{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дар кадом маврид ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ муроҷиат намудан лозим аст?

Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ бештар барои ба эътидол овардани ҳолати бемороне, ки ба бӯҳрони фишорбаландӣ ё норасоии дил дучор гардидаанд, нафарони маҷрӯҳ ва шахсоне, ки таби баланд доранд, аз ғизо заҳролуд шудаанд ва дигар ҳолатҳои оҷилӣ, пешбинӣ гардидааст.

Ба ҳар сурат дар кадом маврид ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ муроҷиат намудан лозим аст? Дар ин бора масъули шӯъбаи ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино Ҳамроалиева Ноҳида чунин шарҳ медиҳад: 

- Агар Шумо пай бурда бошед, ки ҳолататон дахолати оҷилии духтурро тақозо менамояд, ҳатман бояд ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ муроҷиат намоед. Чӣ гуна бояд пайхас намуд, ки ҳолати бавуҷудомада фаврӣ аст? Пеш аз ҳама ба нишонаҳои бемор аҳамият диҳед: 

• нафаскашии вазнин; 

• дард ё фишор дар қафаси сина ва қисмати болоии шикам;

• аз ҳуш рафтан, сарчархзанӣ, заифӣ;

• якбора бад шудани биноиш, то дараҷае, ки имконияти нигоҳ кардан вуҷуд надорад;

• ҳазён, гуфтори сафсатаомез ва дигаргуншавии шуури бемор;

• дарди шадид;

• хунравии идоранашаванда;

• дарунравӣ ва қайкунии пайваста;

• сулфа ё қайкунии хунолуд;

• мушкилӣ ҳангоми суханронӣ ва ҷунбонидани дастону пойҳо;

• ҳолати нохуш ё аз баландӣ афтидан;

• дигар мушкилоте, ки дахолати оҷилии пизишкро тақозо менамояд; 

Қисмати зиёди беморони Бемористони Ибни Сино аз хизматрасонии шӯъбаи ёрии таъҷилӣ истифода мекунанд. Аслан ба мо беморон бо фишори баланди хун, шамолхӯрӣ, бо таби баланди бадан ё бӯҳрони норасоии кори дил муроҷиат менамоянд. Ҳамаи онҳо дар давоми 6 соат ба ташхису табобат фаро гирифта мешаванд ва баъд аз гирифтани хулосаи пизишк ё ба дигар шӯъба гузаронида мешаванд ё ба хонаҳояшон ҷавоб дода мешаванд. 

Бахши ёрии таъҷилии Бемористони Ибни Сино шабонарӯзӣ, бидуни истироҳат фаъолият карда, доим бо пизишкони навбатдор ва кормандон таъмин мебошад. Инчунин мошини ёрии таъҷилӣ низ аз ҷузъҳои бахши ёрии таъҷилӣ буда, барои расонидани маризони вазнин омодааст. Худи мошин ҳам бо таҷҳизоти ҳаётнигоҳдоранда муҷаҳҳаз аст.  

Барои дархости кӯмак ба ин рақамҳо занг занед: 

+992902550303

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст