{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дандонбарорӣ кӯдакро инҷиқу гирёнчак мекунад?

Дандонбарорӣ яке аз рӯйдодҳои асосии соли аввали ҳаёти кӯдак ва марҳилаи муҳими рушди физиологии ӯ маҳсуб меёбад. Ин ҳолат ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои модарон давраи душвор мебошад. Зеро ҳолати аксари кӯдакон куллан тағйир ёфта, милки дандонҳо сурх шуда, варам мекунад. Ҳамчунин,  иштиҳояш баста шуда, реҷаи хобаш тағйир меёбад. Ҳарорати бадан баланд ва  оромиаш муваққатан гум мешавад. Дар баробари ин,  тағйир ёфтани  шакл ва ранги ахлоти кӯдак дида мешавад, яъне ба ибораи маъмул “шикамрав” мешавад.  Дар қисме аз кӯдакон оби даҳон зиёд  мешавад, ки аз таъсири он пӯсти атрофи даҳонашон сурх шуда, ҳангоми тоза кардан дард мекунад.

Дандонҳои ширӣ

Аввалин дандонҳое, ки тифл дар семоҳаи дуюми баъд аз таваллуд мебарорад, онро дандонҳои ширӣ ҳам мегӯянд. Аксарияти онҳо баъд аз 6-7 солагӣ меафтанд ва ба ҷои онҳо дандонҳои наву мустаҳкам барои ҳаёти минбаъдаи инсон мебарояд. 

Ба саволи он ки кӯдакони солим  дар чанд моҳагӣ аввалин дандони худро мебароранд, Ноҳида Ҳамраалиева, духтури умумии Бемористони Ибни Сино чунин гуфт: “Дандонбарории кӯдакон синну соли муайян надорад. Баъзеи тифлакон дар 4 моҳагӣ аввалин дандони худро мебароранд. Дар ин миён кӯдаконе низ ҳастанд,  ки инкишофёбиашон хуб аст, аммо дертар дандон мебароранд. Аз нуқтаи назари тиб дар ин раванд омилҳои ирсӣ низ таъсири худро мегузорад. Норасогии калсий ва бемории рахит яке аз сабабҳои дигари дер баровардани дандон мебошад.”

Аввалин дандони кӯдак

Одатан дандонҳои аввал дар ҷоғи поён ва сипас дар ҷоғи болои даҳон пайдо мешавад. Тибқи оморҳои интернетӣ дар 6-8 моҳагӣ ду дандони аввалини марказии ҷоғи поён пайдо мешавад. Ду дандони марказии ҷоғи боло низ дар охири 8 моҳагӣ мебарояд. Дар синни 8-12 моҳагӣ дандонҳои паҳлуии ҷоғи болову поён баромада, дар 14 -20 моҳагӣ чор дандони хояндаашро низ мебарорад. Кӯдаконе, ки шири модарро мехӯранд, дандонҳояшон нисбат ба кӯдакони шири сунъӣ истеъмолкунанда мустаҳкамтар аст.

Марҳилаи дандонбарорӣ дар қисме аз кӯдакон бедард анҷом меёбад. Мутахассиси Бемористони Инбни Сино, Ноҳида Ҳамраалиева ин ҳолатро аз солимии тифл баҳо намедиҳад. Ӯ дар суҳбат ба мо афзуд, ки табиатан кӯдаконе ҳастанд, ки дар вақти дандонбарориашон мушкилии зиёд надоранд ва ҳатто волидонашон нороҳатии фарзандашонро ҳис намекунанд. Вале ҳолатҳои баръакс ҳам мушоҳида шудааст, ки ҳар як данодоне, ки мебарорад, тифл дарду ранҷи зиёдро аз сар мегузаронад.

Хориши милки дандонро чӣ тавр мешавад кам кард?

Аз он ки дандонбарорӣ марҳилаи дардовар аст, ҳамеша бо кӯдак будани модар ва дастгирӣ кардани ӯ муфид аст.  Барои мулоим кардани милки дандонҳо, духтурони кӯдакон ва  дандопизишкон гелҳо ва равғану нӯшдоруҳои сабуккунандаи дардро тавсия медиҳанд, ки то андозае таъсири мусбат мерасонад. Барои рафъ ё кам кардани хориши милки дандон бозичаҳо ва ҳалқачаҳои резинӣ, ки кӯдак онро хоида метавонад, тавсия дода мешавад.

Аломатҳои хатарноки дандонбарорӣ кадом аст?

Ноҳида Ҳамраалиева дар мавриди аломатҳои хатарнокии ин давраи ҳаёти кӯдак чунин гуфт: “Аз сабаби он ки кӯдакон бештар ашёҳои дар наздашон бударо ба даҳон меандозанд, ба ин восита микробу бактерияҳо ба организми онҳо ворид шуда, ба дарунравӣ оварда мерасонад. Яке аз аломатҳои хатарнок дар давраи дандонбарорӣ, маҳз дарунравӣ мебошад. Меъёри муайяни шикамравӣ дар як шабонарӯз 2-3 маротиба буда, аз ин шумора зиёд шудани дарунравӣ ба ҳаёти кӯдак хеле хатарнок аст. Дар ин ҳолат ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.

Барои кам кардани ҳолатҳои ногувор волидонро зарур аст, ки баъд аз шаш моҳагӣ ба кӯдак ғизои иловагӣ диҳанд. Бо ин усул метавонанд, организми тифлашонро барои мубориза бурдан бо омилҳои беруна омода намоянд. Бояд донист, ки солимии кӯдакон аз ғизои солим вобаста буда, онҳоро аз гирифторшавии ҳамагуна бемориҳо нигоҳ медорад.”

Чӣ бояд кард, то дандонҳо солим ва зебо шаванд?

Ҳамаи падару модарон орзу мекунанд, ки фарзандашон дандонҳои солим ва зебо дошта бошанд. То 1 солагии тифл дандонҳо нигоҳубини махсусро талаб намекунад. Аз он ки дандонҳои кӯдаконро шӯстан ғайриимкон аст, баъди тановули ғизо ба ӯ оби нимгарм додан кифоя аст.

Дар баробари ин дандонпизишкон ва духтурони оилавӣ тавсия медиҳанд, ки барои дандонҳои солиму зебо доштани тифлатон тавсияҳое, ки мутахассисон медиҳанд, иҷро кунед.  Модаронро зарур аст, ки кӯдакро аз синни барвақтӣ аз шиша (бутилка)- ҳое, ки об менӯшанд, ҷудо намоянд. Миқдори истеъмоли маҳсулоти ширинро кам кунанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба мутахассис муроҷиат намоянд.   

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст