо иборатанд аз:

- бардоштани бори сангин;

- баста шудани рӯдаҳо;

- сулфаи сахт;

- фишори зиёд дар дохили шикам ба ҳангоми пешобронӣ.

Дар кӯдакон гиряи шадид метавонад боиси пайдо шудани фатқ шавад. Аммо аз ҳама бештар дар пайдоиши фатқ фарбеҳӣ, заъфи мушакҳои шикам ва бофтаҳои пайвасткунанда, амалҳои ҷарроҳӣ ва кори вазнини ҷисмонӣ нақш доранд. 

Фатқ метавонад ҳам модарзодӣ ва ҳам пайдошуда бошад. Ин беморӣ аломатҳои ба худ хоссе дорад. Умдатарин аломати он пайдо шудани бардамидагӣ дар зери пӯст аст. Ин бардамидагӣ метавонад ҳангоми сулфа кардани бемор бузургтар шуда, ҳангоми дароз кашидан баръакс нопадид гардад. Одатан фатқ дарде ба ҳамроҳ надорад ва зуҳури он ба мавқеияти халтаи фатқ бастагӣ дорад. Барои мисол, агар дар рӯда бошад, рӯдаҳо баста ва системи гувориш ё ҳозима халал мепазирад. Агар фатқ дар масона бошад, пешоб рондан душвор мешавад. Дар ташхиси фатқ аз равишҳои зерин истифода мекунанд:

- ҷамъоварии иттилооти шарҳиҳолии бемор ё анамнез;

- ламси мавзеъи баромадагии бадан;

- муоина бо дастгоҳи рӯшноидиҳанда (диафоноскопия); 

- таҳқиқи фаросавтии мавзеъи фатқ.

Равиши аслии табобати ҳамаи навъҳои фатқ амали ҷарроҳӣ ба шумор меравад. Ҷарроҳии фатқ ба равиши лапроскопӣ ё сурох кардани бадан анҷом мешавад ва аз 30 дақиқа то якуним соат тӯл мекашад.

Бахши ҷарроҳии умумии Бемористони Ибни Сино  яке аз беҳтарин бахшҳои ин бемористон ба шумор рафта, берун аз он низ шуҳрати зиёде дорад. Бахши мазкур бо таҷҳизоти ҷадид муҷаҳҳаз гардида ва ба мутахассисон имкон медиҳад бештари ҷарроҳиҳоро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Дар бахши ҷарроҳии умумии бемористон дар радифи ҷарроҳии фатқ ҳамчунин амалҳои лапроскопии санги талхадон, гемангиомаи ҷигар, бемориҳои вобаста ба рӯдаву меъда, барчидани омосҳои хушхим ва амалиёти ҷарроҳии ҷоғар (зоб) анҷом мешаванд. 

Тавре ки зикр намудем, аксари ин амалҳои ҷарроҳӣ бо таҷҳизоти замонавӣ анҷом мешаванд, ки дар кайфият ва натиҷаи амалиёт таъсири мусбат мегузорад. Ҳазинаҳои ҷарроҳӣ низ дар бахши ҷарроҳии умумӣ арзон буда, бо дигар муассисаҳои табобатии кишвар чандон тафовуте надорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст