{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дармони интервенсионӣ равиши бисёр муассир ва камхазми боз кардани шараёнҳои бастаи дил ва даричаҳои он, рагҳои гардан, рагҳои мағзи сар, рагҳои гурда ва пойҳо мебошад.

Бархе аз нуқсҳои пайдошудаи дилро ҳам метавон бо роҳи интервенсионӣ дармон кард. 

Муҳимтар аз ҳама, сактаи қалбиро мешавад дар зарфи чанд дақиқа бо анжиопластӣ, ки яке аз бахшҳои табобати интервенсионӣ аст, дармон кард ва инсонро аз марг наҷот дод. Ҳангоми ин амал як сими хеле борик ба андозаи мӯ вориди раги коронарӣ шуда, сипас балону стент ба девораи раги басташуда гузошта мешавад. Дар натиҷа раги масдудшуда боз мегардад. Ин равиш имрӯз дар ҷаҳон ҷойгузини ҷарроҳии қалби боз шудааст. 

Дармони интервенсионӣ инчунин равиши валвулопластик ва аблатсияро низ фаро мегирад. 

Амали валвулопластикро барои боз кардани даричаҳои митралӣ ва шушии дил ва бартараф кардани баъзе аз нуқсҳои пайдошудаи дил анҷом медиҳанд.

Дармони дигари интервенсионӣ ин аблятсия мебошад. Бо ин равиш зарабони аз меъер зиёди дил ва аритмияҳои гуногун табобат мешаванд. Ҳангоми аблятсия манбаи аритмияҳо бо васоили махсус сӯзонда мешаванд.  

Иттилоъи бештарро дар бораи равишҳои дармони камзахми дил ин ҷо бихонед.

Маълумот дар бораи нархи пазироии мутахассисони қалб ва нархи дармони камзахми дилро донистан мехоҳед, ба ин пайванд сар бизанед.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст