{{companyName} Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Copyright ©2020 Бемористони Байналмиллалии Ибни Сино

Остеопороз ин патологияи устухон, бофт ва пайвандакҳо аст, ки дар натиҷаи камшавии сатҳи калсиюми бадан ба сустӣ ва камқувватии устухон оварда мерасонад. Сабаби асосии пайдоиши остеопороз истифодаи нодурусти ғизо ва вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм ба ҳисоб меравад.

Истеъмоли зиёди обҳои газнок, нӯшидани чой ҳангоми хурокхӯрӣ, ба ҷазб нашудани моддаҳои лозимӣ сабабгор мешавад ва ба камбуди калсиум дар бадан меорад. Ғайр аз ин зиёд истеъмол кардани қаҳва ва нӯшокиҳои спиртӣ низ сабаби ин маризӣ шуда метавонанд.

Сабаби дигар гиподинамия ё камҳаракатӣ мебошад. Аз ҷумла мунтазам сайру гашт накардан ва бисёр нишастан ҳангоми фаъолияти корӣ низ ба остеопороз оварда метавонад. 

Аломатҳои остеопороз дардҳои қисмати камар, ҳангоми саҳар аз хоб хестан карахтии бадан ва дардмандии он, каҷшавии мӯҳраҳо ва пастшавии қади бемор мебошад. Остеопороз дар марҳалаи аввал метавонад бидуни аломат то 10-сол идома ёбад.
Остеопорозро ба ду намуд якумдараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо мекунанд.

Ба намуди якум пайдоиши отеопороз дар ин ҳолатҳо дохил мешаванд: бо фарорасии менопауза; дар пиронсолӣ; идиопатикӣ дар шахсони синну соли миёна ва ювинилӣ дар шахсони то синни 18-сола;

Ба намуди дуввум маризоне, ки дар асари бемориҳои эндокринологӣ, ревматоидӣ, роҳҳои хӯрок, бемориҳои гурда, бемориҳои хун ва ғайра ба остеопороз гирифтор шудаанд, дохил мешаванд.

Барои мубтало нашудан ба ин беморӣ сайругашт дар ҳавои тоза саҳар ва бегоҳ ба масофаи на камтар аз 5-километр тавсия дода мешавад. Инчунин истифода аз ҳавои офтобӣ барои қабули витамини Д муфид аст. Тарзи дурусти истифодаи ғизо низ ба пешгирии ин маризӣ мусоидат мекунад.

Ҳамон тавре ки гуфтем дар вақти хурдани ғизо нӯшидани нӯшокиҳо тавсия дода намешавад, ғайр аз ин истеъмоли маҳсулоти ширӣ ва лӯбиёгӣ аз калсиюм бой мебошанд.

Ба касоне, ки аллакай ба ин маризӣ гирифтор шудаанд тавсия медиҳам, ки ба мутахассисон муроҷиат кунанд. Ташхис ва табобати остеопороз вобаста ба намуди он таъин карда мешавад.

Барчаспҳо:


Назари худро нависед

Барои навиштани назар, ба сойт дохил шудан зарур аст




Назарҳо

Зери ин блог ягон назар илова карда нашудааст