{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Эндопротезҳои ширкати "Surgival" дар Бемористони Ибни Сино

Иваз ё ҷойгузинии мафсал дар мавзеъи косу рон ва зону бо истифода аз эндопротезҳои босифат дар Бемористони Ибни Сино замонат медиҳад, ки сатҳи беҳзистии шумо боло бурда шавад!

Эндопротезгузорӣ яке аз равишҳои навин ва замонавии рафъи бемориҳои лаган ё косу рон, ба монанди коксартроз, артрози буғуми зонуҳо, дисплазия, некрози сараки рон ва шикастагии гарданаки устухони рон ба шумор меравад, ки метавонад инсонро барои ҳамеша аз маълулӣ наҷот диҳад.

Бемористони Ибни Сино аз умдатарин марокизи дармонӣ барои пайвандсозӣ ва гузоштани эндопротези мафосил дар кишвар маҳсуб мешавад. Клиникаи мо аз соли 2014 ба ин сӯ бо ширкати байналмилалии тавлиди эндопротезҳо дар кишвари Испониё мавсум ба Surgival ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Ширкати мазкур ҳудуди ҳаштод сол аст, ки ба тавлиди эндопротезҳо машғул буда, ба даҳҳо кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро содир мекунад.

Таҷрибаи ҳамкории Бемористони Ибни Сино бо ин ширкат нишон медиҳад, ки маҳсулоти тавлиди он бисёр босифат ва тӯлонимуддат буда ва афроде, ки дар ин бемористон ҷарроҳии пайвандсозии мафосилро анҷом додаанд, бисёр розӣ ҳастанд.

Муҳлати корбурд ва истифода аз ҳар эндопротез 15 сол кафолат дода шудааст, аммо таҷрибаҳо нишон дода, ки тавлидоти ин ширкат бештар аз ин муддатзамон ҳам метавонад хидмат кунад.

Маҳсулоти бокайфият ва хидмати мутахассисони сатҳи байналмилалӣ кафили саломатии шумост!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст