{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Дакриосистит

Дакриосистит як бемории илтиҳобии чашм аст. Патология дар заминаи стеноз (тангшавии)-и канали ашкӣ инкишоф меёбад, ки дар он халтаи ашкӣ осеб мебинад. Одатан, чашмони одам барои шустани гавҳараки чашм пайваста моеъ тавлид мекунанд. Агар ба чашм муҳити беруна таъсири манфӣ расонад - дар ҳавои шамол, ҳангоми вориди луобпарда шудани ҷисми бегона, агар таъсири аллергенхо ҳис карда шавад, ғадудҳои ашкӣ пурзуртар фаъолият мекунанд ва конъюнктивит ривоҷ меёбад. Табиист, ки моеъи ашкӣ ба канали ашкӣ ҷорӣ мешавад, ки даҳонаи он ба самти дохил боз мешавад, ки дар пилкони поён ва болоии ҳар як чашм ҷойгир аст. Одатан, агар даҳонаҳои ашкӣ баста нашуда бошанд ва каналҳо ба қадри кофӣ васеъ бошанд, моеъ аз он ҷо ба канали ашкии бинӣ ворид шуда, ба холигоҳи бинӣ хориҷ мешавад.

Дакриосистит бо монеаи канали ашкии бинӣ алоқаманд аст. Дар ин ҳолат, моеъ роҳҳои хориҷшавӣ надорад ва аз ин рӯ, дар халтаи ашкӣ, ки дар қисми болоии канал ҷойгир аст, ҷамъ мешавад. Вақте ки моеъи ашкӣ рокид мешавад, сироят пайдо мешавад, микрофлораи патогенӣ инкишоф меёбад ва раванди илтиҳобӣ оғоз меёбад, ки онро дар офталмология (чашмпизишкӣ) дакриосистит меноманд.

Ин беморӣ асосан дар калонсолон рух медиҳад ва бештари ҳолатҳо гирифторони ин беморӣ одамони синни қобили меҳнат, аксаран нафақахӯрон мебошанд. Қобили зикр аст, ки аксар вақт занон аз илтиҳоби халтаи ашкӣ азоб мекашанд - канали онҳо тангтар аст, бинобар, ин он ба басташавӣ майл дорад. Агар дакриосистит дар кӯдакон ташхис карда шавад, пас одатан патология табиати модарзодӣ дорад ва бо тангшавии патологии канали ашкӣ ё сироят дар бачадон ё ҳангоми гузаштан аз канали таваллуди модар алоқаманд аст.

САБАБҲОИ ИНКИШОФИ ДАКРИОСИСТИТ

Сабабҳои беморӣ дар калонсолон ва кӯдакон гуногунанд. Сабабҳои гирифтор шудани калонсолон ба ин беморӣ бисёр мебошанд ва ба гурӯҳи чунин сабабҳо инчунин як қатор омилҳое, ки метавонанд патологияро ба вуҷуд оранд, дохил мешаванд.

Дакриосистит метавонад бо сабабҳои зерин инкишоф ёбад:

мавҷудияти полипҳо ва синуситҳо дар бинӣ, ки ҳангоми варам кардан ба канали ашкии бинӣ фишор меоваранд ва дар он ҷо рукуди моеъро ба вуҷуд меоранд ва ҷараёни онро халалдор мекунанд;

ринитҳои аллергӣ, навъи вазомоторӣ ва гипертрофӣ, ки бо варами пардаи луобпарда алоқаманданд - синусит - этмоидит ё гайморит;

осеб ба тавораи бинӣ;

ворид шудани ҷисми бегона ба чашм;

патологияҳои вирусӣ ё сироятӣ, ки ба луобпарда таъсир мерасонанд, ба монанди конъюнктивит;

осеби пилкони чашм дар минтақаи канали ашкии бинӣ;

неоплазмаҳои варамӣ.

Омилҳои рушди дакриосистит пастшавии иммунитет, аксуламалҳои аллергӣ мебошанд, ки дар байни онҳо ринит ва конъюнктивит, паст шудани қобилияти муҳофизатии бадан, патологияҳои шадиди музмин, бемориҳои системавӣ, аз қабили диабети қанд, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, кор дар шароити зарароварро метавон ном бурд.

Сабабҳои гирифторӣ ба дакриосистит дар кӯдакон гуногунанд. Зуҳуроти патологияро дар 8-10 рӯз пас аз таваллуд мушоҳида кардан мумкин аст. Духтурон қайд мекунанд, ки омили зайл боиси дакриосистит шаванд:

патологияҳои модарзодии канали ашкии бинӣ (ҳамҷӯшӣ, тангшавӣ);

тартиби нодурусти сӯрохиҳо, ки ҷараёни муътадили моеъро душвор мегардонад;

таъхир дар боз шудани як қисми устухон дар наздикии системаи бинӣ-ашкӣ;

сироят ҳангоми таваллуд - сифилис, герпес, хламидиоз, стафилококк ё стрептококк.

Инчунин, таснифоти патологӣ бемориро на танҳо аз рӯи хусусияти даврӣ, балки вобаста ба сабабҳои пайдоиш низ тақсим мекунад. Дакриосистит намудҳои зеринро дорад:

пас аз осебпазирӣ;

вирусӣ;

паразитӣ;

бактериявӣ;

микотикӣ;

хламидиалӣ;

аллергиявӣ.

Ҳангоми муоинаи бемор, духтур ташхиси дифференсиалиро бо дигар патологияҳои чашм, пеш аз ҳама конъюнктивитҳои бактериявӣ мегузаронад, ки нишонаҳои он ба дакриосистит шабоҳат доранд, аммо сабабҳо гуногунанд ва аз ин рӯ тактикаи табобат гуногун аст.

ХУСУСИЯТҲОИ ТАБОБАТИ ДАКРИОСИСТИТ

Табобати беморӣ метавонад консервативӣ ё ҷарроҳӣ бошад. Дар марҳилаи ибтидоии патология, вақте ки духтур сабаби дакриосиститро муайян мекунад, имкони хубе вуҷуд дорад, ки бо муоличаи чаррохи бо тарзи дакриосисториностомия гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст