{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Эндоскопӣ ва колоноскопӣ

Дар бахши гастроэнтерологи бемористон муоина, ташхисоти иловагӣ бо гузаронидани фиброгастродуоденоскопӣ, колоноскопӣ, намунабардорӣ ( биопсия) аз пардаи луобии системи ҳозима ва инчунин  таҳияи дармони маводӣ, дармонҳои эндоскопӣ, аз ҷумла полипэктомӣ, дармони аххалазӣ ё тазриқи бутокс, гузоштани стент ва баллон дар мавзеи тангшуда, берун кардани ҷисмҳои бегона, тазриқи захм бо мақсади манъ кардани хунравӣ. 

Нишондодҳо барои гузаронидани амалиёти фиброгастродуоденоскопӣ:

-  дилбеҳузурӣ ва кайкунии сабабаш номаълум;

- эҳсоси дард ва душворӣ ҳангоми фурӯбарии хӯрок (дисфагия);

- камхунии сабабаш номаълум;

- беиштиҳоӣ, заъф ва камшавии вазн бештар аз 3 кг дар як моҳ;

- мадфуи сиёҳранг давоми 2-3 рӯзи охир;

- афроди аз 45 сола боло, ки алоими дард  дар нохияи шикам  ва атрофи ноф дорад.

 -эҳсоси пурбудани  шикам  ва дамиш;

 -зардаҷӯшии давомнок;

Нишондод барои колоноскопӣ:

- исҳоли  давомдор бо омехтаи хун  ва ё бидуни он, бештар аз 2 ҳафта;

- қабзият, ки ба таъсири дору ҷавоб намедиҳад;

- афроди болои 50 сол;

- афроде, ки ирсияташ нисбати бемориҳои саратон мусбӣ аст;

 Дар утоқи эндоскопӣ хидматҳои зерин дар шароити муфид  ироа шудааст:

- равиши бедарди амал зери беҳискунии ( анестезияи) сатҳӣ;

- безарагардонии комил;

- истифодаи либосҳои якбормасраф;

- сабти равиши амал дар диск ё флаш;

- хулосаи амали ташхисӣ дар варақаи махсус бо аксҳо дода мешавад;

Духтур  Арсалон Ғавсӣ  асиситент-профессори бемориҳои дарунӣ, гастроэнтеролог ва эндоскопист бо собикаи кории  17 сола мебошад.

Дар донишкадаи тибии донишгоҳи давлатии вилояти Балхи Афғонистон таҳсил намуда, дар Малайзия такмили ихтисос гузаштааст.  

  Айни ҳол  дар Бемористони Ибни Сино, бахши гастроэнтерологӣ фаъолият мекунад.

 Ба муолиҷаи бемориҳои системи ҳозима: бемориҳои сурхрӯда, меъда, ғадуди зери меъда, ҷигару талхадон ва рӯдаҳо машғул аст. Дар дармони гепатитҳои вирусӣ ва ғайривирусӣ таҷрибаи бой ва маҳорати  хуб дорад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст