{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Мавзуъ: Дисфунксияи эректилӣ (бо ин мафҳум дар илми тиб, нотавонии ҷинсӣ (импотенсия), халал дар нерӯи  шаҳвонӣ, вайроншавии инзол (эякулятсия) ва ғ. ро ифода мекунанд).

Нотавонии ҷинсӣ ё дисфунксияи эректилӣ  имрӯз яке аз мушкилоти мубрами соҳаи урологӣ ба шумор меравад. Одатан ин маризи бештар дар мардони миёнасол вомехӯрд, аммо вақтҳои охир, дисфунксияи эректилӣ дар мардони синну солашон ҷавон низ зиёд дида мешавад.

Сабабҳои пайдоиши ин беморӣ гуногун буда, мутахассисон онҳоро ба чанд даста тақсимбандӣ намудаанд.

Сабабҳо:

Дастаи аввал сабабҳои психогенӣ (равонпарешӣ) ё нейрогенӣ ба шумор мераванд.

- ба ин даста бемориҳои гуногуни неврологӣ ё системаи марказии асаб аз қабили: хастагии асаб, неврозҳо, бемории зиқӣ ё депрессия, бемориҳои омоси мағзи сар ва ҳароммагз, эпилепсия, бемории Паркинсон, мавҷудияти тарс дар бадан, осебҳои косахонаи мағзи сар ва ҳароммағзи сутунмӯҳра дохил мешаванд. Ин бемориҳо ба гузаронандагии импулсҳо аз узвҳо ба марказ халал ворид карда, ба вайроншавии мутамарказшавии ҳиссиёт оварда мерасонанд.

Дастаи дуввум бемориҳои системаи эндокринӣ мебошанд.

- ба инҳо диабети қанд (ки яке аз оризаҳои ҷиддии ин бемори нейропатия ва ангиопатияҳо мебошанд), бемориҳои ғадуди сипаршакл ба монанди; тиреотоксикоз, гипотиреоз ва инчунин гиперпролактинемия ва бемориҳои ғадудҳои болои гурда ва ғ. дохил мегарданд.

Дастаи саввум сабабҳои органикӣ ё функсионалӣ номбар шудаанд. 

- ба ин даста бемории Пейронӣ (ки бо пайдошавии пилокҳо ва фиброз дар бофтаҳои узви ҷинсӣ ҷараён мегирад), осебҳо ва ҷарроҳиҳо дар узвҳои беруна ва дохилаи ҷинсӣ (ки ин ба тағйиротҳои вазъияти ҳормонӣ ва ба вайроншавии гардиши хун дар узвҳои ҷинсӣ оварда  мерасонад), осеб ва инҳирофоти модарзодӣ дар узвҳои ҷинсӣ ва бемориҳои омосии узвҳои ҷинсӣ шомил мешаванд.

Ва ба дастаи чорум таъсири моддаҳои самъӣ, аз қабили истеъмоли нодурусти нӯшокиҳои спиртӣ ва истеъмоли нодурусти дорувориҳо ворид мегарданд, ки ин ҳам ба вайроншавии мубодила ва синтези ҳормонҳои ҷинсӣ мусоидат мекунад.

Аломатҳои асосии ин беморӣ бошанд, нотавонии ҷинсӣ, инзоли бармаҳал, вайроншавии инзол, сустии эрексия (нууз), сустии тамоюли ҷинсӣ ва дар баъзе беморон  вайроншавии ҳолати равонӣ ва вегетатсия номбар шудаанд.

Ташхис: Ташхиси дурусти ин беморӣ баъд аз муоинаи ҳамаҷонибаи табиб, яъне ҷамъоварии анамнези пурраи бемор, муоинаи физикалӣ ва функсионалӣ ва ба даст овардани натиҷаи озмоишоти лозима гузошта мешавад.

Табобат: Табобат пас аз гузоштани ташхиси пурра ва муайянсозии сабаби асосии беморӣ шурӯъ мегардад. Табобати беморӣ комплексӣ (яъне ҳам табобати этиологӣ, ҳам патогенетикӣ, ҳам ба эътидол даровардани ҳолати асабию руҳии беморон ва ҳам барқарор кардани эътидоли ҳормонӣ дар организм) буда, асосан бо усули доругӣ ба роҳ монда мешавад ва давомнокии давраи табобатро бошад, табиб муайян менамояд. 

Ва дар хотима мехоҳам ба азизон тазаккур диҳам, ки роҳи асосии пешгирии ин беморӣ бурдани тарзи ҳаёти солим мебошад ва ба ҳамин хотир, барои мубтало нашудан ба дисфунксияи эректилӣ тарзи хаёти солимро пеша кунед. Ташаккур!

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст